🦋 Субҳатон ба хайру рузатон пур аз баракати Аллоҳ Таъоло бод азизони имонӣ.
🦋Чӣ хуш аст, вақте банда субҳи сафо холиқи яктои худро ёд мекунад, барои боз як субҳи нав ба Ӯ Таъоло ташаккур мегӯяд ва барои маҳбуби дилҳо - ҳазрати рисолатпаноҳ, азизу ғамхори уммат, Муҳаммади Мустафо салаллоҳу алайҳи ва саллам дуруди зиёд мефиристад ва бар худ иқдом мекунад, ки рузашро барои анҷоми корҳои нек сарф хоҳад кард.
🦋Азизон, биёед рӯзи худро бо зикри Аллоҳ Таъоло ва ибоди зиёд шаб намоем.
🦋Шояд шумо гуед, ки барои ибодат кардан вақти кофӣ надоред. Аммо бояд зикр кардан, ки расулоллоҳ салаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки аз паси дарёфти ризқу рӯзии ҳалол шудан низ як ибодати бузурге аст.
🦋Пас, метавонем ин рӯзро барои ибодат намудан озодона сарф кунем. Бикӯшем то корҳову амалҳоямонро тибқи фармудаи расулоллоҳ салаллоҳу алайҳи ва саллам ба анҷом расонем ва сари ҳар як қадам бо забон зикри Аллоҳ Таъолоро намоем.
🦋Биёед бо ҳам такрор кунем Аллоҳумма салли аъло Муҳаммадин ва аъло оли Муҳаммад ❤️
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев