Лаби дарё ба ёди суҳбати кист?
Дили дарё сафои давлати кист?
Мақоми ошиқон холӣ намонад,
Намедонам, ки навбат навбати кист…
****
Дар он соҳил диле дар ёди мо ҳаст?
Ба гӯше заррае фарёди мо ҳаст?
Магар меросамон танҳо мазорест,
Нишони чашмаи милоди мо ҳаст?
*****
Миёни мову ту дунё чӣ дунёст?
Надорад сарҳаде, савдо чӣ савдост?
Баро аз соҳили ҳастӣ ба мастӣ,
Ба чашми ташнагон дарё чӣ дарёст??
*****
Кабӯтарро чӣ масчид, чӣ калисо?
Қаландарро чӣ Мусову чӣ Исо?
Ба «Ё ҳу»- е дари якто кушоянд
Ба рӯи якдигар ойинаосо
*****
Замон савдогарӣ дорад, чӣ савдо?
Саросар бесарӣ дорад, чӣ савдо?
Табибе сӯи бемори дами марг,
Назар чун муштарӣ дорад, чӣ савдо?
****
Навое панҷаафшон мезанад барг,
Ки вой аз зиндагиву дод аз марг
Баҳор ояд, чӣ хору хас, чӣ саҳро,
Хазон ояд, чӣ боғи гул, чӣ садбарг??!
****
Зарафшонам мусофир дар Бухоро,
Дилам мурғи муҳоҷир дар Бухоро
Зи Ҷӯи Мӯлиён атри нафас нест,
Ки мепурсад зи шоир дар Бухоро?
****
Гулистони дарӣ ҷӯяд Самарқанд,
Баҳори форсӣ бӯяд Самарқанд
Барои ин замону сад замона,
Сухан бо тоҷикӣ гӯяд Самарқанд.
****
Шабе, ки абру боди сард гирад,
Чаманро гарди саҳрогард гирад
Ба шабнам гӯ, зи сардӣ соз парҳез,
Гулӯи гул мабодо дард гирад…
****
Нигаҳ аз чашми кавкаб мебарӣ ту,
Саҳар аз хотири шаб мебарӣ ту
Ман ин гулбайтро бӯсида гуфтам,
Ба умеде, ки бар лаб мебарӣ ту…
****
Дамодам тозаву тар менамоӣ,
Муаттар аз муаттар менамоӣ
Канори хотироти пири пирам
Ҷавониро ҷавонтар менамоӣ
****
Суханҳое, ки бурдӣ аз назарҳо,
Мисоли шоҳбайт аз шоҳасарҳо
Агар бо чашми худ ифшо насозӣ,
Ту ҳастӣ шоири шеъри дигарҳо…
*****
Яке аз номаи худ ном бигзошт
Дигар андохт ҷома, ҷом бигзошт
Яке дар ҳасрати шоир шудан сӯхт,
Ки аз хома се ҳарфи хом бигзошт…
****
Навои куҳнасозон нав нагардад,
Саманди куҳнатозон нав нагардад
Ба сад чархофалакбозии дунё
Ҷаҳони куҳнабозон нав нагардад
****
Гуле бо шеваи худ «ҳой» мегуфт,
Лабаш хомӯш буду « ой» мегуфт
Дили булбул фиғон мезад ба сина,
«Қафасро як нафас бикшой» мегуфт…
****
Дурахшон шуд чароғи лолазорон,
Замину осмонҳо нурборон
Баро аз хилвати Хизронаи хеш,
Кушо аз чашмаи ҷон чашмасорон!
Комментарии 7