меафзояд?
-А
+А
Интишор шуд: 16 апрел,
2013 -
08:23
Чоп кунед Ба дигарон
фиристед Фишорҳои
Кремлини аҳди Путин
болои Тоҷикистон ва
муҳоҷирони
тоҷик ба ҳадди ифрот
расиданд. Дар
ҳоле, ки қатораҳои
наздишаҳрии
Русия ифлостарин
қатораҳо дар
дунё маҳсуб мешаванд,
муовини сарвазири Русия
Дмитрий Рогозин ,
ки масъули маҷмаи
ҳарбию
истеҳсолии Русия
мебошад, дар
рӯзи сафари Ислом
Каримов ба
Маскав аз поезди
Душанбе-Маскав
дидан карда, онро
ъчиркинтаринъ дарёфту
якҷоя бо Хадамоти
сарҳадии ФСБ-и Русия
пешниҳод
дошт, ки ин хатсайрро
қатъ кунанд
ва нагзоранд, ки тоҷикон
ба
шиносномаҳои дохилӣ
вориди
Русия шаванд.... Ҳукумати
Тоҷикистон мисли
ҳамешагӣ ҳанӯз
хомӯш аст... Корхонаи
воҳиди давлатии “Роҳи
оҳани Тоҷикистон”
мегӯяд, аз
ҳадафҳои Хадамоти
сарҳадии Русия
дар хусуси эҳтимоли қатъ
шудани
рафтуомад тариқи роҳи
оҳан миёни
Тоҷикистон ва Русия
огоҳ нестанду ҳанӯз, ки
ба вуруди вагонҳои
тоҷикӣ
монеае пеш наомадааст,
гап задан
барвақт аст. Владимир
Собкалов, муовини раиси
КВД “Роҳи оҳани
Тоҷикистон” ба
ТойНешс гуфт: “Аз ин
иқдом тавассути
васоити ахбори омма
хабар ёфтем.
Ҳоло барои чизе гуфтан
вақт
мехоҳад.То ҳол
қатораҳои Тоҷикистон
барнагаштаанд, барои
ҳамин, мо чизе гуфта
наметавонем.
Мушкили ворид
нашудани
қатораҳои Тоҷикистон ба
қаламрави
Русия рух надодааст...” Ин
ҳам дар ҳоле, ки дирӯз,
15-уми
апрел Идораи сарҳадии
Хадамоти
федералии амнияти
Русия
пешниҳод кард, ки то
замони
бартараф шудани
ъкамбудиҳои
ҷиддие, ки дар
қатораҳои Тоҷикистон
ошкор карда шудаандъ,
вуруди онҳо ба
қаламрави ин
кишвар манъ карда
шавад. Ин пешниҳод аз
забони Владимир
Мочалов, муовини раиси
марзбонони ФСБ, баъд аз
як ҷаласаи
сайёр дар истгоҳи роҳи
оҳани
Астрахан садо дод.
Хабаргузориҳои Русия
навиштаанд,
Дмитрий Рогозин,
муовини
сарвазири Русия ва
Геннадий
Онишенко, сардухтури
санитарии ин
кишвар, аз қатораҳои
Тоҷикистон
дидан карда, вагонҳои
тоҷикиро ътаҳдид ба
сиҳатии санитарии
миллати русъ унвон
кардаанд. Ин изҳорот дар
рӯзҳое садо дод, ки
Ислом Каримов,
президенти
Ӯзбакистон, дар Маскав
бо Владимир
Путин мулоқот дошт.
Коршиносони тоҷик
мегӯянд,
изҳороти ФСБ - Рогозин-
Онишенко
ҳадафи сиёсӣ дошта,
фишор болои
Эмомалӣ Раҳмон ва
Тоҷикистон буд. Абдулло
Давлатов, роҳбари
Иттиҳодияи тоҷикони
Русия, мегӯяд:
- Русия, албатта, дар
бозиҳои сиёсӣ
ба ҷойҳои заиф
мезанад. Ба қавли
худи русҳо, ъРвётся там,
где тоньшеъ.
Ба гумонам, масъалаҳое,
ки Русия мехоҳад дар
савдои
пешазинтихоботии
Тоҷикистон
манфиатҳои бештар
бардорад,
ҳамон ъРоғунъ,
Фурудгоҳи ҳарбии
ъАйнӣъ, баргаштан ба
сарҳад ва
амсоли инҳост. Ҳоло
Русия ба хубӣ
фаҳмидааст, ки
норозигии мардум аз
ҳукумати феълӣ
афзудааст, аз ин рӯ,
бо истифода аз ънармии
дипломатӣъ
фишор меорад, то суд
бигирад. Аммо, афсӯс, ки
Тоҷикистон дар ин
бозиҳо оҷиз аст ъ.
Идрис Идрисов, як
муҳоҷири
собиқадори тоҷик дар
Русия, ба
ТойНешс гуфт: “Маскав
ба Ислом
Каримов ҳушдор дод, ки
ин иқдом,
шояд, нисбати қатораҳои
Ӯзбакистон ҳам эълон
шавад. Вақтҳои охир
саркашии Тошканди
расмӣ Кремлинро дар
таҳлука нигоҳ
медорадъ. Аммо
коршинос Рустам Самиев
бар
он аст, ки ъКремлин, ки
ба осонӣ
қарордоди будубоши
Пойгоҳи 201-
ро гирифт, заифии
ҳукумати
Раҳмонро эҳсос карда,
акнун
мехоҳад имтиёзоти дигар
ҳам ба даст орад. Бастани
он қарордод ва
бо он шарту шароит ва он
ҳам то
интихоботи президентии
моҳи
ноябри соли ҷорӣ
иштибоҳи
калонтарини Ҳукумати
Тоҷикистон
буд, ки таъсираш боз
чанд соли дигар ҳам
хоҳад буд. Бо гузаштани
6 моҳ Русия ба ваъдааш
вафо
накард ва боҷи нафтиро
бекор
накард. Аксарият дар
Тоҷикистон
фикр мекунанд, ки бо
эътирофи он
қарордод аз ҷониби
парлумон хеле аз
мушкилот бо Русия ҳал
мешавад,
вале банда ба он боварам,
ки ин
ъҳанӯз аввали ишқъ аст.
Кремл
маҷбур аст, ки
фармоиши иҷтимоии
ҳалқи Русияро иҷро
карда,
муҳоҷирони тоҷикро
зеру забар кунадъ. Дар
ҳамин ҳол, Абдулло
Давлатов
мегӯяд, мушкили
вагонҳои
Тоҷикистонро низ набояд
нодида
гирифт: - Қатораҳои
Тоҷикистон
ангезандаи ягон беморӣ
нестанд ба
миллати рус. Мо
медонем, ки Дмитрий
Рогозин яке аз
миллатгароҳои рус аст,
ки замоне бо
пахши навори
пешазинтихоботӣ
ғайрирусҳоро таҳқир
мекард. Ва бо
ин роҳ машҳур шуда
буд. Геннадий Онишенко
як иҷрокунанда
аст, ин дафъа вай бо
фармоиши
Рогозин таҳдидро ҷоиз
донистааст.
Аммо қатораҳои
Тоҷикистон низ то
ҷое боиси шармсории
кишвар
ҳастанд. Инро бояд
ошкор гуфт. Бояд
Тоҷикистон дар
муносибаташ
бо Русия ба майдон
мутахассисон ва
нафарони арзандаро
барорад. Бо ин
мансабдороне, ки
шиорашон
ъхудам шоҳу табъам
вазиръ мо
минбаъд низ аз ким-
кадом “маймунбоз”,
мисли Галустяну
Рогозинҳо тамасхур
хоҳем шудид.
http://m.odnoklassniki.ru/dk?st.cmd=altGroupMain&st.groupId=bofaojnzdvtmyahsax0rivxldvveojmbpoqw&_prevCmd=userAltGroups&tkn=2525
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев