Номи Макка ба лафзи Бакка дар ин фармудаи Худованд зикр шудааст: “Нахустин хонае, ки барои ибодати мардум бино шуда, ҳамонаст, ки дар Бакка буда, муборак ва ҳидоят аст барои ҷаҳониён”. (Оли Имрон, ояти 96).
Таърихи Маккаи Мукаррама ба қарни нуздаҳи қабл аз милод дар аҳди ҳазрати Иброиҳим ва Исмоил(а) бозмегарад, ки нахустин сокинони он буданд. Худованд ба нақл аз Иброҳим (а) мефармояд:
“Парвардигоро! ман баъзе аз фарзандонамро (ба фармони ту) дар сарзамини бидуни кишту зироат, дар ҷивори хонаи мукаррами ту, искон додам. Худовандо! то ин, ки намозро барпой доранд, пас чунон кун, ки дилҳои гурӯҳе аз мардумон мутаваҷҷеҳи онон гардад ва эшонро аз меваҳо баҳраманд фармо, шояд, ки сипосгузорӣ кунанд” (сураи Иброҳим, ояти 37)
Аз баракати дуои ҳазрати Иброҳим (а) оби замзам аз зери пойҳои ҳазрати Исмоил(а), замоне, ки обу ғизои модараш Ҳоҷар хотима ёфта буд, ҷӯш зад, аз ҳамон ҳангом, қабоили Араб ба мавзеъи об рӯ оварданд ва зиндагӣ дар он дамида шуд. Қабоил ҳамчунон ба ҷойгузиншудан идома доданд ва рӯз ба рӯз теъдодашон афзуд, то инки султа ба Қурайш расид, то дар онҷо ҳокимият намояд. Билохира Расули Акрам (с) зуҳур намуданд, ки дар тағйири зиндагӣ дар Маккаи Мукаррама ва Ҷазираи араб ва ҷаҳон таъсири басазое доштанд.
Расули Акрам (с) дар Маккаи Мукаррама ба паёмбарӣ мабъус шуданд ва Каъба қиблаи мусулмонон шуд ва Маккаи Мукаррама гаҳвораи даъвати ба дини Ислом гардид, вале мардумонаш пеш аз ҳама аз он мутанаффир шуданд ва мусулмононро озору шиканҷа медоданд то инки мусулмонон ба ҳиҷрат ба Мадинаи Мунаввара маҷбур шуданд ва дар онҷо ҳукумати исломиро ташкил доданд. Пас аз он Расули Акрам(с) фотеҳона вориди Маккаи Мукаррама гирдид ва аз он замон то асри мо сарзамини Ислом будааст.
Маккаи Мукаррама ба вижа Ҳарами шариф мавриди таваҷҷӯҳ ва эҳтимоми хулафо ва ҳокимони мусулмон буда, ки ба тавсеъа ва такомули он даст задаанд ва онро ба маркази нӯрафшонии Ислом ба ҷаҳониён табдил намуданд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев