Ақвому милали аврупоиву ғарбӣ, ки дар садри фарҳангу тамаддуни имрӯзӣ қарор доранд, бар мабнои донишу мантиқ даврони наверо кафш намудаанд, ки бо номи “Замони Эҳё-Ренессанс” маъмул аст. Замони Эҳё ё Ренессанс (Ренессанс аз забонҳои фаронсавии “Renaissance”, италиявии “Rinascimento” ва лотинии “renasci” ба маънои “навтавлидшавӣ, эҳёшавӣ”) раванди бархӯрди илмию ақлонию мантиқӣ бо мушкилоту масоили зиндагӣ ва муҳимтар аз ҳама, ташхиси воқеиёти рӯзгорро таҷассум менамояд. Аз тарафи дигар, муқовимат ва мубориза бо элитаи сиёсию динии замон, ки дар институт-ниҳодҳои давлатию калисоӣ мунсаҷим мегардиданд, дар барномаи корӣ ва мафкуравии эҳёгарон ҷо гирифта буд. Ин аст, ки муқовимат ва мубориза алайҳи истибдоди сиёсию динии замон вазифаи намояндагони барҷастаи илму фалсафаи Замони Эҳё будааст. Ба ин тариқ, Эҳё дар Аврупо, ки аз асри 14 шуруъ шуда, дар имтидоди асрҳои 15-16 нуфузи чашмгире пайдо намуд, Ғарбро аз реша дигаргун сохт ва роҳро барои шикасти ҳукумати калисоӣ ва истибдоди мазҳабӣ ҳамвор кард.
Кӯшиши сохтану мавриди истифода қарор додани Барномаи Эҳёи асримиёнагӣ дар фазои кишварҳои исломӣ низ, ки таҳти нуфуз ва қудрати хилофати исломӣ қарор доштанд, дар асрҳои 8-9 дар миқёсу қаламрави ислом иттифоқ афтод. Ба ин маъно, дар асрҳои миёна, махсусан асри 8 таҳаввулоти фикрӣ ва тағйироти назарию маданӣ дар қаламрави хилофати исломӣ ба вуқуъ пайваст. Бавежа, дар давраи халифа Маъмун (786 - 833) роҳи гуфтугў ва муколамаҳои фарҳангӣ байни қишрҳои гуногуни динӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳамвор гардид. Халифа Маъмун, ки дастпарвари Оли Бармак буд, барои гуфтугўйи тамаддунҳои ғайриарабӣ ва ғайриисломӣ дар миқёси хилофат фазо ва шароити мусоиди фарҳангӣ ба вуҷуд овард. Маъмун, ки аз илму маданияти мардуми эронитабор огоҳӣ дошта, дар домони он фарҳангу тамаддун парвариш ёфта буд, ҳатто бархе аз намояндагони шадидтарин ҳаракати миллигаройии иронӣ - шуубияро дар “Байт-ул-ҳикма” соҳиби мақому мансаб карда буд (ниг.: Зарринкўб, Абдулҳусайн. Ду қарни сукут. Теҳрон, 1381. С. 289-301). Ба ин тартиб, дар давраи амири Аббосӣ Абўҷаъфар Мансур (754-775) наҳзати тарҷумаи осори юнонӣ, мисрӣ, ҳиндӣ шуруъ шуда, ин раванд дар замони ҳукуматдории Ҳорунаррашид (786-809) ва Маъмун (813-833) густариш ёфта, муносибати амирони Аббосӣ ба илму ҳикмат ва олимону донишмандон муътадил гардид ва шароити бози фарҳангӣ барои тарвиҷи илму фалсафа дар қаламрави хилофат ба вуҷуд омад. Дар ин давра китобҳои Уқлидус, Афлотун, Арасту, Буқрот, Ҷолинус ва соири донишмандону файласуфони юнонию румӣ тарҷума шуданд ва майдони баҳсу муҷодилаҳои илмӣ-фалсафӣ густарда гардид (ниг.: Сафо Забеҳуллоҳ. Таърихи улуми ақлӣ дар тамаддуни исломӣ то авосити қарни панҷум. Муҷаллади аввал.Теҳрон:Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1371. -С.44-45).
Вале замони Эҳёи мусулмонӣ дар мароҳили дигари таърихӣ ва салтанати амирони минбаъда варшикаста ва роҳи илму маориф аз тариқи омўзиши улуми фалсафӣ ва табиӣ-риёзӣ баста мешавад. Аммо, новобаста ба фишору таарӯзи сиёсию мафкуравӣ мардуми форсу тоҷик бо истифода аз имконоти фикрию сиёсӣ ва маданӣ дар роҳи бозсозии фикрию иҷтимоӣ ва ба вуҷуд овардани Эҳёи миллӣ қадамҳои устувор бардоштанд. Муҳмитар аз ҳама, замони салтанати сулолаҳои миллии Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён майдони муборизоти сиёсию фикрӣ ва маъанвию маданӣ боз шуд ва шароити муътадили муколимоти фарҳангӣ фароҳам омад. Албатта, дар фароҳам омадани чунин шароите нақши амирони хирадпарвари Тоҳирӣ, Саффорӣ ва Сомонӣ бузург мебошад. Ин буд, ки асрҳои нуҳуму даҳуми мелодиро дар қаламрави сиёсию фарҳангии Сомонӣ метавон ба унвони Даврони Эҳё ё Ренесанси форсии тоҷикӣ муаррифӣ кард.
Яке аз васила ва абзорҳои калидии таъсиррасонии фикрӣ ва муҳитсозии миллӣ забон аст. Ба ин далел, дар давраи давлатдории Сомониён ба забони миллӣ ҳамчун унсури ҳувиятсозӣ ва эҳёгарии миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд ва забони форсии тоҷикӣ минҳайси асли давлатдорӣ ва мафкурасозӣ авлавият пайдо намуд. Амирони хирадпарвари Сомонӣ бевосита дар ин раванд саҳм мегирифтанд ва ҷараёни омўзишу густариши забони миллиро ҷиддӣ назорат мекарданд. Дар он давра забони арабӣ, ки он замон забони илму маориф ва дин маҳсуб мешуд, тавассути сиёсати фарҳангии амирони дурандеши Сомонӣ ба маҳдудият мувоҷеҳ гардид, то ҷое, ки бо амри Мансур ибни Нуҳи Сомонӣ (961-984) «Тафсири кабири Табарӣ» ба забони дарӣ, яъне забони миллӣ тарҷума карда шуд. Уламо ва фақеҳони миллатдўсти Мовароуннаҳр дар ин амр ба чунин фатво ҷасорат карданд: “Раво бошад хондан ва набиштани тафсири Куръон ба порсӣ мар-он касро, ки ў тозӣ надонад” (ниг.: Малоирӣ М. Таърих ва фарҳанги Эрон дар даврони интиқол аз асри Сосонӣ ба асри исломӣ. Ҷилди аввал. -Теҳрон, 1372. -С. 138). Ин навъ ибткорот аз ҷуръату ҷасорати фарзандони барӯманди миллат дар замону макони мушаххасти таърихӣ дарак медиҳад.
Мутаассифона, Эҳёи миллӣ дер давом накард ва баъди сари қудрат омадани сулолаҳои турктабор ва муғулнажод дар қаламрави бумӣ воқеиёти дигар, ки ба миллияти форсии тоҷикӣ ҳеҷ иртиботе надоштанд, русух пайдо карданд. Афкори хурофабунёд ва сиёсати миллиситез дар минтақа машрӯият касб кард ва таассубу хурофоти мазҳабӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ решадор гардид. Ҳарчанд ки дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ низ равшанфикроне буданд, ки бо ибтикороти худ талош варзиданд, ки мардуми минтақаро аз ҷаҳлу нодонӣ ва бегонапарастӣ наҷот диҳанд, вале ба таври куллӣ, раванди такмил ва таҳкими андешаи миллӣ ва Эҳёи суннатҳои аҷдодӣ аллакай ба бунбаст мувоҷеҳ гардида буд.
Дар муддати тақрибан ҳазор сол, ки тоҷик аз давлат ва ҳукуматдорӣ бенасиб буд, Эҳёи миллӣ ба нокомӣ мувоҷеҳ гардид ва тасмимоту ибтикороти мутафаккирону адибони миллӣ дар доираҳои маҳдуди иҷтимоӣ тадовум пайдо карду халос. Дар садаи бист устод Айнӣ, академик Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода барин фарзандони фарзонаи миллат роҳи Эҳёи фарҳангу тамаддуни тоҷикиро тай намуда, дар ин масир устуворона қадам бардоштанд. Вале ҷанги ҳамватанӣ, ки ибтидои солҳои навадуми асри гузашта ба вуқуъ пайваст (солҳои 1992-1997), тамоми ибтикороту ташаббусоти миллиро ба ҳам зад ва давлату ҷомеаро дар ҳоли карахтию беҳаракатӣ нигоҳ дошт.
Аз нимаи дуюми солҳои навадуми асри гузашта сар карда, марҳилаи тозаи эҳёгарӣ дар марзбуми мо тадовум пайдо намуд. Дар ин марҳила воқеият ва ҳассосиятҳои дигаре, аз қабили бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ, пайгирии манофеи миллӣ, нуфузи чашмгири пантуркизми минтақавӣ, фаъол шудани гурӯҳҳои тундраву ифротгарои динӣ ва ташаннуҷи хурофоту таассуби мазҳабӣ вазъи эҳёи фарҳангу тамаддуни миллиро дар шароити хоси таърихӣ ногувортар месозад. Қатъи назар аз мушкилот ва таҳдиду хатароти минтақавию глобалӣ раҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нухбагони илмию мадании дохилию хориҷӣ, ки миллияти тоҷикӣ доранд, дар самти ҳифзу нигаҳдошти мероси бостонӣ ва эҳёи арзишҳои куҳанбунёди миллӣ ҷаҳду талоши фаровон меварзанд ва аз ин тариқ раванди Эҳёи миллиро вусъати тоза мебахшанд.
Н. Нуров,
пажуҳишгар
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев