Мутобиқ ба Қуръону Суннат донишмандон аъмоли шиканандаи рӯзаро муайян кардаанд. Агар рӯзадоре аз дамидани субҳи содиқ то ғуруби офтоб яке аз онро анҷом бидиҳад, рӯзааш фосид мешавад. Бо содир кардани баъзеи ин аъмол қазо кардан ва каффорати гуноҳ воҷиб мегардад.
Масалан, агар рӯзадоре қасдан чизе бихӯрад, биошомад ё ҷимоъ (алоқаи ҷинсӣ) анҷом диҳад, ҳам қазо ва ҳам каффора бар ӯ воҷиб мегардад.
Дигар корҳое, ки рӯзаро фосид мекунанд, чунинанд:
Бӯса кардану ламс намудане, ки боиси баромадани оби манӣ шавад; сангрезаву чизе ки хӯрданӣ нест ё фурӯ бурдани донаи себ; чакондани даво бар гӯшу бинӣ ё димоғ; қай кардан бо пурии даҳон.
Дохил кардан (шудан)-и чизе ба бадан, қасдан. Фарқ надорад, ки он чиз ба бадан ғизо мешавад, ё не, масалан, кашидани сигор, агарчӣ дуди сигор ба бадан ғизо нашавад ҳам рӯзаро ботил мекунад. Зеро Ибни Аббос (р.з) фармудааст:
«Ба ростӣ, рӯза ба чизе ботил мешавад, ки дохил шавад (ба бадан), на берун ояд».
Агар шахсе ҳангоми таҳорат кардан обро дар даҳон гирифта тавре ғарғара намояд, ки об ба шикамаш равад, рӯзааш ботил мегардад.
Чунки Паёмбар (с) фармудаанд:
«Ғайр аз рӯзадорӣ дар дигар вақт ҳангоми ғарғара намудан муболиға кунед».
Вақте нафаре ҳангоми ғарғара намудан об ба ҳалқаш рафт, донад, ки рӯзааш ботил шуд. То бегоҳ ҳамчун рӯзадор боқӣ мемонад ва баъди Ид лозим меояд, ки як рӯз рӯзаи қазои бигирад.
Дохил шудани магасу пашша ё хомӯшак ба ҳалқ, дохил шудани гарду ғубор, монанди гарди орд дар ҳоли ғирбол кардан, ё дуди бахур (хушбӯи, мисли испанд), гарду ғубори роҳ рӯзаро ботил намекунад.
(ДАВОМАШ ДАР КОМЕНТАРИЯ)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3
Хуни ҳайз, нифос (баъди таваллуд), қасдан қай кардан, истимно (ба зурӣ маниро хориҷ намудан) аз ҷумлаи ботилкунандаи рӯза мебошанд.
Ҳамчунин муртад шудану аз дини ислом баргаштан рӯзаро ботил мекунад.
Зеро Худованд дар сураи "Бақара", ояти 217 фармудааст:
﴿وَمَن يَرۡتَدِدۡ مِنكُمۡ عَن دِينِهِۦ فَيَمُتۡ وَهُوَ كَافِرٞ فَأُوْلَٰٓئِكَ حَبِطَتۡ أَعۡمَٰلُهُمۡ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِۖ ٢١٧﴾ [البقرة: ٢١٧]
“Ҳар кас аз шумоён (агар) аз дини ислом баргардад, пайванди диниашро канда кунаду ба кофирӣ бимирад, тамоми аъмолу кирдораш дар дунёву охират ботил мешавад”.
Бақара 217
Боз дар ҷои дигар таъкид шудааст:
﴿لَئِنۡ أَشۡرَكۡتَ لَيَحۡبَطَنَّ عَمَلُكَ ٦٥﴾ [الزمر: ٦٥]
«Агар ба Худованд ширк биварзӣ, тамоми аъмолат ботил мегардад».
Зумар 65
Яке аз ботил кунандаҳои рӯза тамоми рӯз беҳуш шудан мебошад. Агар нафаре тамоми рӯз беҳуш шуда як лаҳза ҳам ба ҳуш наояд, рӯзааш ботил мешавад. Агар рӯзона ба ҳуш омад,...ЕщёАммо чанд чиз аст, ки ҳангоми аз бадан хориҷ шудани онҳо рӯза ботил мешавад.
Хуни ҳайз, нифос (баъди таваллуд), қасдан қай кардан, истимно (ба зурӣ маниро хориҷ намудан) аз ҷумлаи ботилкунандаи рӯза мебошанд.
Ҳамчунин муртад шудану аз дини ислом баргаштан рӯзаро ботил мекунад.
Зеро Худованд дар сураи "Бақара", ояти 217 фармудааст:
﴿وَمَن يَرۡتَدِدۡ مِنكُمۡ عَن دِينِهِۦ فَيَمُتۡ وَهُوَ كَافِرٞ فَأُوْلَٰٓئِكَ حَبِطَتۡ أَعۡمَٰلُهُمۡ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِۖ ٢١٧﴾ [البقرة: ٢١٧]
“Ҳар кас аз шумоён (агар) аз дини ислом баргардад, пайванди диниашро канда кунаду ба кофирӣ бимирад, тамоми аъмолу кирдораш дар дунёву охират ботил мешавад”.
Бақара 217
Боз дар ҷои дигар таъкид шудааст:
﴿لَئِنۡ أَشۡرَكۡتَ لَيَحۡبَطَنَّ عَمَلُكَ ٦٥﴾ [الزمر: ٦٥]
«Агар ба Худованд ширк биварзӣ, тамоми аъмолат ботил мегардад».
Зумар 65
Яке аз ботил кунандаҳои рӯза тамоми рӯз беҳуш шудан мебошад. Агар нафаре тамоми рӯз беҳуш шуда як лаҳза ҳам ба ҳуш наояд, рӯзааш ботил мешавад. Агар рӯзона ба ҳуш омад, рӯзааш саҳеҳ аст.
Рӯзадорро лозим аст, ки ба хотири дарёфти ризои Худованд аз аъмоле, ки рӯзаро ботил мекунад, худдорӣ намояд.
Ҳукми хӯрдан ё нӯшидани шахси рӯзадор аз рӯи фаромӯшӣ
- Дар саҳеҳайн ба нақл аз Абу Ҳурайра ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармудааст:
“Ҳар шахси рӯзадоре, ки аз рӯи фаромӯшӣ чизе бихӯрад ва ё бинӯшад, рӯзаи худро тамом бикунад. Зеро дар воқеъ Худованд ба ӯ таъом ё шароб додааст”.
Бухорӣ ва Муслим
“Ин рӯзие аст, ки Худованд ба ӯ арзонӣ фармуда ва қазои рӯза бар ӯ воҷиб нест”.
Бухорӣ ва Муслим
“Ҳар касе дар моҳи Рамазон аз рӯи фаромӯшӣ ифтор намояд, қазо ва каффора (таъомдиҳӣ) бар ӯ воҷиб нест”.
Бухорӣ ва Муслим
«Худованд хато ва фаромӯшӣ ва изтиробро бар уммати ман бахшидааст».
Бухорӣ ва Муслим
«Парвардигорро! Агар фаромӯш кардем ё ба хато рафтем, бар мо магир».
Бақара, 286
Бинобар ин, шахси рӯзадоре, ки аз рӯи фаромӯшӣ бихӯрад ё бинӯшад, бояд боқии рӯзаро бигирад ва рӯзаашро ба итмом бирасонад ва шикастани рӯза барои ӯ он рӯз ҷоиз намебошад.