Ақвому милали аврупоиву ғарбӣ, ки дар садри фарҳангу тамаддуни имрӯзӣ қарор доранд, бар мабнои донишу мантиқ даврони наверо кафш намудаанд, ки бо номи “Замони Эҳё-Ренессанс” маъмул аст. Замони Эҳё ё Ренессанс (Ренессанс аз забонҳои фаронсавии “Renaissance”, италиявии “Rinascimento” ва лотинии “renasci” ба маънои “навтавлидшавӣ, эҳёшавӣ”) раванди бархӯрди илмию ақлонию мантиқӣ бо мушкилоту масоили зиндагӣ ва муҳимтар аз ҳама, ташхиси воқеиёти рӯзгорро таҷассум менамояд. Аз тарафи дигар, муқовимат ва мубориза бо элитаи сиёсию динии замон, ки дар институт-ниҳодҳои давлатию калисоӣ мунсаҷим мегардиданд, дар барномаи корӣ ва мафкуравии эҳёгарон ҷо гирифта буд. Ин аст, ки муқовимат ва мубориза алайҳи истибдоди сиёсию динии замон вазифаи намояндагони барҷастаи илму фалсафаи Замони Эҳё будааст. Ба ин тариқ, Эҳё дар Аврупо, ки аз асри 14 шуруъ шуда, дар имтидоди асрҳои 15-16 нуфузи чашмгире пайдо намуд, Ғарбро аз реша дигаргун сохт ва роҳро барои шикасти ҳукумати калисоӣ ва истибдоди мазҳабӣ ҳамвор кард.
Кӯшиши сохтану мавриди истифода қарор додани Барномаи Эҳёи асримиёнагӣ дар фазои кишварҳои исломӣ низ, ки таҳти нуфуз ва қудрати хилофати исломӣ қарор доштанд, дар асрҳои 8-9 дар миқёсу қаламрави ислом иттифоқ афтод. Ба ин маъно, дар асрҳои миёна, махсусан асри 8 таҳаввулоти фикрӣ ва тағйироти назарию маданӣ дар қаламрави хилофати исломӣ ба вуқуъ пайваст. Бавежа, дар давраи халифа Маъмун (786 - 833) роњи гуфтугў ва муколамањои фарњангї байни ќишрњои гуногуни динї, мазњабї, сиёсї ва иљтимої ҳамвор гардид. Халифа Маъмун, ки дастпарвари Оли Бармак буд, барои гуфтугўйи тамаддунњои ѓайриарабї ва ѓайриисломї дар миќёси хилофат фазо ва шароити мусоиди фарњангї ба вуљуд овард. Маъмун, ки аз илму маданияти мардуми эронитабор огоҳӣ дошта, дар домони он фарҳангу тамаддун парвариш ёфта буд, ҳатто бархе аз намояндагони шадидтарин њаракати миллигаройии иронї - шуубияро дар “Байт-ул-њикма” соҳиби маќому мансаб карда буд (ниг.: Зарринкўб, Абдулњусайн. Ду ќарни сукут. Тењрон, 1381. С. 289-301). Ба ин тартиб, дар давраи амири Аббосї Абўљаъфар Мансур (754-775) нањзати тарљумаи осори юнонї, мисрї, њиндї шуруъ шуда, ин раванд дар замони ҳукуматдории Њорунаррашид (786-809) ва Маъмун (813-833) густариш ёфта, муносибати амирони Аббосї ба илму њикмат ва олимону донишмандон муътадил гардид ва шароити бози фарњангї барои тарвиљи илму фалсафа дар ќаламрави хилофат ба вуљуд омад. Дар ин давра китобҳои Уќлидус, Афлотун, Арасту, Буќрот, Љолинус ва соири донишмандону файласуфони юнонию румї тарљума шуданд ва майдони бањсу муљодилањои илмї-фалсафї густарда гардид (ниг.: Сафо Забењуллоњ. Таърихи улуми аќлї дар тамаддуни исломї то авосити ќарни панљум. Муљаллади аввал.Тењрон:Интишороти Донишгоњи Тењрон, 1371. -С.44-45).
Вале замони Эҳёи мусулмонӣ дар мароҳили дигари таърихӣ ва салтанати амирони минбаъда варшикаста ва роњи илму маориф аз тариќи омўзиши улуми фалсафї ва табиї-риёзї баста мешавад. Аммо, новобаста ба фишору таарӯзи сиёсию мафкуравӣ мардуми форсу тоҷик бо истифода аз имконоти фикрию сиёсӣ ва маданӣ дар роҳи бозсозии фикрию иҷтимоӣ ва ба вуҷуд овардани Эҳёи миллӣ қадамҳои устувор бардоштанд. Муҳмитар аз ҳама, замони салтанати сулолаҳои миллии Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён майдони муборизоти сиёсию фикрӣ ва маъанвию маданӣ боз шуд ва шароити муътадили муколимоти фарҳангӣ фароҳам омад. Албатта, дар фароҳам омадани чунин шароите нақши амирони хирадпарвари Тоҳирӣ, Саффорӣ ва Сомонӣ бузург мебошад. Ин буд, ки асрҳои нуҳуму даҳуми мелодиро дар қаламрави сиёсию фарҳангии Сомонӣ метавон ба унвони Даврони Эҳё ё Ренесанси форсии тоҷикӣ муаррифӣ кард.
Яке аз васила ва абзорҳои калидии таъсиррасонии фикрӣ ва муҳитсозии миллӣ забон аст. Ба ин далел, дар давраи давлатдории Сомониён ба забони миллӣ ҳамчун унсури ҳувиятсозӣ ва эҳёгарии миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд ва забони форсии тоҷикӣ минҳайси асли давлатдорӣ ва мафкурасозӣ авлавият пайдо намуд. Амирони хирадпарвари Сомонї бевосита дар ин раванд саҳм мегирифтанд ва љараёни омўзишу густариши забони миллиро љиддї назорат мекарданд. Дар он давра забони арабї, ки он замон забони илму маориф ва дин маҳсуб мешуд, тавассути сиёсати фарҳангии амирони дурандеши Сомонї ба маҳдудият мувољеҳ гардид, то љое, ки бо амри Мансур ибни Нуҳи Сомонї (961-984) «Тафсири кабири Табарї» ба забони дарї, яъне забони миллї тарљума карда шуд. Уламо ва фақеҳони миллатдўсти Мовароуннаҳр дар ин амр ба чунин фатво љасорат карданд: “Раво бошад хондан ва набиштани тафсири Куръон ба порсї мар-он касро, ки ў тозї надонад” (ниг.: Малоирї М. Таърих ва фарњанги Эрон дар даврони интиќол аз асри Сосонї ба асри исломї. Љилди аввал. -Тењрон, 1372. -С. 138). Ин навъ ибткорот аз ҷуръату љасорати фарзандони барӯманди миллат дар замону макони мушаххасти таърихӣ дарак медиҳад.
Мутаассифона, Эҳёи миллӣ дер давом накард ва баъди сари қудрат омадани сулолаҳои турктабор ва муғулнажод дар қаламрави бумӣ воқеиёти дигар, ки ба миллияти форсии тоҷикӣ ҳеҷ иртиботе надоштанд, русух пайдо карданд. Афкори хурофабунёд ва сиёсати миллиситез дар минтақа машрӯият касб кард ва таассубу хурофоти мазҳабӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ решадор гардид. Ҳарчанд ки дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ низ равшанфикроне буданд, ки бо ибтикороти худ талош варзиданд, ки мардуми минтақаро аз љаҳлу нодонї ва бегонапарастӣ наљот диҳанд, вале ба таври куллї, раванди такмил ва таҳкими андешаи миллї ва Эҳёи суннатҳои аҷдодӣ аллакай ба бунбаст мувољеҳ гардида буд.
Дар муддати тақрибан ҳазор сол, ки тоҷик аз давлат ва ҳукуматдорӣ бенасиб буд, Эҳёи миллӣ ба нокомӣ мувоҷеҳ гардид ва тасмимоту ибтикороти мутафаккирону адибони миллӣ дар доираҳои маҳдуди иҷтимоӣ тадовум пайдо карду халос. Дар садаи бист устод Айнӣ, академик Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода барин фарзандони фарзонаи миллат роҳи Эҳёи фарҳангу тамаддуни тоҷикиро тай намуда, дар ин масир устуворона қадам бардоштанд. Вале ҷанги ҳамватанӣ, ки ибтидои солҳои навадуми асри гузашта ба вуқуъ пайваст (солҳои 1992-1997), тамоми ибтикороту ташаббусоти миллиро ба ҳам зад ва давлату ҷомеаро дар ҳоли карахтию беҳаракатӣ нигоҳ дошт.
Аз нимаи дуюми солњои навадуми асри гузашта сар карда, марҳилаи тозаи эҳёгарӣ дар марзбуми мо тадовум пайдо намуд. Дар ин марҳила воқеият ва ҳассосиятҳои дигаре, аз қабили бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ, пайгирии манофеи миллӣ, нуфузи чашмгири пантуркизми минтақавӣ, фаъол шудани гурӯҳҳои тундраву ифротгарои динӣ ва ташаннуҷи хурофоту таассуби мазҳабӣ вазъи эҳёи фарҳангу тамаддуни миллиро дар шароити хоси таърихӣ ногувортар месозад. Қатъи назар аз мушкилот ва таҳдиду хатароти минтақавию глобалӣ раҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нухбагони илмию мадании дохилию хориҷӣ, ки миллияти тоҷикӣ доранд, дар самти ҳифзу нигаҳдошти мероси бостонӣ ва эҳёи арзишҳои куҳанбунёди миллӣ ҷаҳду талоши фаровон меварзанд ва аз ин тариқ раванди Эҳёи миллиро вусъати тоза мебахшанд.
Н. Нуров,
пажуҳишгар
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев