“Вилояти Хуросон” қасд дорад, шумори худо дар ИДМ афзоиш диҳад.

Дар ин бора Ермек Сагимбоев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар нишасти раҳбарони хадамоти вижаи кишварҳои ИДМ, ки дар остона ҷараён дорад, изҳор дошт.
“Ҳамлаҳои ахири террористӣ нишон медиҳанд, ки ин гурӯҳ қасд дорад иқтидори худро афзоиш диҳад ва тамаркузи байналмилалии худро нигоҳ дорад”, - афзуд Сагимбоев.
“Вилояти Хуросон” қасд дорад, шумори худо дар ИДМ афзоиш диҳад. - 957404795803
  • Класс

Тоҷикистон ва Узбакистон якҷоя бо терроризм мубориза мебаранд.

Дар Хуҷанд музокироти намояндагони шӯроҳои амниятии ҷумҳурӣ баргузор шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ҷонибҳо масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, қочоқи маводи мухаддир ва ифротгароиро баррасӣ карданд.
Дар поёни мулоқот котибони Шӯроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон Насрулло Маҳмудзода ва Виктор Маҳмудов протоколи машваратҳои дуҷониба ба имзо расониданд.
Тоҷикистон ва Узбакистон якҷоя бо терроризм мубориза мебаранд. - 957404308379
  • Класс

Толибон* барои машварат дар масъалаи Афгонистон ба Москва омаданд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин ҳайатҳои Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Чин ва дигар кишварҳо ширкат хоҳанд кард.
Онҳо кори муштаракро бо Кобул дар соҳаҳои гуногун баррасӣ мекунанд.
* Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
00:13
толибон
46 просмотров
  • Класс

Дар Остона нишасти раҳбарони хадамоти вижаи кишварҳои ИДМ ҷараён дорад.

Роҳбари Қазоқистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар мулоқот бо онҳо таъкид кард, ки табодули иттилооти оперативӣ самаранокии мубориза бо таҳдидҳои амниятро афзоиш медиҳад.
Тоҷикистонро дар ин нишаст, Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.
Дар Остона нишасти раҳбарони хадамоти вижаи кишварҳои ИДМ ҷараён дорад. - 957402173851
  • Класс

Мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонуниро роҳбарони мақомоти амнияти ИДМ баррасӣ карданд

Дар нишасти Остона ҳайатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, инчунин масъулини кумитаи иҷроия ва Маркази зиддитеррористии ИДМ иштирок доранд.
Таъкид шуд, ки ҳамкориҳо дар мубориза бо таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҷиноятҳои фаромиллӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир бояд таҳким бахшида шавад, иттилоъ дод Кумитаи амнияти Қазоқистон.
Мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонуниро роҳбарони мақомоти амнияти ИДМ баррасӣ карданд - 957402095003
  • Класс

Раиси Суди Олӣ аз додрасҳо хост, забонро тоза нигоҳ доранд

Шермуҳаммад Шоҳиён дар ҳамоиш бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ гуфт, забони давлатӣ рукни асосии соҳибихтиёрии давлат мебошад.
"Аз ин лиҳоз дар шароити ҷаҳонишавӣ софу бегазанд ва беолоишу устувор нигоҳ доштани забони модарӣ, ки заминаи муҳим ва асосӣ дар устувории пояҳои истиқлоли миллӣ мебошад, вазифаи ҳар шаҳрванд аст", - гуфт Шоҳиён.
Дар Тоҷикистон ҳамасола 5 октябр Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.
Раиси Суди Олӣ аз додрасҳо хост, забонро тоза нигоҳ доранд - 957401728923
  • Класс

Дар Остона нишасти раҳбарони хадамоти вижаи кишварҳои ИДМ ҷараён дорад.

Роҳбари Қазоқистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар мулоқот бо онҳо таъкид кард, ки табодули иттилооти оперативӣ самаранокии мубориза бо таҳдидҳои амниятро афзоиш медиҳад.
Тоҷикистонро дар ин нишаст, Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.
Дар Остона нишасти раҳбарони хадамоти вижаи кишварҳои ИДМ ҷараён дорад. - 957400988827
  • Класс

Баъде, ки амрикоиҳо аз созиши оташбас огоҳ гардиданд, Ҳасан Насруллоҳ кушта шуд

Вазири корҳои хориҷии Лубнон Абдуллоҳ Бу Ҳабиб мегӯяд, ки Ҳасан Насруллоҳро ҳамин ки амрикоиҳо аз тасмими "Ҳизбуллоҳ" барои созиш огоҳ шуданд, куштанд.
Вазири Лубнон ба суол, ки яъне Ҳасан Насруллоҳ ба оташбас розӣ шуд ва фавран пас аз он кушта шуд, посух дод, ки бале.
"Бале, мо ба оташбаси комил розӣ шудем. Раиси мо бо "Ҳизбуллоҳ" суҳбат кард, мо бо онҳо машварат кардем. Ва мо аз ин тасмим ба амрикоиҳо ва фаронсавиҳо хабар додем. Ва онҳо ба мо гуфтанд, ки Нетаняҳу низ розӣ аст", - изҳор дошт ӯ.
  • Класс

"Сипоҳон"-и Эрон ва "Истиқлол"-и Тоҷикистон дар бораи "бародарӣ ва ҳамкорӣ" ба мувофиқа расиданд

Сарони бошгоҳҳои футбол дар заминаи рушди инфрасохтори варзишӣ, баргузории бозиҳои дӯстона, табодули таҷриба, интиқоли эҳтимолии бозигарон ва ташкили семинарҳои омӯзишӣ ёддошти ҳамкорӣ имзо карданд.
"Сипоҳон"-и Эрон ва "Истиқлол"-и Тоҷикистон дар бораи "бародарӣ ва ҳамкорӣ" ба мувофиқа расиданд - 957400680347
  • Класс
Показать ещё