Барои он, ки ба мафҳуми шахсият ҷавоб диҳем аввало мафҳумҳои одам ва инсонро шарҳ доданамон лозим аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арзандаи мафҳумҳои номбаршуда мебошад. «Мафҳуми одам абстракте нест, ки ба фарди алоҳида хос бошад. Мафҳуми одам дар ҳақиқат маҷмуи муносибатҳои ҷамъиятист».
Пеш аз оне, ки фарди алоҳида инсон бошад лозим аст, ки омилҳои худшиносӣ, интихоб, ихтиёрро тай кунанд. Мафҳумҳои одам ва инсон дар якҷоягӣ аз назари материализми таърихӣ (фалсафа) шахсиятро ифода мекунанд.
Дар ҳақиқат Ҷаноби олӣ ба ҳамаи мафҳумҳои номбаршуда арзанда мебошад. Аз аввали собиқаи кориаш дар қасри арбоб ба муносибатҳои ҷамъияти дохил шуда, онҳоро аз назари фалсафавӣ таҳлил карда дар кори ҳаррӯзааш истифода бурда истодааст. Оид ба мафҳуми инсон бошад Ҷаноби олӣ ба омилҳои он арзанда мебошад.
Худшиносӣ – ин баҳодии инсон ба мавқеъи дар ҷамъият ишғолкардааш мебошад, ки ба ин омил Ҷаноби олӣ дар фаъолияти худаш нишон дода истодааст.
Омили дуюми инсон ин интихоб мебошад, ки Ҷаноби олӣ роҳбарии Ҷумҳуриро интихоб кардааст, ки то ҳол мавқеъи интихобаш тағйир наёфтааст.
Омили сеюми инсон ин ихтиёр мебошад. Ихтиёр – ин синонимии озодӣ мебошад. «Озодӣ – ихтиёр ин зарурияти дониста мубориза бурдан мебошад».
Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фаъолияти 31-солааш озодона дониста мубориза бурдааст, яъне Ҷаноби олӣ ба ҳамаи омилҳои инсон аз назари фалсафавӣ арзанда мебошад. Бинобар Ҷаноби олиро ҳамчун шахсияти ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳо додан мумкин аст. Аз сессияи тақдирсозӣ XVI Қасри Арбоб сар карда, шахсияти Ҷаноби олӣ ҳамчун шахсияти ифтихорӣ таҷассум ёфтааст. Ҳар як шахсият вобаста ба мавқеъаш дар ҷамъият фаъолият мекунад ва такрор нашаванда аст. Ҷаноби олӣ низ дар фаъолияти 31-солаи худ исбот кард, ки шахсияти босавод метавонад раванди таърихро тағйир диҳад ва ин талабот дар фаъолияти ҳаррӯзаи Ҷаноби олӣ таҷассум ёфтааст.
Шахсияти ҳар як инсонро мавкеии дар ҷамъият ишғолкардаи он муайян мекунад. Аз ин лиҳоз, Ҷаноби олӣ яке аз олимонест, ки дар амалия талаботҳои сиёсиро иҷро карда, пас аз он хулосаҳои илмии худро дар китобҳояш «Забон ҳастии миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва ғайра навиштааст.
Чунин аст хулосаи фалсафавии ман оид ба шахсияти ифтихории Тоҷикистон барои Ҷаноби олӣ.
Олимов М.И ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1