Моҳи шарифи Рамазон-ро барои ҳар яки шумо муборак бод мегӯем. Бигзор дар ин моҳи муборак тамоми орзуҳои неки мову шумо ҷомаи амал пӯшад..!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Беҳтарин бофандагиҳо дар сухан,
Дар сари ҳар минбару ҳар анҷуман,
Банда ҳам, ки гар ғарибам Тоҷикам,
Дар Ватан дусти ҳамеша содиқам,
Пас ъинони шеърро гирам ба даст,
Пешворо васф созам ҳар чи ҳаст,
Бисту чор сол аст, ки он шоҳи шаҳон,
Раҳбари дорад ба мулки Тоҷикон,
То куҷо бурд мардумонро роҳбар,
Ман бигуям хизмати ӯ сар ба сар,
Гоми аввал куштани донишварон,
Ҷои онҳо то, ки биншонад харон,
Ҳар куҷое ӯ далеронро биҷуст,
Дастҳои хеш дар хуншон бишуст,
Кори дуюм ғорати мардум бикард,
Мардуми бечора сар дар гум бикард,
Ҳар куҷо сармояйе медид ба кас,
Гӯё ки шириниро дидаст магас,
Давр мезад даври моли мардумон,
Ҳама чиз мебурд ба яғмо бегумон,
Соҳиби молро ба зиндон менишонд,
Кудаконаш заҳри ятими мечашонд,
Сеюми кораш чунин буд ай ғариб,
Мардумонро аз Ватан кард бенасиб,
Номи аввал шуд ба мардум мардикор,
Дар ба дар оворагиву шармсор,
Дертар боз Равшану Ҷамшут шуданд,
Дар ғарибиҳо паи як қут шуданд,
Аз падар модар аг...ЕщёЭмом магас
Беҳтарин бофандагиҳо дар сухан,
Дар сари ҳар минбару ҳар анҷуман,
Банда ҳам, ки гар ғарибам Тоҷикам,
Дар Ватан дусти ҳамеша содиқам,
Пас ъинони шеърро гирам ба даст,
Пешворо васф созам ҳар чи ҳаст,
Бисту чор сол аст, ки он шоҳи шаҳон,
Раҳбари дорад ба мулки Тоҷикон,
То куҷо бурд мардумонро роҳбар,
Ман бигуям хизмати ӯ сар ба сар,
Гоми аввал куштани донишварон,
Ҷои онҳо то, ки биншонад харон,
Ҳар куҷое ӯ далеронро биҷуст,
Дастҳои хеш дар хуншон бишуст,
Кори дуюм ғорати мардум бикард,
Мардуми бечора сар дар гум бикард,
Ҳар куҷо сармояйе медид ба кас,
Гӯё ки шириниро дидаст магас,
Давр мезад даври моли мардумон,
Ҳама чиз мебурд ба яғмо бегумон,
Соҳиби молро ба зиндон менишонд,
Кудаконаш заҳри ятими мечашонд,
Сеюми кораш чунин буд ай ғариб,
Мардумонро аз Ватан кард бенасиб,
Номи аввал шуд ба мардум мардикор,
Дар ба дар оворагиву шармсор,
Дертар боз Равшану Ҷамшут шуданд,
Дар ғарибиҳо паи як қут шуданд,
Аз падар модар агар буданд ба дур,
З-ин уқубатҳо ҳануз буданд сабур,
То, ки шоҳаншоҳ он шоҳи шаҳон,
Чораҳо бошад биҷуяд баҳрашон,
Чораҳо албатта андешида аст,
У заминро бар Хитой бахшида аст,
Ҳамчу пешво номҳо дорад дигар,
Ман бигуям аз яке бошед хабар,
Номи нек, пурҳикматаш бошад Каду,
Лек ба Аллоҳу ба миллат аст ъаду,
Кори чорум ӯ дарони масҷид баст,
Даст ба шайтон доду низ бигрифт даст,
Чун, ки худ раққоса асту, овозхон,
У муридҳояш ба масҷид кард равон,
Дар масоҷид кохи рақсу бози шуд,
Шоҳкаду аз кори хайраш рози шуд,
Хайри ӯ аз баҳри муслим шар бувад,
Шоҳкадуро хулқу хуи хар бувад,
Маъзарат хоҳам зи ҳарфам дустон,
Хукро хар гуфтаам ман бегумон,
Кори панҷум барқ бошад масъала,
Дорад у Афғонситонро машъала,
Тоҷиконро нест зарурат рӯшани,
Бештар пул медиҳад Ашраф зани,
Ин каме буд ман бикардам ёдрас,
Қиссаҳову кори он Эмоммагас,
Менависам боз ман рӯзи дигар,
Қиссаҳои он шаҳи бедодгар.
Дустон бошед ҳамеша дар амон,
Ай Худоё деҳ зафар бар Тоҷикон.