Фазои сиёсии ҷаҳони имрӯза гувоҳи он аст, ки бисёр нерӯҳо дар хориҷ оромӣ, истиқрор ва суботи Тоҷикистонро намехоҳанд ва аз ҳар ҷиҳат талош меварзанд, ки вазъиятро ноором бисозанд. Таҳмили ҷанги бародаркуш дар солҳои 90 – уми асри гузашта ва ҳаводисҳои солҳои охир барои аз дохил заиф намудани пояҳои қудрат роҳандозӣ гардидаанд. Ба вуҷуд овардан ва ба қудрат расонидани терроризм дар Афғонистон, ва номуайян боқӣ мондани сарҳади давлатӣ бо Қирғизистон барои Тоҷикистон хатару таҳдидҳои эҳтимолиест, ки ҳар лаҳза метавонад ба воқеият табдил ёбанд. Муҳимтар аз ҳама раванду омилҳои манфии гумроҳсозию мағзшӯие, ки ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегиранд, мавҷи таҳдиду хатарҳоро дучанд мегардонад. Яъне, айни замон кишвари азизамон Тоҷикистонро фазое иҳота кардааст, ки беш аз ҳарвақта муттаҳидии кулли нерӯҳо ва дар умум миллати тоҷикро тақозо менамояд. Барои миллати мо тоҷикон фурсате фаро расидааст, ки аҳамияту моҳияти давлат бояд ҳамчун сақфи ҳимоят ва зарфи манфиатҳои ҳамагонӣ дарк гардида, ҳифзу устувории он ҳамчун ниҳоди асосӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ҳамчун арзиши ҳаётии умумӣ дар авлавият қарор дода шавад. Яъне, ҳамаи нерӯҳо ва мардум бояд бидонанд, ки имрӯз ҳифзи давлат асл аст. Бо вуҷуди доштани манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, ҳизбию сиёсӣ ва моддию арзишӣ набояд аз устувории давлат ва манфиатҳои милливу давлатӣ боло гузошта шаванд. Зеро танҳо дар сурати пойдорию устувории давлат амнияти шахс, ҷомеа ва худи давлат аз хатару таҳдидҳои эҳтимолии дохилию беруна таъмин карда мешавад. Ва агар дар чунин шароит фирефтаи гуфтаҳои дигарон гардем, ба қавле “шонс” – и худро аз даст медиҳем, дигар ҷамъ кардани Тоҷикистон ва миллати тоҷик имконнопазир мегардад!
Бо ҳифзи оромӣ ва нигоҳдории фазои сулҳу субот дар кишвар ва дар ин замина фароҳам овардани шароит барои пешрафту тараққиёти кишвар ба ҷаҳониён бояд аз азамати таърихии худ намунае диҳем. Намунае, ки аз доштани фарҳангу тамаддуни бузурги мо дарак медиҳад. Бояд барои дигар халқияту миллатҳое, ки иродаю тафаккури худро аз даст додаанд, намунае бошем. Ба он таърифу тавсифҳое, ки аз доштани маданияти баланди мо садо медиҳанд, содиқ бимонем ва нагузорем то таърихи миллати мо бо дасти дигарон рақам зада шавад.
Рустамов Суҳроб,
коршиноси масоили сиёсӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев