Ҳазорон фаластинӣ имрӯз (ҷумъа) намози Иди саиди Фитрро дар Масҷидулақсо, воқеъ дар шаҳри Қудс иқома карданд.
Ба нақл аз расонаҳои арабӣ, наздик ба 120 ҳазор фаластинӣ аз нахустин соатҳои бомдоди имрӯз (ҷумъа) барои иқомаи намози Иди Фитр худро ба Масҷидулақсо расонданд.
Намозгузорони фаластинӣ ба рағми тадобири шадиди амниятии артиши режими саҳюнистӣ ба нишонаи таъкид бар пойбандии худ ба ҳувияти исломии Масҷидулақсо ва омодагӣ барои ҳиросат аз ин макони муқаддас нуқта нуқтаи ин масҷидро пур карданд. https://tajikpress.com/2023/04/21/%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%b3%d1%83%d0%b7%d0%be%d1%80%d0%b8%d0%b8-%d0%bd%d0%b0%d0%bc%d0%be%d0%b7%d0%b8-%d0%b8%d0%b4%d0%b8-%d1%84%d0%b8%d1%82%d1%80-%d0%b1%d0%be-%d2%b3%d1%83%d0%b7%d1%83%d1%80%d0%b8-%d0%b4/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев