ИМПЕРИЯИ ҶАҲОН
Эъломияи Куруши Кабир, ки бо номи «Устувонаи Куруш» маъруф аст, аз афкори башардӯстонаи дини зардуштӣ, ки дар пояи «Пиндори нек, рафтори нек, кирдори нек» асос ёфтааст, маншаъ мегирад, «шояд намунаи нахустини Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният бошад». Ҳарф сари он аст, ки оини баробариву бародарӣ, ҳамзистию ҳамбастагӣ, ҷавонмардиву олиҳимматӣ дар ниҳоди тоҷикон реша ба умқи таърих доштааст ва ин андешаро академик А. Раҳмонзода чунин қаламдод намудааст: «тоҷикон баробари рушди фарҳангу адабиёт аз давраҳои бостон бо мардумони гуногун робитаҳои зичи дӯстона барқарор намуда, ҳамеша кӯшиш ба харҷ медоданд, ки дар фазои сулҳу салоҳ ва якдиливу бародарӣ умр ба сар баранд. Ҳамин андешаи ҳамзистии дӯстонаро аввалин маротиба Куруши Кабир дар Эъломияи худ ҷой дода, мардумро ба ҳамдинию бародарӣ даъват намуда буд». Овардани матни комили эъломияро дар ин навишта зарурат шуморида, ифтихор аз он менамоем, ки ниёгони боиззатамон аз қаъри асрҳо, ба василаи ин дастури пазируфтанӣ насли инсонро ба таҳаммулпазириву роҳи рост ҳидоят ва роҳнамоӣ мекунанд.
«Манам Куруш, ки шоҳи шоҳон, шоҳи бузург, шоҳи нерӯманд, шоҳи Бобул, шоҳи Сумер ва Акад, шоҳи чаҳор мамлакат, писари Камбуҷия, - шоҳи бузург, навосаи Куруш, шоҳи бузург аз шохаи салтанати абадӣ, ки салтанаташ мавриди худоён ва ҳукуматаш ба дилҳо наздик аст. Вақте ки бе ҷангу ҷидол вориди Бобул шудам, ҳама мардум қудуми маро ба шодмонӣ пазируфтанд. Дар қасри подшоҳони Бобул ба сарири салтанат нишастам. Мардук – худои Бобул дилҳои наҷиби мардуми Бобулро мутаваҷҷеҳи ман кард, зеро ман ӯро муҳтарам ва гиромӣ доштам. Лашкари бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд. Нагузоштам садама ва озоре ба мардуми ин шаҳру ин сарзамин ворид ояд. Вазъи дохилии Бобул ва амкинаи муқаддаси он қалби моро такон дод. Фармон додам, ки ҳама мардум дар парастиши худои худ озод бошанд ва бединонро наёзоранд. Фармон додам, ҳеҷ як аз хонаҳои мардум хароб нашаванд. Худои бузург аз ман хурсанд шуд ва ба ман, ки Куруш ҳастам ва ба писарам Камбуҷия ва тамоми лашкари ман аз роҳи иноят баракати худро нозил кард. Подшоҳоне, ки дар ҳама мамолики олам дар сарзаминҳои худ нишастаанд, аз дарёи боло то дарёи поин ва подшоҳони Ғарб тамоман хироҷи сангин оварданд ва дар Бобул бар пойҳои ман бӯса заданд. Фармон додам, ки аз Бобул то Ошӯр ва Шуш ва Акад... Ва ҳамаи сарзаминҳое, ки дар он тарафи Даҷла воқеанд ва аз айёми қадим бино шудаанд, маобидеро, ки баста шуда буд, бикушоянд. Ҳама худоёни ин маобидро ба ҷойҳои худ баргардондам, то ҳамеша дар он ҷо муқим бошанд. Аҳолии ин маҳалҳоро ҷамъ кардам ва манозили онҳоро, ки хароб карда буданд, аз нав сохтам ва худоёни Сумеру Акадро беосеб ба қасрҳои онҳо, ки «шодии дил» ном доранд, боз гардондам. Сулҳу оромишро ба тамоми мардум ато кардам».
Ҳадафи аслӣ ва умдаи инҷониб аз хусуси корномаи газанднописанди ҷадди бузургамон Куруши Кабир ёд кардан он аст, ки Куруши Кабир – барпокунандаи нахустин империяи ҷаҳонӣ бо риояти ҳуқуқи башар буда, ба ҳайси номдортарин чеҳраи сиёсӣ дар арсаи ҷаҳон шинохта шудааст. Эъломияи интишорёфтаи ӯ нодиртарин бозёфти таърихӣ ба мисоли мояи тафохурот ва ганҷинаи пурбаҳоест, ки аз хамирмояи заковату асолати фарҳанги ориётаборон ба мо нақл ёфтааст. Ба қавли фарзанди фарҳангпарасти миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳаншоҳ Куруши Кабир «яке аз ситораҳои дурахшони тамаддуни ориёӣ, ки дуюним ҳазор сол аз ин муқаддам қавмҳои парокандаи ориёиро аз домани қуллаҳои Ҳимолой то қаторкӯҳҳои Қафкоз ва аз канори рӯди Сир то соҳилҳои баҳри Миёназамин таҳти парчами худ муттаҳид сохта, чун падари воқеии ориёнажодони Осиё эътироф гардид». Насли имрӯзу фардои моро мебояд, ки аз рӯзгори ин шахсияти нотакрори дунёи таърих иттилои комилтару бештаре дар ихтиёр дошта бошанд.
Пешвои миллат дар китоби дуюми хеш «Тоҷикон дар оинаи таърих» низоми давлатдории Ҳахоманишиниёнро бо санадҳо аз сарчашма ва маъхазҳои саҳеҳи таърихӣ ба риштаи таҳрир кашидааст. Давлати Ҳахоманишиниён аз пурқудратарин ва паҳновартарин давлат буда, асосгузори он Куруши Кабир маҳсуб меёбад. Империяи Ҳахоманишиниён вилоятҳои Бохтару Суғд ва Хоразмро бо ҳам муттаҳид сохта, қавму халқиятҳои ҳамхуну ҳамзабони сокини кишварҳои мухталифро дар ҳифозати марзу бум, фарҳангу суннатҳои аҷдодӣ сафарбар намуд. Аҷобат он аст, ки муаллиф бо истифода аз усули муқоиса аз бисёр ҷиҳат низоми давлатдорӣ ва дастгоҳи идоракунии ин хонадонро мушобеҳ ба сохти давлатдории Иттиҳоди Шуравӣ дониста, таъриф намудааст, ки «Котиби аввали ҳизби коммунист, роҳбари аввали Шурои вазирон ва Шурои Олӣ одатан аз мардуми маҳаллӣ интихоб ё таъин карда мешуд, ки мебоист ҳамаи дастурҳои додаи марказро бечуну чаро адо мекард ва ташкилоту идораҳои сершуморе, муассисаҳои давлатӣ ва оммаи халқро водор месохт, ки аз барномаи пешниҳоднамуда ва роҳи нишондодаи мақомоти марказӣ берун нараванд». Бо ҳамин шева идоракунии давлат низоми давлатдории Ҳахоманишиниён ба роҳ монда шуда буд. Ин сохти нигоҳдошти давлат дар қиёс ба ҳукуматронии сулолаҳои пешин бартарият ва афзалияти хосро ба худ доро буд. Муаррихон замони шоҳаншоҳии Куруши Кабир ва Дорои 1-ро боназмтарин ва пурбортарин давраи давлатдории сулолаи Ҳахоманишиниён хондаанд. Идора ва сарпарастии давлатро агар шоҳаншоҳ роҳбарӣ кунад, пас вилоётро волӣ (сапрат), девондори шоҳаншоҳ ва сипаҳсолор дар ихтиёр доштанд. Ин империяи абарқудрат ҳамагӣ дусаду бист сол салтанат ронда, ба дасти Искандари Мақдунӣ шикаст хӯрдааст. Шикасти давлати Ҳахоманишиниён аз бемасъулиятӣ ва салҳангории шоҳони баъдии ин сулолаи номвар иртибот доштааст, ниёз ба шарҳу тавзеҳ ва ҷустани омил ва пайомадҳои онро надорад. Зеро таърихи инсоният шаҳодат медиҳад, ки ҳар як империяи кӯчак ё бузург чандин сол дар арсаи сиёсат чеҳранамоӣ карда, ногузир рӯ ба таназзул мениҳад. Аз ин қоида сулолаи Ҳахоманишиниён низ истисно буда наметавонад.
Озодии мазҳабу дин, расму оин, қавму қабилаҳои мухталифзабон дар рӯзгори салтанати Ҳахоманишиниён шигифтангез аст, ки шояд дар таърихи аҳли башар камназир ҳам бошад. Ин ҳама олиҳиммативу ворастагӣ нишонаи баланди инсондӯстӣ ва мардумнавозии ниёгони шуҳратёри мост, ки барои ворисон ҳамчун намунаи олӣ арзиш дорад. Дар ин ҷода месазад, ки насли тозараси ҷомеаи тоҷикон ибратомӯз аз кирдору рафтору пиндори гузаштагони хеш бошанд.
Гузашта аз ин, ҳадафи ниҳоии шоҳаншоҳи тамаддунсози ориёӣ робитаи байни наслҳоро муҳкам ва устувор нигоҳ доштан будааст. Аз ин ҷост, ки барҳақ шуҳрати Куруши Кабири Ҳахоманишӣ дар тӯли беш аз ду ҳазору панҷсад сол заррае накоста, балки ҳамчун меъмори пухтакору варзида кохи муҳташами дар низоми давлатсозиву давлатдорӣ бунёднамудаи ӯ дар хазинаи тиллоии тамаддуни ҷаҳонӣ ҷовидонӣ маҳфуз хоҳад монд.
Хушматов Намоз Раҳмонович – н.и.ф., мудири кафедраи забонҳои Шарқи ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев