Имрӯз дар интиҳои Конфронси байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии баён дар шаҳри Душанбе, маросими супоридани як қатор ҷоизаҳо аз ҷумла ҷоизаи "Эътимод", "Беҳтарин гузориши аксӣ" ва ғайра сурат гирифт.
Дар озмуни "Беҳтарин гузориши аксӣ", ки Пойгоҳи ҷавонон — « JOM » чанде пеш эълон намуда буд, инҷониб низ иштирок намуда будам ва хушбахтона аз миёни иштирокчиёни зиёд, ғолиб ва сазовори яке аз ҷоизаҳо гардидам.
Дар самти аксбардорӣ хело навкор ҳастам ва кӯшиш намуда истодаам, ки ин малакаро аз худ намоям ва дар ин самт бештар гузоришҳои аксӣ омода созам. Ин дастовард натиҷаи аввалин кӯшишҳои мо мебошад.
Ташаккури зиёд ба ташкилкунандагони озмун махсусан ба муаллимаи азиз Шахло Акобирова ва устодон, ки натиҷаи кори моро қадршиносӣ намуданду сазовори ҷоиза донистанд. Кӯшиш мекунем, ки ба ин бовариҳои Шумо сазовор бошем.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 11
Пирузӣ насибатон бод ҳамеша