9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолияти худро эълон дошт. Кишварҳои мухталифи ҷаҳон давра ба давра Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил эътроф намуданд.
Аз замони зуўри Истиқлолият Тоҷикистон роҳи минбаъдаи рушди давлати худро ба кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мувафиқ сохт
Замон ба сари ҳокимият шахсеро овард, ки тақдири эҳёи давлат ба дўши ў буд. Ин шахсияти таърихи арзанди содиқи Ватан Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба ҷасорат ва диди фарохи ў баҳои ҳаққонӣ додан камоли инсонист. Зеро дар ҳамон замони пурталотум иҷрои ин вазифа хеле гарон ва хатарнок буд.
Қаҳрамони Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустинаш ҷоннисории худро даҳҳо маротиба исбот сохта бо ҳамгироии мардуми кишвараш ба эҷоди давлати тозабунёд шарафёб гашт.
Вожаи «Истиқлолият» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор намуд, ки дар андак вақт сохтори давлатро ба меъёрҳои дунявӣ созгор намояд. Тоҷикистонро шинохтани зиёда аз 185 кишвари ҷаҳон далели равшании афкори хирадмандонаи роҳбарияти давлати тоҷикон аст. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, сохтмонҳои азимикишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид. Имрўз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби ватани озод ва давлати мустақил аст.
Хушбахтии мардуми тоҷик дар он аст, ки дар ҳама ҳолат сабру таҳаммулро пеша карда, маротибае ба марзу бум ва хоки кишвари дигаре чашми тамаъ боз накардааст. Ин худ рамзи ҳимматбаландӣ ва бо фарҳангии мардуми шарифи мост.
Бешубҳа, низоъ ва кашмакашҳои дохилии кишвар низ бо раъйи мардуми тоҷик рух надода, нақши хиёнаткоронаи душманони берунӣ ва нотавонбини давлати тоҷикон аст.
Новобаста аз душвориҳои зиёд. Билохир нерўи фарҳангии собиқа ба миллати тоҷик имкон дод, ки бинои давлати тозабунёди хешро бо эъҷози тафаккури офтобӣ бунёд созад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати давлати мустақил шинохта шудааст. Халқи тоҷик бори дигар собит сохт, ки тоҷикон миллати воҳид ва соҳибтамаддуну дорои забони фасеҳу равон мебошанд.
Оре, ин халқи забондону забондор ба ҳифзи ҳастии хеш хақ дорад ва кассе наметавонад мавҷудияти онро рад намояд. Барҳақ, шоир Бозор Собир хитоб мекунад:
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад, ватандор аст ў,
То забондор аст, бисёр аст ў.
То фаро расидани 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки дар ободӣ ва шукуфоии меҳан саҳми арзанда бигзорад. Нафаси озоди Ватан ва ободии он калиди дари иқболи мост.
Зикирзода Њ.,
коршиноси масоили сиёсӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев