Предыдущая публикация
Дилам аз баҳри тифлони ба хун оғушта месузад,
Барои мардуми Қудси ба ноҳақ кушта месузад.
Ҷигарҳо пур зи хун гаштанд амон аз гардиши имрӯз,
Ки то кай шамъи зулмат пешагон афрӯхта месузад.
Чаро лоф аз амонӣ мезанад созмони сулҳовар,
Ҳазорон меваҳои сабзу бас нопухта месузад.
Илоҳо аз ғазаб боре ба душманҳои худ бингар,
Ки қалби зиндаи моён зи ғам нокушта месузад.
Тавони мо Туи Ё Раб ба ҳоли худ намон моро,
Дилам аз баҳри чашмони ба ҳар сӯ духта месузад.
Илоҳо хонаи душман бисузад аз силоҳи худ,
Гилеми зери пои мо чаро нодухта месузад,
Тавоно ҷуз Ту дигар нест ба Иқболат таҳаммул деҳ,
Чи гуям ман ки ин ҳолат дили ошуфта месузад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев