Иқболифлоси бадзот чун имрӯз аз ҳамаи ҳиллаву найрангбозиҳои гурӯҳаш ба пуррагӣ ошкор гардид, рӯйрост ба гапфурӯшиву талбандагӣ даст зада, соатҳо дар барномаи «Минбари муҳоҷир» қалбкориву сафсатабофӣ намуда, дар баромадҳои бемазмуну мантиқи худ пайваста талош менамояд тоҷику Тоҷикистонро ба вартаи нобудӣ, фалокат ва ҷаҳолат бурда, мардумро гумроҳ ва сарсону саргардон намояд. Ин тангназарони авомфиреб кӯшиш менамоянд дар зеҳни мардум кинаву адоват ҷой гардида, падар бо писар ва духтар ба модари худ боварӣ ва эҳтиром надошта бошад. Ҳар як нафар тоҷикро ба муқобили якдигар бархезонда аз кишвари тинҷу осуда осоре намонад. Онҳо сари ҳар вақт дар суханрониву мусоҳибаҳо мардумро ба шуру иғво ва парешониву ноормӣ даъват намуда, маҳз барои амалӣ намудани ин нақшаҳои сиёҳ ҷаҳду талошҳо намуда, дар роҳандозӣ намудани кирдорҳои ғайриинсонии худ шабу рӯз талош карда истодаанд. Аммо ҳар як фарди бо нангу ори кишвар ин адуёни хиёнатпешаи сарсаригарди террористро, ки Ватану миллат ва нангу номус надоранд, мешиносанд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аз байн бурдану решакан намудани он кӯшиш намуда истодаанд. Ҳизби наҳзати ислом низ дастпарварди ҳамин ташкилот буда, айни замон фаъолияти муғризонаи худро бо роҳнамоии онҳо дар зери пардаи ислом, ки дар парешону ноором кардани давлату миллати тоҷик зуҳур меёбад равона месозад. Ин ҷиноятпешагони мансабталош як нуктаро фаромӯш намудаанд, ки ҳамаи амалкардҳое, ки то имрӯз аз ҷониби ин сияҳкорон ва роҳбарони онҳо ба сари мардуми тоҷик оварданд ва кишварро ба чандин даҳсолаҳо қафо бурд ҳаргиз фаромуш намегардад. Чи тавре ки мо имрӯзҳо шоҳид ҳастем ва бо чашми сар мебинем, ин одамсуратони девсират дар дунёи пуркини худ ғутавар гардида, ғуломи якумраи дари корфармоёнанду, бо иғвогарӣ, дурӯғпароканӣ ва дасисабозӣ зиндагӣ ва ҳаёти худро сохтаанд. Ин афроди бешарафи бенангу номуси терраристони наҳзатӣ, ки Ватану миллат надоранд танҳо баҳри манфиатҳои шахсӣ, ҳирсу талош ба мансаб то имрӯз шармандаи оламиён гардидаанд. Ин адуёни нотавонбини ҷиноятпеша, ки шукуфоӣ, пешрафту тарақиёти Тоҷикистони соҳибистиқлолро дида чун мӯй дар оташ месӯзанд ин навбат боз мехоҳанд сенарияи солҳои қаблиро бори дигар такрор намоянд. Иқболифлос бо сафсагӯӣ, дурӯғпароканӣ ва иғвогарӣ ба худ минбар сохта, мехоҳад теъдоди чун худ хиёнаткору гумроҳонро биафзояд, ва бори дигар теша ба решаи тоҷик бизанад, ки ин барояшон ҳаргиз муяссар намегардад. Мардуми бузурги Тоҷикистон баъди он ҳамаи ҷонбозиҳои фарзандони бо нангу ор ва ба даст овардани истиқлолият, имрӯз тавонистанд кишварро дар арсаи байналмиллалӣ муарифӣ намоянд. Наҳзатиёни фосиқи динзада ва гурӯҳи кории ӯ ҳар дафъа бо рангу тобишҳои гуногун бо роҳнамоии корфармоёнашон ба чашми мардуми мусалмон хок пошида бо фиребу найранг ва забонбозӣ саҳнатозӣ намояд ҳам, мардуми тоҷик чеҳраи аслии ин динзадагони фосиқи намакношиноси иғвогарро мешиносанд.
Шахсе ки ба меҳани худ як сари мӯй ҳам хизмат накарда ба ватану миллати худ хиёнат мекунад ва барои ӯ муққадасоти Ватан-Модар вуҷуд надорад тоҷику Тоҷикистони нест, ва чунин нафар ҳатто ҳуқуқи маънавии аз номи мардуми тоҷик сухан гуфтан ҳам надорад.
Гурдофариди Даврон
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев