Фильтр

Муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Эрон дар сатҳи олӣ қарор доранд.

Ин нуктаро ноиби аввали президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, Муҳаммад Ризо Ориф дар пайи мулоқот бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баён дошт.
Ориф қайд кард, ки иқтисоди Тоҷикистону Эрон метавонанд ҳамдигарро пурра кунанд.
Лағви раводид миёни Тоҷикистону Эрон рафтуомад ва рушди фаъоли бахши хусусиро такон хоҳад бахшид, афзуд ӯ.
Муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Эрон дар сатҳи олӣ қарор доранд. - 960998502555
  • Класс

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода вориди Теҳрон шуд.

Ӯро ноиби аввали президенти Эрон, Муҳаммад Ризо Ориф пешвоз гирифт.
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода вориди Теҳрон шуд. - 960996985499
  • Класс

Духтари тоҷик барандаи озмуни умумирусиягии эҷодии “Ҳунарманди мардумӣ – 2025” дар Маскав гардид.

Зебинисо Исмоилова ҳамчун таълимгирандаи Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе рақси миллиро пешкаши тамошобинон намуд. Бо қарори ҳакамон духтарак дар номинатсияи “Хореография” барандаи ҷойи аввал гардид.
Ғолибро табрик мекунем!
Духтари тоҷик барандаи озмуни умумирусиягии эҷодии “Ҳунарманди мардумӣ – 2025” дар Маскав гардид. - 960996856731
Духтари тоҷик барандаи озмуни умумирусиягии эҷодии “Ҳунарманди мардумӣ – 2025” дар Маскав гардид. - 960996856731
  • Класс

Чӣ гуна сарбозони шӯравӣ нерӯҳои "Эделвайс"-ро Элбрус ронданд?

Моҳи феврали соли 1943 гурӯҳи кӯҳнавардони ҳарбии шӯравӣ нишону парчамҳои дивизияи 1-уми тирандозии кӯҳии «Эделвейс»-ро аз кӯҳи Элбрус канда партофтанд.
Дар қуллаҳо парчамҳои Иттиҳоди Шӯравӣ барафрохта шуданд. Орзуи фюрер дар бораи ба қуллаи Гитлер табдил додани номи қуллаи асосии Қафқоз амалӣ нагардид.
Моҳи феврали соли 2023 Зеленский ба бригадаи 10-уми ҷудогонаи кӯҳии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина номи «Эделвейс»-ро дод.
  • Класс

Ба феҳрасти идҳо дар Тоҷикистон як адади дигар зам мешавад.

Тибқи тағйирот ба қонун дар бораи рӯзҳои ид, ки ҳукумат ҷонибдорӣ кард, 21 апрел ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи инноватсия на технологияҳои рақамӣ қабул хоҳад шуд.
Ба феҳрасти идҳо дар Тоҷикистон як адади дигар зам мешавад. - 960994341787
  • Класс

Меваҳои хушки Тоҷикистон дар намоишгоҳи Gulfood дар Дубай ба намоиш гузошта мешаванд.

Иштирок дар он ба ширкатҳои Тоҷикистон имкон медиҳад, ки барои содироти маҳсулот имкониятҳои нав пайдо кунанд, гуфтааст Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар.
Меваҳои хушки Тоҷикистон дар намоишгоҳи Gulfood дар Дубай ба намоиш гузошта мешаванд. - 960994200475
  • Класс

Раиси конфронси амнияти Мюнхен зимни суханронӣ дар ҷамъбасти форум гиря кард.

Кристоф Ҳойсген гуфт, ки конфронс ҳамчун як конфронси трансатлантикӣ оғоз шуд, аммо пас аз суханронии ноиби президенти ИМА Ҷей Ди Венс бояд эътироф кард, ки "арзишҳои асосии умумии мо дигар умумӣ нестанд."
"Ба як маъно ин даҳшати аврупоӣ буд",- чунин баҳо дод ӯ ба натиҷаҳои кори конфронс.
  • Класс

Лавров ва Ушаков бо дастури Путин ба Риёз парвоз карданд, хабар дод Песков.

Онҳо рӯзи сешанбеи 18 феврал бо мақомоти амрикоӣ мулоқот хоҳанд кард.
Лавров ва Ушаков бо дастури Путин ба Риёз парвоз карданд, хабар дод Песков. - 960994122651
  • Класс
Показать ещё