Дунявият низомест, ки ҳамаи умури иҷтимоӣ дар асоси додаҳои илмӣ созмон меёбад ва пайдоиши он мабнӣ бар замонест, ки улуми табииву риёзӣ инкишоф ёфт, низоми нави истеҳсолоти саноатӣ ба вуҷуд омад ва башарият аз тарзи идоракунии динмеҳвар даст кашид. Дар аксар кишварҳои ҷаҳон дар тули таърих муддати мадиде низомҳои динмеҳвар ҳокимият доштанд, ки танзими ҳамаи умури иҷтимоӣ бар дасти онҳо буд. Тақрибан тули ҳазор сол аз замони дини расмии империяи Рим эълон шудани масеҳият то қарни қарни 13 дар Аврупо тамоми танзими умури сиёсию иҷтимоӣ бар души рўҳоният ва калисо буд. Онҳо бо такя кардан ба аҳкоми динӣ ҳатто андешаи инсонро дар мавриди ҷаҳон инсон ва донишу ҷомеа маҳдуд карда буданд. Дар ҷаҳонбинии динмеҳвар ҳама ҳаводиси табиию иҷтимоӣ эъҷози моваротабии аст. Ҳодисоти олам ба иродаи фавқутабии рӯй медиҳанд ва инсон ҳеҷ таъсире дар дигар кардани онҳо надорад. Низоми сиёсию иҷтимоӣ низ чунин шарҳу тафсир меёфт, ки ин низом низ ба иродаи осмонӣ марбут буда, инсон дар тағйири он ҳеҷ таъсире гузошта наметавонад. Ҳамин буд, ки инсоният дар тули таърихи мавҷудияти худ ки дар низоми динмеҳвар ба сар бурдааст, танҳо ба ҳайси як мавҷуди вобаста ва моҳияташ бо бандагиву таллақӣ мешуд. Дар дарозои ҳазор сол кишварҳои аврупоӣ дар чунин ҷомеаи бастаи таассубзадаи пур аз фишору таадӣ ба сар бурдаанд ва танҳо дар асри 13 ором-ором тобиши нурҳои хирад яхи таассубу хурофоти динии аврупоиёнро ба зудудан оғоз кард. Дар ин аср донишмандоне зуҳур карданд, ки бар хилофи ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмии динӣ қарор гирифта назарҳои нави аз лиҳози улуми табиатшиносӣ ба субут расидаро мавриди баррасиву арзёбӣ қарор доданд. Ин аср замони зуҳури донишмандоне аз қабили Николай Коперник, Ҷордано Бруно, Галилео Галилей, Томас Мор, Томазо Компанелло ва дигарон буданд, ки бо андешаҳои нав низоми куҳнаи ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмӣ, танзими умури иҷтиморо мавриди интиқоди шадид қарор доданд. Аз назарияи гелеосентрикии Коперник шурўъ намуда, ором-ором асосҳои ҷаҳонбинии теологӣ мавриди шакку тардид қарор гирифтанд. Ин кашфиётҳо заминае гардиданд, то догматизми динии асримиёнагӣ бебунёдии худро собит намояд. Пас аз Коперник Ҷордано Бруно таълимоти табиатшиносии хешро дар ин самт идома дода, ў ба маърифати табиат мепардозад. Ў ҳамбастагии заррот ва ҳамеша дар ҳоли мутааррик будани оламро баррасӣ менамояд. Тассаввурот дар бораи тағйироти куллии табиат дар бораи ҷараёни пайдоишу нестшавии ашёҳо ва аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузаштани падидаю предметҳоро Бруно собит месозад. Пас аз он Галилео Галилей дар заминаи кашфиёти Коперник ба кайхоншиносии илмӣ асос мегузорад ва бори аввал дар заминаи мушоҳидаву таҷриба космологияи собиқро мавриди интиқод қарор медиҳад. Ў масъалаҳои механикаро ҷамъбаст намуда, ба таври таҷрибӣ вазндории ҳаворо муйян кард ва мунтазам афзудани суръати ҳаракати ҷисмро муайян кард, ки ҳама ҷисмҳо ҳангоми афтодан бо суръати якхела ҳаракат мекунанд. Дидгоҳи Галилео Галилей як дидгоҳи наве буд, яъне дидгоҳи механикӣ, ки ба дидгоҳи динӣ сахт дар мухолифат қарор дошт. Галилей мегуфт, ки ҳангми омўхтани табиат на аз эътибори Библия, балки аз таҷрибаю мулоҳизаҳои мантиқӣ бояд шурўъ кард. Ў мегуфт бояд дин ба эътиқод сару кор дошта бошад ва илм бо табиат. Аз тарафи Галилей кашф шудани ситораҳои нав мушоҳидаи пайдо ва несшавии доғҳои офтоб, ҳаракати саёраҳо, догмаи диниро ки тибқи он ҷисмҳои осмонӣ ки офариниши иллоҳианд, комилу абадӣ ва фаннонопазир мебошанд, инкорнопазир мебошад.
Дар мавриди вуҷуди давлат ва шинохти он низ то қарни 13 назарияи қудсии (теологии) давлат дар Аврупо ҳоким буд, ки тибқи он давлат офаридаи илоҳӣ талаққӣ мешуд. Низоми асосии давлат ва маншаъи қонунгузории он на зиндагии инсонҳо ва арзишгузории худи инсон, балки матнҳои динӣ ва арзиши илоҳёт муқаррар менамуд. Танҳо дар замони Эҳё ва даврони равшангарии Ғарб мутафаккироне зуҳур намуданд, ки назарияи илоҳии давлатро ба боди интиқод кашиданд. Онон тарзи нави идоракунии иҷтимоӣ ва фаҳмиши навини давлатро ба миён гузоштан ва пайгирӣ аз ислоҳи вазъи сиёсии давлат дар Аврупо шуданд. Томас Гоббс комилан назарияи теологии давлатро рад намуд ва онро “ҷисми сунъӣ”- аз тарафи инсонҳо сохташуда унвон кард. Зуҳури донишмандоне амсоли Николло Макаивелӣ, Сипиноза, Гротсий, Ҷон Локк, Томас Гоббс, Жан Жак Руссо дарку фаҳми наверо дар фаҳмиши давлат ва идораи иҷтимоӣ ба миён овард. Маҳз бо таълифоти ин донишмандон назарияи шартномавии давлат арзи ҳастӣ менамояд. Назарияи шарномавӣ ин назария таърихи дурру дароз дошта дар ҳар якмарҳилаи таърихӣ мазмуну шаклиҳои ба худ хос гирифтааст. Моҳияти ин назария дар он аст, ки давлат дар натиҷаи бастани шартнома байни ҳокимон ва мазлумон пайдо шудааст. Сабабҳои бастани шартномаро мутафаккирон мухталиф шарҳ медиҳанд. Дар давраи инқилобҳои буржуазӣ пайдоиши шартномавии давлат дар шакли назарияи шартномаи ҷамъиятӣ баромад мекунад. Чунин ақидаро Спиноза, Гротсий, Локк, Гоббс, Руссо ва дигарон баён доштанд. Мувофиқи он ҷамъиятӣ инсонӣ ду марҳилаи таърихиро аз сар мегузаронад: ҳолати табиӣ, вақте, ки давлат набуд; ҷамъияти шаҳрвандӣ, ки вуҷуди давлатро талаб мекард.
Гузариши инсоният аз як марҳилаи якум ба марҳилаи дуюм таввасути «Тааҳуди иҷтимоӣ» сурат мегирад, ки он байни мардум ва сардори давлат амалӣ гардонида мешавад. Гоббс ҳолати табиии одамонро ҳамчун «ҷанги ҳама бар муқобили ҳама» тасвир кардааст. Ҳамин дидгоҳи илмиро пас аз мутафаккирони Замони Эҳё ва аҳди Равшангарӣ ҳазорон ҳазор донишмандони дигар дар саросари ҷаҳон идомат бахшиданд.
Аз ин ба баъд аст, ки Аврупоиён низоми дунявии давлатдориро ҳамчун шеваи асосӣ ва бунёдии идоракунии иҷтимоии хеш қарор медиҳанд. Зеро дар ин низом тамоми аносир ва захоири сиёсӣ барои беҳбуди зиндагонии дунявии инсон равона карда мешавад. Маҳз дар ин низом дину бовар аз кори дастаҷамъӣ ва сиёсӣ ба амали фардӣ мегузарад. Риоёти ҳуқуқу озодиҳои инсон дар муқарароти қонунӣ кафолат дода мешаванд.Ҳамин тавр низоми дунявӣ ва зуҳури давлат миллатҳо дар Аврупо шакл гирифтанд ва муқтадир гардида тавонистанд, бо меҳвари тамоми арзишҳо қарор додани инсон ва зиндагии инсонӣ як низоми сиёсии то андозае солимро рӯи кор оваранд, ки тавассути он инсонҳо ба рифоҳ васаодату осоиши нисбӣ бираснд. Низоми омӯзишу парвариши дунявӣ имкон медиҳад инсонҳо дастрасии бештар ба улуми табиву риёзӣ ҳосил намуда, дар ин замина ҳазорн навъи фанноварӣ ва ихтироъи навинро ба миён оваранд. Натиҷаи он ба ниҳодинашудани илм ва ба нерӯи истеҳсолӣ табдил ёфтани он мегардад.
Инсоният танҳо бо роҳи шинохти илмӣ дар садсолаҳои охир тавонистааст, сатҳу сифати зиндагии хешро комилан иваз намояд ва ба дастовардҳои бузургтарини илмию технологӣ даст ёбад ва аз ин тариқ ниёзҳои моддию маънавии хешро бароварда кунад. Имрўз кишварҳое, ки дар сатҳи минтақаву ҷаҳон ҳарфи аввалро мезананд ва қудрати минтақавию ҷаҳониро дар даст доранд натиҷааш дарёфти донишҳои мантиқиву илмӣ аст, ки аз роҳи татбиқи онҳо тавонистаанд худро ба қудратҳои минтақавӣ ё ҷаҳонӣ табдил диҳанд. Ин кишварҳо низ замоне таассубу хурофот ва донишҳои диниро меҳвари асосии идоракунии сиёсии худ қарор дода буданд, вале давоми 500 соли охир донишмандону мутафаккирон ва равшанфикрони ин ҷомеаҳо зина ба зина сатҳу сифати донишҳои илмиро боло бурда, онҳоро ба роҳнамои асоси илмидошта ҷанбаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеаҳои хеш табдил додаанд. Имрўз дар ин гуна ҷомеаҳо дин ва бовару эътиқодоти динӣ танҳо кори фардӣ аст ва ҳар инсон дар бовару эътиқоди хеш озод аст ва метавонад ин ё он бовару эътиқод ё ҳеҷ як аз онро напазирад. Ҷомеаи дунявӣ, ки асоси он илмгароист ҷомеаест, ки дар он нақши ҳалкунандаро зеҳният ва тафаккури инсонӣ месозад. Ҳамаи мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ аз роҳи таҳлилҳои дурусти илмию мантиқӣ муай ян карда шуда роҳҳои ҳалли он пешбинӣ мешаванд. Ҳамин аст, ки дар ин гуна ҷомеаҳо сармояи асосӣ зиёиён ва мутафаккирони ин ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ҷомеаи дунявии илмгаро танҳо ба андешаи инсоният ва қудрату нерўи зеҳнии он такя мекунад ва кам кардани мушкилотро дар роҳи маърифати баланди ҳамагонӣ медонад. Шаҳрвандони ин навъи ҷомеа ҳар кадоме дорои ҳуввият, шахсият ва андешаи худ буда, бо роҳи хираду дониш ва кушишу ҷадал сатҳу сифати зиндагии хешро аз роҳи ақлу хирад боло мебаранд. Ҷомеаеро созмон додаанд, ки дар он арзиши олиро зиндагии инсон ва рифоҳу осоиши он ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки дар ин навъи ҷомеа донишҳои асосиилмидошта ҷойгоҳи вижаи худро доранд ва олиму мутахассис ба ҳайси меҳвар ва пешбари он шинохта шудаанд.
Таҳлилҳои боло баёнгари онанд, ки татбиқи дурусти низоми дунявӣ ва шинохти арзишҳои дунявият тавонистааст дар иддае аз кишварҳои ҷаҳон омили асосии пӯёӣ, рушд, рифоҳ ва саодати табаияти ин кишварҳо гардад. Дар ин росто, моро низ зарур аст арзишҳои ин низомро дуруст бишносем, ҷиҳати пойдории сохтмони давлати миллии дунявӣ бо такя ба дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаҳои амалан собитшудаи тамадуни ҷаҳонӣ низоми сиёсии хешро тақвият диҳем ва дар ин самт хешро масъул ҳисобем.
Исомиддин Шарифзода,
номзади илмҳои фалсафа
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев