
Макка Саид Мисриф аз забони он
зан накл кардааст:
- «Устоди гироми! Ман зани
фалони ибни фалониам. Шавхари
ман рузе нийят кард то зани дуйюм
гирад. Вакте ман аз ин огох шудам
кариб буд ки девона шавам. Ман
сахт шавхарамро дуст медоштаму
уро хурмату эхтиром мекардам-
аммо пас аз ин ходиса каме уро
дар дил бад дидам. Аммо дар асл
ман дар руяш ягон сухани баде
нагуфтам- чун у бароям азиз буд.
Ман ин хамаро дар худ пинхон
кардам.
Маълум шуд ки вазнин будааст
зиндаги кардан бо хисси хам
мухаббат ва хам нафрин нисбати
шахсе. Шавхарам зан гирифт.
Дарду гами ман авч гирифт. Сабру
токатам зиёд шуду кариб ки нийяти
худкуши кардам аммо аз Худованд
тарсидам. Шавхаре ки хамаруза бо
табассуму бо мехр салому алек
меомадаги акнун як руз пас
меомадаги шуд. Як руз нази «у»-
дигар руз назди ман. Рузхое ки у
назди «у» мерафт ман Куръонро
мекушодаму гирёну нолон онро
тиловат мекардам. Дар намозхоям
дуъо мекардам то Худованд
некихоро бароям арзони ато
фармояд. Ман гумон мекардам ки
вакте шавхарам аз зани дуюмаш
чудо шавад зиндагиам хуб
мешавад.
Шавхарам наздам омад. Муомилаи
у бо ман дигар нашуда буд. Бо худ
мегуфтам ки дар аввал хилла
мекунаду худро хуш мекунад. Рости
вакте ки меомад ман сахт хурсанд
мешудам- аммо инро ба у вонамуд
намекардам ва кавокхоям гирифта
менамудам. Харчанд ман чизе
зидди у гуфта наметавонистам дар
асл каме худро сахтгапу бадчахл
вонамуд мекардам.
Рузи дигар боз ман танхо мондам.
Чойнамозамро пахн кардаму ба
намози нофила шуруъ кардам ва аз
Худованд зиндагии хубу «охирати
обод» ва озоди аз «оташи дузах»
талаб кардам. Шукри Аллоh ки он
чи ки ба ман нек буд омад. Рузхое
ки ман танхо мемондам зиёд гайри
намозхои панчгона намозхои
нофила мехондам, Куръон
мехондам, тавбаву истигфор
мекардам, рузахои нофила
мегирифтам.
Пеш аз ин ман саросемавор намоз
мехондам ва хатто баъзан зиёд
хатохо мекардам. Пас аз ин ман
намозхоро бо хузури дил (хушуъу
хузуъ) мехондаги шудам. Охиста
охиста аз чунин тоъату ъибодат
рохати дилу чонро хис кардам.
Рузхое ки шавхарам меомад акнун
ман худро зебову хушбу мекардаму
уро пешвоз мегирифтам. Ба ман
дигар андухгину кавокин гаштан
дар бадам зад. Акнун чун пештара
ман уро бо табассуму хуб пешвоз
мегирифтам. Як руз ман дар
хизмати у будам- аммо рузе ки у
набуд пурра дар хизмати Холики
худ.
Акнун ман зиёд рузахои нофила
мегирифтам, Куръонро бо ёд
кардан мехондам, хадисхои
муборакро аз худ мекардам. Хар
боре ки шавхар меояд ман барои у
худро тайёр мекунам, хурокхои
болаззат тайёр мекунам, ва хар бор
хамчунин. Чун у назди зани дигар
меравад ман он рузро боз пурра ба
Холики Бузург чудо мекардам. Бо
ъилму ъибодат сахт машгул шуда ба
он мехр бастам. Дар ин муддат
ъилми зиёдеро омухтам.
Намози мехондаи хозираву он
намозхое ки пеш мехондам фарк
мекардаму маро вахшат мегирифт.
Гуиё ки он намозхои пешинаам
намоз хам набуд балки хамту
вактгузарони ё хаму ростшавии
руяки буд. Чун дар намози пешин
тарси аз Худо набуд, мехри ба Худо
набуд, адои карзи Худованди гуиё
ки набуд. Гапи кутох вакте
шавхарам зани дигар гирифт
зиндагии ман вазнин нашуд –балки
маъни пайдо кард. Чун вакти зиёде
барои худу тоъати Холикам пайдо
шуд ва маро ба такводори расонд.
Хатто баъзан фикр мекунам ки чи
хуб мешуд ки у пештар зани дигар
мегирифт.
Сабаби накл кардани ин киссаам ба
шумо ин аст ки шумо Олим хастед
ва ба мардумон зиёд «амри
маъруф»-у «нахи ба мункар»
мекунед. Илтимос ин киссаи
зиндагии пешинаву хозираи маро ба
тамоми занон расонед. Чун Аллоhи
Бузург ва Паёмбар (с.а.в.с) аз ман
рози бошанду барои ман аз ин
некихост ва хамчунин барои шумо.
Ин он чизест ки ман дар ъамал дар
зиндагии худ дидаам»!!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3