Тибқи маълумоти манбаъ, ҳоло чанд мошини милиса ҳам инҷо омаданд ва афсарони милиса аз коргарон хостаанд, ки пароканда шаванд. Яке аз ин коргарон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ширкати “Фароз” хоста, ки ё бо қимати 10-долларӣ ҳар кило шираи камолро ба онҳо бифурӯшанд ва ё ширкат бо кормандон аз Афғонистон қарордод мебандад, ки омодаанд, шираро ҷамъ оварда бо қимати поинтаре ба онҳо бифурӯшанд.
Дар видеоҳое, ки манбаъ нашр кардааст, дида мешавад, ки мардуми асабонӣ дар яке аз ин маҳаллаҳо аз Шариф Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе мепурсанд, ки “барои чӣ одамони моро савор карда мебаред”. Зоҳиран онҳо ба боздошти чанде аз коргароне ишора мекунанд, ки барои расонидани шикоят ба дари ширкати «Фароз» омадаанд.
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе дар бораи ҷамъ омадани мардум дар назди дари ширкат то кунун шарҳе надодааст.
“Шираи камол”, ки аз рустаниҳои шифобахш ба ҳисоб меравад, барои истеҳсоли доруҳои гуногун истифода мешавад ва дар бозорҳои ҷаҳонӣ талаботи зиёд ва қимати баланд дорад.
Ширкати “Фароз” аз бузургтарин ширкатҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки тиҷораташ чандин соҳаро дар бар мегирад. Ширкат тиҷораташро дар арсаи тибро аз ҷамъоварии шираи камол шуруъ кард.
Журналистони Маркази таҳқиқоти фасоду ҷиноятҳои муташаккилона(OCCRP)дар як гузориш дар моҳи июни соли 2018 гуфтанд, ширкати “Фароз” мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон буда, як ширкати монополист дар бозори Тоҷикистон аст ва назоратро бисёр соҳаҳои сердаромади кишвар дар ихтиёр дорад.
Вале дар манбаъҳои бози расмӣ номи ӯ ба ҳайси раҳбари “Фароз” зикр намешавад. Худи ширкат он замон ба ин гузориш ҳеҷ вокунише накард.
Ба дигарон фиристед: http://payom.net/archives/21058
https://www.youtube.com/watch?v=uHdiKizM2zE
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев