Предыдущая публикация
Ҳарфи мо бо гуфтугӯи бекаломи мо напухт.
Меваҳои шаккарин овард боғи зиндагӣ,
Ғурае аз току майдонаш ба коми мо напухт.
Мисли хуршеде нишасту мисли маҳтобе парид,
Бози давлатро паре дар пардабоми мо напухт.
Олами барномаҳову ҳам-ҳами ҳангомаҳо
Хуш мароме дошт, аммо бо мароми мо напухт.
Ҷоми моро бо шароби ҷонамон пур кардаанд,
Ҷони саргардон ба гардишҳои ҷоми мо напухт.
Ҳар саломеро алайке ҳаст дар дунёи лутф,
Як алайк аз меҳрубонӣ бо саломи мо напухт.
Озарахшо, Шашмақоми ошиқӣ ҳамсози кист?
Сӯхтем аз ҳой- ҳою бо мақоми мо напухт!! https://www.youtube.com/watch?v=AlI6iEYFfqY
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3