Ва ё наҳсу бало омад,
Агарчи бе ибо омад,
Бигӯям, аз куҷо омад?
Зи мо буд, ки ба мо омад!
--
Зи ҳақ сӯи хато рафтем,
Ба роҳи нораво рафтем,
Ба думболи бало рафтем,
Бубинед, ки чиҳо омад!
Зи мо буд, ки ба мо омад!
--
Каломи Ҳақ набишнидем,
Зи пояш саҷдаро чидем*,
Ба гоми нафс афтидем,
Агар қаҳри Худо омад
Зи мо буд, ки ба мо омад!
--
Буридем силаи раҳмат,
Шикастем панҷаи ҳиммат,
Даридем ҷомаи иффат,
Кунун фавҷи бало омад,
Зи мо буд, ки ба мо омад!
--
Басо ҷабру ситам кардем,
Гунаҳ рӯи баҳам кардем,
Фалакро мулки ғам кардем,
Ба шодӣ гар фано омад
Зи мо буд, ки ба мо омад!
-
Раво дидем хиёнатро,
Хусуматро, адоватро,
Кушодем роҳи зулматро,
Ки то фавти зиё омад
Зи мо буд, ки ба мо омад!
-
Ҳар ончи гар ба мо омад,
Яқинан бехато омад.
Агарчи аз қазо омад,
Зи мо буд, ки ба мо омад!
Зи мо буд, ки ба мо омад!
- МУРОДИИ ХАТЛОНӢ 10.03.2020
--
Зи мо буд, ки ..*- Ба маънои, айб аз ҷониби мо буд, ки сазовори ҷазоем.
Саҷдаро чидем*- кандем.Яъне аз саҷда дур шудем.
https://www.youtube.com/channel/UCABNLDcTA-nUIQmd5wDpzIw?view_as=subscriber
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев