Каме вақти худро дағер надор.!
ФАРИШТАИӢ БЕКОР :
- Боре марде хоби аҷибе дид. Дид, ки.. дар олами фариштагон аст ва ба корҳои онҳо нигоҳ мекунад. Ҳангоми вуруд як гурўҳ фариштагонро дид, ки сахт машғули кор ҳастанд. Номаҳои зиёдеро, ки пайкҳо аз замин ба онҷо овардаанд мураттаб мекунанду дохили қуттиҳои махсус мегузоранд. Мард аз фариштае пурсид:
Шумо чӣ кор мекунед?
Фаришта, дар ҳоле ки номаҳоро ҷобаҷо мекард, гуфт:
Инҷо қабулгоҳ аст ва мо дуо ва талабҳои мардумро аз Худо қабул мекунем.
Мард пештар рафту ба қуттиҳо нигоҳ кард. Дид, ки рўйи онҳо талабҳо навишта шудааст. Нигоҳе ба талабҳои инсонҳо андохту ҳайрон шуд:
Имонталаб.
Фарзандталаб.
Сарватталаб.
Қудратталаб.
Шифоталаб.
Чашмталаб.
….
…..
Оби даҳонталаб.
Пешобталаб.
Мадфуъталаб.
Мард ҳайрон монду хеле фикр кард. Фикр кард, ки наход мардум ин чизҳоро талаб кунанд? Пешоб барои инсонҳо чӣ даркор бошад?
Оби даҳону мадфуъ ҳамаҷойи заминро пур кардаанд, пас дигар барои инсон чӣ лозиманд? Ҳарчи фикр мекард, наметавонист, ки ҷавобе пайдо кунад. Бинобарин аз фариштае, ки дар онҷо машғули кор буд пурсид: Инҳо ҳамаашон дархости инсонҳо ҳастанд?
Фаришта ҷавоб дод: Бале, албатта.
Мард дубора пурсид: Шумо намедонед, ки мадфуъ ва пешобро барои чӣ мехоҳанд?
Фаришта ҷавоб дод: Шумо то ҳол аз ин неъматҳо истифода накардаед? Мард бо тааҷҷуб гуфт: Инҳо чӣ гуна неъматанд?
Фаришта гуфт: Медонед, шумо инсонҳо аз неъматҳои Офаридгоратон ҳамеша истифода мекунед, вале қадрашонро намедонед. Шумо боре фикр намекунед, ки чӣ неъматҳои гаронбаҳое дар ихтиёри шумост. Барои мисол ҳамин пешоб ва мадфуъ дар ҷойи худашон бузургтарин неъмат ҳастанд.
Охир, шумо фикр кунед, ки агар тамоми он неъматҳои лаззатбахше, ки шумо мехўред, хориҷ нашаванд, шумо чӣ коре хоҳед кард? Чӣ қадар таҳаммул хоҳед кард? Агар хўрдаҳоятон ба мадфуъ ва пешоб табдил нашаванду хориҷ нагарданд, чӣ балое ба саратон меояд? Шумо намедонед, вале баъзе аз шумо инсонҳо аз ана ҳамин неъматҳо маҳрум шудаанду аз Худо онро талаб доранд.
Бале, дўстам ана ҳамон чизе, ки аз назари шумо бадтарин чиз аст, неъмати бузургест, ки Худованди ҳаким онро бароятон арзонӣ доштааст.
Мард гаранг шуда буд. Намедонист чӣ бигўяд. Наметавонист бовар кунад, ки ин чизҳои пасту беарзиш ин қадар муҳим бошанд. Ғарқи ин афкор аз назди он фаришта гузашт.
Ногоҳ, гурўҳи дигаре аз фариштагон, ки сахт кўшиш мекарданду дар такопу буданд, ўро ба худ оварданд. Ба назди онҳо рафту пурсид:
Шумо чӣ кор мекунед? Яке аз онҳо, ки тез-тез номаҳоеро ба пайкҳо медод, ҷавоб дод: Инҷо бахши ирсол аст. Мо алтофу раҳматҳои илоҳиро ба замин барои инсонҳо мефиристем.
Аммо фикри он мард боз ҳам ба суханони фариштаи қабли банд буд. Бо худ мегуфт: Худоё, чӣ қудрату ҳикмати бузурге дорӣ. Чӣ қадар хубу меҳрубонӣ нисбат ба мо. Дар ин ҳангом чашмаш ба фариштае афтод, ки дар гўшае бекор нишаста буд. Ба назди ў рафту аз ў пурсид:
Шумо чаро бекор нишастаед? Магар кор надоред?
Фаришта ҷавоб дод: Инҷо бахши тасдиқ аст. Ҷойест, ки вақте инсонҳо ҷавобашонро мегиранд, бояд номае ирсол кунанд, ки ман тасдиқ намоям ва барои иҷрои талабҳои баъдиашон ба қабулгоҳ бифиристам. Аммо мутаассифона, хеле кам ба ин бахш ҷавоб меояд.
Мард пурсид ба шумо чӣ гуна бояд ҷавоб диҳанд?
Фаришта гуфт: Бисёр сода. Фақат вақте дуояшон қабул шуд, бигўянд: «Худоё, шукрат» ва ман онро тасдиқ менамоям.
Хонандаи азиз, ҳоло худ андешае кун. Ба неъматҳое, ки дар ихтиёр дорӣ. Ба амалҳое, ки анҷом медиҳӣ. Оё шукри чунин неъматҳои боарзишу фаровонро ба ҷо меоваред?
Оё боре фикр кардаӣ, ки ҳамин оби даҳони беарзишат чӣ неъмати бузургест?
Оё фикр кардаӣ, ки саломатиат чӣ неъматест?
Оё медонӣ, ки ақлу хиради ту чӣ неъматҳои бебаҳое ҳастанд?
Оё фикр кардаӣ, ки хобиданат чӣ неъматест?
Оре, дўсти хубам, Худованд тамоми ин неъматҳоро ба мо додааст ва аз мо чизе намехоҳад, ҷуз рафтан ба роҳи дуруст; ҷуз ташаккур ва қадрдонии осон.
Аммо мо чӣ кор мекунем?
Оё метавонем шукри ин ҳама неъматҳоро ба ҷо оварем?
Оё метавонем яке аз ин неъматҳоро ба каси дигар ба осонӣ ҳадя кунем?
Худоё, шукрат ва ҳазорон мартаба шукрат, барои ҳамаи неъматҳоят.
(Манқул)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев