Шахси бомаърифат гуфта шахсеро мегӯянд, ки аз ҷиҳати одобу рафтор, суханронӣ ва ақл бой бошад. Одобу рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҳар шахс маданияти баланди гуфтор, муомила ва ҳурмату эҳтироми махсусро талаб мекунад. Якчанд амалҳое ҳастанд, ки ҳангоми риоя накардани онҳо бемаърифатии касро нишон медиҳад. Масалан: бо овози баланд гап назадан, аввал бо иҷозати умум сухан гуфтан ва ҳар як суханро фикр кардаю санҷида бо далелҳои раднашаванда гуфтан, ба суханони дигарон бодиққат гӯш кардан, ҳангоми ба автобус ё треллебус ва умуман тамоми нақлиёти мусофиркаш бо навбат даромадан. Дар дохили нақлиётҳои мусофиркаш эҳтироми калонсолонро ба ҷо овардан. Мушоҳидаи ҳаёти имрӯза, дидану шунидану рафторҳои баъзан ҷавонони имрӯза мо, омӯзгоронро ҳаррӯза дар ҳайрат меорад, ки ҷавонон, донишҷӯён дар баробари ба нақлиёти мусофиркаш дохил шудани калонсолон ё маъюбон телефонҳои мобилии худро бо гушмонакҳояш (наушник) дар гӯш монда гӯё ягон касро на мебинанду на мешунаванд. Як зарари телефони мобилӣ ҳамин аст, ки дар дохили нақлиёти мусофиркаш барои ҷавонон баҳонаи тайёр аст, чун худашонро танҳо дида ба калонсолон ҳатто ба маъюбон низ аҳамият намедиҳанд. То ягон нафар аз калонсолон ба онҳо ишораи ҷой доданро накунанд, онҳо тамоман аҳамият намедиҳанд ва аз ҷой намехезанд. Ҷавонони ботарбияю баодоб дар ҷаҳони имрӯзаи мо кам ба чашм мерасанд. Аз ин бармеояд, ки тарбияи фарзандон дар хона аз тарафйи волидайн он қадар хуб нест, ба фарзандон кам аҳамият медиҳанд ва кам сухан аз тарбия мекунанд. Агар ҳар як падару модар ба фарзандони худ дар хона нишаста аз одобу ахлоқу рафтору ҳурмати инсонгарӣ сухан кунанд, ин хело ба ҷамъяту миллати мо манфиати калон меоварад. Аз ин рӯ, мо метавонем дар ҳар як қадам дар ҳар як лаҳзаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятию дар дарсҳо ба ҷавонон аввалан аз тарбия, аз одобу муошират, аз ахлоқу маданияти баланд сухан кунему тарбия диҳем.
Суханвари ё сухангӯи низ яке аз сифатҳои дорои маърифати баланди инсонӣ мебошад. Сухан бузургтарин неъмат ва атои табиат аст. Қадру қимати инсоният қабл аз ҳама , дар суханронии ӯ ифода меёбад. Сухан воситаи муошират аст, вай пеш аз ҳама бояд маъно ва мантиқ дошта бошад. Барои суханҳои беҳтаринро гуфтан луғатдонию калимадонӣ даркор аст. Барои бисёртар сухан донистану бисёр фарҳангро донистан ҳар як шахс бояд аз мутолиаи китоб, аз хондани газетаю маҷаллаҳо дур набошад. Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ,пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Кас ба воситаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсат иқтисодиёти мамолики зиёд ошно мегардад.
Сухан бояд ба дониш дарҷ кардан,
Чу зар санҷида, он гоҳ харҷ кардан.
Ба шахси бофарҳанг бошад либос ва тарзи либоспушӣ дохил мешавад. Либос хушрангу зебо касро хушнамуд, дилрабо, гуворо ва ба дараҷае мафтункунанда менамояд. Аз ин рӯ мақоли халқиест, ингуна: «Хонаю палос, одаму либос».
Бояд қайд кард, ки дар либоспушӣ як норасоии ҷиддӣ мавҷуд аст, ки он ҳар як либоси зеборо ба дараҷаи ночиз табдил медиҳад. Ашхосе ҳастанд, ки худи либос, вақту соати пушидани онро дуруст дарк намекунад, намудҳои мухталифашро бе ягон мувофиқат мепӯшанд. Ин вазъи либоспӯшӣ бемаданиятию бефарҳангии ашхосеро нишон медиҳад, ки мувофиқу номувофиқ, зебою нозебоии либосро дуруст дарку фарқ карда наметавонанд ё онро намехоҳанд. Ҳол он ки риояи ин ҷиҳатҳои либоспӯшӣ барои намуди зоҳирии ҳар як шахс аҳамияти калон дорад ва умуман маданияту фарҳанги ӯро нишон медихад. Тозаву озода пӯшидани либос низ ҷиҳати муҳими тарзи либоспӯшӣ мебошад. Шахси табиатан озода онро ҳамеша тозаву покиза ба тан мегирад. Масалан пушидани куртаи миллии тоҷикӣ, аз ҷумлаи куртаи атласу куртаи чаканро мегирем, куртаи миллии тоҷикии атлас ба тан чи кадар зебанда аст. Дар ҳар як давлат тарзи либоспушии одамон гуногун аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ солҳои охир бо назардоштӣ фарҳангу анъанаи миллӣ либоси ягона барои хонандагони макаби миёна ва мактаби олӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода шудааст. Аксарияти ҷавонон кӯр-кӯрона ба либоспушии дигар давлатҳо тақлид мекунанд. Инро ҳам аз тарафи донишҷӯдухтарон ва ҳам аз тарафи донишҷӯписарон риоя накардани талабот дида мешавад ва таъсири фарҳанги бегона бештар ба чашм мерасад. Баъзе ҷавонон бо тарзи либоспушии ғарибиён тақлид мекунанд, ки он аз як ҷиҳат паст гардидани ахлоқ дар ҷомеа мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, пушидани либоси муносиб вобаста ба муҳиту ҷойи кор омили муҳим ба ҳисоб меравад. Либос инъикосгари фарҳанг, одоб ва сатҳи камолоти инсон аст. Чи хеле ки мегуянд, оилаи солим, ҷомеаи солим.
Назарова Матлюба, мудири шуъбаи абаниметии китобхонаи донишгоҳи ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев