Таҳлилгарону нозирони сиёсӣ, сафари вазири хориҷаи Арабистони Саудӣ ба Сурия пас аз 12 соли қатъи робитаи Риёз бо Димишқро дорои ҷанбаҳои муҳимми сиёсӣ ва иқтисодӣ медонанд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Вазири хориҷаи Арабистон баъд аз 12 соли қатъи робита бо Сурия рӯзи гузашта ба Димишқ сафар ва бо Башшор Асад, президенти ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.
Ин дидор дар нахустин сафари расмии яке аз мақомоти расмии Арабистони Саудӣ ба Сурия баъд аз оғози ҷанги ҳамаҷониба алайҳи ин кишвар буд.
Вебгоҳи Ал-аҳд, бо нашри ёддоште навишт: ба назар мерасад Арабистони Саудӣ барои варақ задани дафтари ҷанги Сурия ҷаддӣ аст ва сафари вазири хориҷаи Саудӣ ба Димишқ ва пеш аз он истиқболи Риёз аз вазири умури хориҷаи Сурия дар ҳамин чорчуб аст. https://tajikpress.com/2023/04/20/%d2%b7%d0%b0%d0%bd%d0%b1%d0%b0%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d1%81%d0%b8%d1%91%d1%81%d3%a3-%d0%b2%d0%b0-%d0%b8%d2%9b%d1%82%d0%b8%d1%81%d0%be%d0%b4%d0%b8%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d1%84%d0%b0%d1%80%d0%b8-%d0%b0%d1%80/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев