Дар охирҳои солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум дар шароити Тоҷикистон омилҳои мухталифе пайдо гардида буданд, ки мамлакатро ба моҷарои сиёсӣ кашиданд. Вобаста ба мавзӯи пурбаҳсу фаррохи воқеаҳои февралии соли 1990 ақидаи муҳаққиқону коршиносон ва таърихнигорон гуногун аст. Дар ибтидои соли 1990 қувваҳо ва нерӯҳои гуногуне пайдо шуда, кӯшиш намуданд, ки ба раванди сиёсӣ таъсир расонанд ва тадриҷан низоми идораи корҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро зери таъсири худ нигоҳ доранд.
Яке аз аввалин ташкилот, ё иттиҳодияи ҷамъиятие, ки дар саромади зиддиятҳо ва муқовиматҳои сиёсии Тоҷикистон қарор гирифт, созмони «Растохез» ва баъдтар ТЭТ ҲНИ буд. Яъне аз ҳамон вақт ҲНИ рӯи кор омад. Дар ин бора низ муовини вақти раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон Отахон Латифӣ ҳанӯз дар давраи аввали ташкили чунин ҳаракатҳо гуфта буд, «Вақте ки барнома ва низомномаи ташкилоти «Растохез» ба Совети Вазирон ворид шуд, на ҳамаи пешниҳодоти онро қобили қабул донистанд. Ҳоло дар мамлакат низоми ба расмият шинохтани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мавҷуд набуд». Сониян, сарварони «Растохез», ТЭТ ҲНИ ва дигар ташкилотҳои ғайрирасмиву ғайридинӣ дар мубориза барои соҳиб шудан ба мандати депутатӣ ноком гаштанду ҷонибдоронашон дар парламент мақоми сазовор пайдо накарданд ва онҳо даст ба тазоҳуроти пайваста ва доимӣ заданд. Ҳадаф аз онҳо фишор овардан ба мақомоти ҳизбиву давлатӣ буд. Онҳо мақсад доштанд, ки муносибати мардумро бад намоянд.
Иттиҳодияи навтаъсиси ТЭТ ҲНИ фаъолияти маҳалгароию миллатгароиро дар байни донишҷӯён ва ҷавонон ривоҷ дода, тавассути варақаҳо ва овозаҳо афкореро ба мардум талқин намуд, ки гӯё роҳбарият аз уҳдаи идораи корҳои давлатӣ намебарояд. Эҳсос мешавад, ки иттиҳоди бо ном мардумии «Растохез» ва ТЭТ ҲНИ бо қисмати иртиҷоии рӯҳониён, махсусан, бо бунёдгароёни исломӣ пайваст гардида, мардумро ба ҳар гуна эътирозҳо ва саркашиҳои шаҳрвандӣ даъват менамуданд.
Дар рӯзҳои 11-14 феврали соли 1990 гирдиҳамоии оммавие, ки асосан, тавассути даъвати рӯҳониён бо роҳбарии пайравони ТЭТ ҲНИ, «Растохез» ва бо ҳамдастии баъзе сиёсатмадорони ифротӣ ба миён омада буд, вазъияти ҷамъиятию сиёсии мамлакатро пуршиддат ва муқовиматбор намуд. ТЭТ ҲНИ мардумро зидди ҳам гузошта, инкишофи мутаносиби мамлакатро халалдор намуд. Дар баробари ҲНИТ низ нерӯҳои гуногуни сиёсӣ пайдо гардида, кӯшиши аз сари қудрат дур намудани элитаи сиёсии ҳукмронро ба миён оварданд.
Воқеан, гирдиҳамоиҳои аввалин рӯзи якшанбе, 11-уми феврал, соати 1500 дар назди бинои КМ ҲК ташкил шуд. Дар назди бинои Комитети Марказӣ асосан ҷавонон, одамони калонсоли ришдор, ки баъдтар аъзои ТЭТ ҲНИ будани худро тасдиқ намуданд, ҷамъ шуданд. Аз ҳолати назди КМ аъзоёи ТЭТ ҲНИ истифода карда, тарғибҳои тундгароёна мебурданд. Баъдтар дар кӯча зиёда аз 30 нафар наврасону ҷавононро ҷамъ карда, даъват намуданд, ки муқобили ҷорӣ намудани вазъияти фавқулодда эътироз намоянд, гирдиҳамоию намоишҳоро пай дар пай ташкил кунанд.
Президенти вақти ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамов дар суҳбати ихтисосиаш дар маҳфили «Гуфтугӯйи тамаддунҳо»-и Иброҳим Усмон дар иртибот ба ҳаводиси февралӣ таъкид карда буд, ки: «ҳатто ин гапҳо низ буд, ки дар намозгоҳҳо ба мардуми ибодаткунанда мегуфтанд, ки фардо ба митинг меравед, агар наравед, занатон талоқ!». Ӯ инчунин гуфтааст, ки «собиқ қозии ҷумҳурӣ А.Тураҷонзода шахсан овозаро дар бораи ба арманиҳо додани хонаҳо дар Душанбе паҳн карда буд».
Сатҳи иштирок дар гирдиҳамоӣ гуногун буд. Яке аз рӯи ҳавас, дигаре барои тамошо ва дигаре аз хотири дифои кадом «манфиатҳо» ва чорумин бо даъвати иттиҳодияҳои навташкили ғайрирасмӣ вориди майдон гардида буданд. Ба майдони гирдиҳамоӣ наздик шудан ва ё ҳамроҳ гаштан чандон мушкилӣ надошт, аммо аз он хориҷ гардидан чандон осон набуд. Зеро ТЭТ ҲНИ кайҳо нақшаи тазоҳуроти дарозмуддат ва шиддатноки гирдиҳамоиро кашида буд.
Рӯзи 12-уми феврал, соати 1000 гирдиҳамомадагон пароканда шуданд. пайравони ТЭТ ҲНИ изҳор доштанд, ки ба зудӣ бо яроқ бармегарданд. Ҳамин буд, ки баъди аз нав ба ҳам омадани тазоҳуркунандагон, тақрибан соати 1600 дар майдон овози тир шунида мешуд. Ҷамъомадагон то соати 9-и бегоҳ доду фарёд намуданд.
Дар натиҷа, он бегоҳ 24 мағоза, 22 муассисаи хизматрасонии маишӣ ва хӯроки умумӣ, 6 бинои маъмурӣ, 2 кинохона, 2 бонки амонатгузорӣ, 1 троллейбус, 1 автобус, 2 мошини боркаш, 3 мошини милитсия, 3 мошини ёрии таъҷилӣ аз ҷониби ТЭТ ҲНИ вайрон ва осеб диданд. Мақомоти низомӣ ва қудратии мамлакат кӯшишҳои зиёд ба харҷ медоданд, то вазъиятро ором намоянд. Аммо тазоҳуркунандагони ТЭТ ҲНИ ба ҳеҷ кас гӯш намедоданд. Онҳо ҳар амалеро, ки мехостанд анҷом медоданд. Ҳарчи ба хаёли тазоҳуроткунандагон меомад, мегуфтанд. Аз чунин ҳол бисёр гурӯҳҳо истифода намуданд. Аз ҷумла, як гурӯҳ ходимони динӣ ғазаби мардумро ба манфиати худ истифода бурда, мехостанд, нуфузу эътибори худро баланд бардоранд. Онҳо иброз медоштанд, ки «ҳукумат қудрати идора кардани давлатро надорад, онро бояд ба мо диҳад». Ҳатто ТЭТ ҲНИ мардумро ба ҷиҳод даъват мекард.
Бояд тазаккур дод, дар фаъолияти ТЭТ ҲНИ, ки зери шиорҳои ташаккули сохти нави иҷтимоӣ бо истифода аз нерӯҳои дигари сиёсӣ, аз ҷумла, гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил амалӣ мегардид, тамоми аломатҳо ва хусусиятҳои шаклгирии табадуллоти давлатиро пайдо намудан мумкин буд. Ҳодисаҳои февралӣ дар Тоҷикистон, ки ба таври мақсаднок ба амал омаданд, ба ҳадафҳо ва натиҷаҳои дилхоҳ нарасиданд. Нерӯҳои тазоҳуркунанда шикаст хӯрданд.
Самандар Ҳакимов,
таҳлилгар
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев