Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон ВАО марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон қариб ҳарруза хабар медиҳад.
Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.
Аслан бояд гуфт, ки мақсади асосии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, бо воҳима ва ба таҳлука овардани одамон равона шуда, тавассути он ба мақомоти давлатӣ фишор овардан аст. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро чун маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ, ки ба манфиати онҳост ва бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатӣ равона карда мешавад.
Имрӯз оромиву суботи ҷомеаи ҷаҳониро ташкили гурӯҳҳои экстремистию террористӣ таҳдид менамояд. Барои бомуваффақият муқобили экстремизм ё ифротгароӣ ва пешгирии он дар ҷомеа мубориза бурдан, ҷанбаи ҷиноятии ин зуҳуротро донистан ва фаҳмидан зарур аст. Бояд мардум нисбати ояндаи кишвар бетараф набошанд. Аз тарафи дигар, ҳама дастовардҳои ҳар як давлат бевосита бо фаъолияти насли ҷавонони ҳушёру зирак алоқамандӣ дорад. Агар ҷавонон ин ояндаи генафонди миллат бошанд, он гоҳ ҷавонони болаёқатро мо метавонем, кафили обрӯю эътибор ва посдорандаи шаъну шарафи миллату Ватан ҳисоб намоем.
Маҳз ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат метавонанд, таъриху миллати ватани худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, аз сатҳи баланди маданияти худ, донишмандӣ ва садоқатмандӣ дар назди ватани худ гувоҳӣ дода, номбардори миллату Тоҷикистони азизу маҳбубамон бошанд.
Барои ҳамин ҳам асоси сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат ин дастгирии насли наврас ва ҷавонон буда, баҳри донишомӯзӣ ва касбомӯзии онҳо қувваи худро дареғ намедорад, то ҷавонони мо соҳибилму соҳибистеъдод гардида, баҳри ободии халқу ватани худ хизматҳои беназирро анҷом диҳанд.
Эҳсони Маҷид
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев