Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин дастоварди миллии мо дар садаи ХХI мебошад, ки ба шарофати он мақоми Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ баланд рафт ва ҷумҳуриамон ба сифати як кишвари мустақили ягонаи демокративу дунявӣ шинохта шуд. Баъди расидан ба Истиқлолият ва озодӣ дар кишварамон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур буданд, таҷлили баъзеашон манъ гардида буд ва қисми дигарашон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, танҳо дар хотираи таърихиву фарҳангии халқамон боқӣ монда буданду халос.
Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимии мардуми ориёинажод буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукӯҳ, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзӣ, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешудааст. Дар осори илмию фарҳангии абармандони тоҷику форс Абурайҳони Берунӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Наршахӣ ва дигарон оид ба иду ҷашнҳои мардумӣ маълумоти ҷолибу рангин ва муфассал мавҷуданд.
Сада омодагӣ ба кишту кори баҳорист. Дар ин ҳангом техника таъмир гардида, ба мавсим тайёр карда мешавад. Дар анборҳо маводи сӯзишворӣ, нуриҳои минералию органикӣ захира мегарданд. Яхобмонии баъзе қитъаҳои замин ба роҳ монда мешавад. Хулоса дар мавсими Сада деҳқон ба такопӯ даромада, ба баҳор омодагӣ мегирад. Маънии Сада аз шумораи сад ибтидо мегирад.
Таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хело қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Маҳз ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рӯшноӣ асос гузошт ва боиси он гардид, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо намоянд ва онҳоро ситоиш созанд. Ба андешаи муаррихон Сегонаи ба ориёиён тааллуқдошта – Наврӯз, Меҳргон ва Сада аз ҷашнҳое маҳсуб мешаванд, ки вобаста ба муҳтавои худ аҳамияти байналмилалӣ доранд. Дар маҷмӯъ, мардуми ориёитабор ҳамеша бидуни ҳама гуна монеаҳо онҳоро ба ҳар тариқе ошкоро ё пӯшида ҳифз мекард ва ҷашн мегирифт. Зеро ин ҷашнҳо аз падидаҳои тақвимию астрономӣ буданд ва марҳилаҳои муҳими фаъолияти солонаи инсону табиат, замину деҳқонро дар худ ифода мекарданд.
Ҷашнҳои суннативу миллии Сада, Наврӯз ва Меҳргон аз як тараф мардумро ба некандешӣ, хайрхоҳию хештаншиносӣ, дӯстиву рафоқат даъват намояд аз тарафи дигар пирӯзии некӣ ба бадӣ ва поктинатӣ ба хусумат будааст. Зеро ин ҷашнҳо аз падидаҳои тақвимию астрономӣ буданд ва марҳилаҳои муҳими фаъолияти солонаи инсону табиат, замину деҳқонро дар худ ифода мекарданд. Ҳаминак чанд сол мешавад, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифта ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашн аз нав эҳё гардидаву дар баробари ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ҳамчун иди таърихӣ дар кишвар бо шукӯҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил мегардад.
Ба иттилои таърихшиносон, баъд аз расидан ба Истиқлолияти давлатӣ бо сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардум, ба монанди Садаву Наврӯз ва Тиргону Меҳргон эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо ба ҳукми анъана даромада истодааст. Дар воқеъ, эҳё шудани ойинҳои миллӣ далели миллати қадимӣ ва соҳибтамаддун будани тоҷикон аст. Аз ин рӯ, мо бояд онҳоро ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намоем.
Фарзонаи Раҳмон – муовини декан оид ба корҳои илмии факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқи ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев