нет» дар ҷомеа ягон таъсире надорад
Ба ҳама маълум аст, ки шабакаи ҷаҳонии Интерент имрӯз аз суи ҳар гуна террористону ифротиён ва дигар душманони миллату давлат истифода мегардад. Чандин сомонаҳо аз ҷониби наҳзатиҳои террорист мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки яке аз ифротитаринаш «Паёмнет» аст.
Дар соли 2015, баъди аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор намудани як тудаи наҳзатиҳо ба Аврупо ин сомона бо маблағи хоҷагонашон фаъол гардидааст. Ин сомона аз ибтидо ба паҳн намудани ҳар гуна хабарҳо ва матолиби зиддимиллӣ машғул мебошад. Албатта ба ғайр аз ин гуна амали паст аз дасти онҳо кори дигаре немояд. Ягон чизи дорои мазмун навишта наметавонанд, зеро на саводи кофӣ доранд ва на нияти нек.
Яке аз журналистони худбохта бо номи Шавкати Муҳаммад, чандест дар сомонаи “Паемнет” ба паҳн намудани ҳар гуна хабарҳои дурӯғ ва душманона машғул аст, ки аслан дур аз воқеияти Тоҷикистони мебошанд. Дар матлабҳои нашрнамудааш ин наҳзатии касиф худро шореҳи сиёсӣ ва иҷтимоӣ “ҷилва дода”, бо ҳаммасалакони берӯю ватанфурӯши дигараш ба давлату миллат туҳмату буҳтон мезананд. Ин ифротгарои наҳзатӣ хабаре аз сиёсатшиносиву таҳлилгарӣ надорад, зеро як масъалаи иҷтимоиро бо дигараш омехта кардану дар ҳама нобассомониҳои рӯзгори одамони дигар ва давлатро гунаҳкор ҳисобидан, камоли аблаҳист.
Исбот шудааст, ки тамоми матолиби “Паём.нет”, ки ифротгароёну террористони наҳзатӣ омода ва паҳн мекунанд, дурӯғанд, зеро дар як ҷой ҳузур надошта дар атрофи он ҳар гуна ҳарзапароканӣ кардан, танҳо хоси терористони наҳзатист.
Муаллифони наҳзатии ин сомона тавтеагар буда, мехоҳанд ҳамаи мардуми Тоҷикистон муҳоҷиру ватанфурӯш ва хиёнаткор мисли террористони наҳзатӣ бошанд. Он нафаре ба кишвари дигар мехоҳад гурезад, барои ӯ давлату кишвару ҳукуматро бад гуфтан як амри ногузир аст, зеро барои хиёнаткору ватанфурӯш моҳияти зиндагӣ ва арзиши ватану миллат бегона мебошад.
Як чиз мусаллам аст, ки террористони наҳзатӣ ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ ҳамчун мухолифи давлати мо муаррифӣ шуда наметавонанд, чунки як тӯдаи вопасгарои динзадаю хиёнаткор ба коре қодир нест ва аз дасташон коре созандае низ намеояд. Инҳо танҳо ҷинояткоронанд, ки бояд дастригу муҷозот шаванд.
Ҳаргиз ягон журналисти воқеънигор, ягон ҳуқуқшиносон соҳибкасб, ягон фаъолони ростини ҷомеаи шаҳрвандӣ, ягон мунтақидони беғарази ҳукумат ва хонаводаи инҳо ба наҳзат намепайвандад. Он чанд ихтилофкору ватанфурӯш, ки дар кишварҳои Аврупо ҳамроҳи наҳзат панаҳ бурдаанд, хиёнаткорони ин сарзамину ин миллатанд, чунки корашон ба ҷуз суханчиниву дасисасозӣ чизе беш нест.
Дар шароити феълӣ дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро дида натавонистану дар заминаи ғараз воқеияти иҷтимоии Ватани худро нодида гирифтан, ҳар гуна овозаҳои бепоя паҳн намудан як ҳамоқати аслии наҳзатиёни террорист аст.
Масалан, тамоми матолиби дар сомонаи “Паёмнет” интишоршуда фарогири иғвоангезӣ, тавтеа, ҳангома буда, барои вайрокорӣ ва ихтилофангезӣ дар ҷомеи Тоҷикистон аз ҷониби наҳзатиёни террорист омода ва паҳн карда мешавад.
Дар чанд соли охир исбот гардид, ки мардуми тоҷик ба матолиби муғризонаи наҳзатиҳо, ки дар ин сомонаи ифротӣ паҳн карда мешаванд, бовар намекунанд ва туҳмату дуруғ будани онҳоро медонанд. Медонанд, ки “Паемнет” як сомонаи ифротист. Ягон таъсире матолиби паҳн менамудаи сомонаи мазкур дар ҷомеаи мо надорад.
Рустамов Суҳроб,
тањлилгар
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев