Ҳамагон хуб огаҳи доранд, ки дар солҳои 90-уми қарни гузашта чигуна наҳзатиҳо бо роҳи фиребу найранг мардуми содаву зудбовари тоҷикро фирефтаи найрангу бозиҳои аблаҳонаи худ карда буданд. Вале ин амали онҳо боиси хароб гаштани вазъи онрузи кигвар, ва фалаҷ шудани иқтисодиёти мамлакат гашта буд.
Хушбахтони соли 1997 дар ватани азизамон расман Созишномаи сулҳ имзо гардид ва пеши роҳи ҷанги бародаркӯшро гирифт. Маҳз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гуноҳи мухолифон ва наҳзатиёни хунхор гузашт. Имрӯз дар кишвари азизамон Тоҷикистон сулҳу субот ва оромӣ ҳукмфармо аст ва мо фарзандони ин диёр оромона ва озодона зиндагӣ карда истодаем. Боиси таассуф аст, ки баъзе аз шахсони бевиҷдон нисбати ин давлату миллат носипосӣ карда, ба қадри неъмати бебаҳо оромиву осоиштагӣ ва хонаи ободу ором намерасанд ва ба ватани муқаддаси худ аз хориҷ санги маломат мезананд.
Бояд қайд намуд, ки аъзоён ва пайравони ТЭТ ҲНИ пайваста барои барҳам задани амнияту субот ва оромии миллати тоҷик тамоми роҳҳоро истифода мебаранд. Баромадҳои саркардаи ТЭТ ҲНИ Муҳидин Кабирӣ ва дигар аъзоёни ин ташкилоти террористӣ аз хориҷи кишвар тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернет далели ин гуфтаҳост. Тарафдорони ТЭТ ҲНИ дар хориҷ аз кишвар дар оғӯши хоҷагони худ пинҳон шуда, бо ин васила мехоҳанд, ки гуруҳои тундравро ба мисли солҳои ҷанги бародаркуш дар байни ҷавонони хурофотзадаю гумроҳ ба миён оварда, ҳамон амалҳои номатлуби террористиву экстремистиро барои нооромии миллати тоҷик ба миён оваранд.
Онҳо боз ба ин рафтори разилонаашон мехоҳанд, ба танқид кардану суханҳои носазо гуфтан, фитнаҳо ҷудоиандозиро дар Тољикистони биҳиштосои мо ба миён оваранд. Як чизро бояд тазакур дод, ки ҳодисаҳои ба вуҷудомада дар кишварҳои ҷангзадаи олам, ба ҳамагон дарси ибрат боша два нагузоранд, ки ин амал дубора дар кишвари мо ба вуқуъ ояд.
Ҳифзу ҳимояи Ваҳдату якпорчагии ин сарзамини аҷдодиамон Тоҷикитони тозаистиқлол барои тамоми ҳамакватанонамон мисли ҳам фарз асту ҳам қарз ва тамоми амалҳои неки инсоният дар натиҷаи суботу оромии ҷомеа ҷомаи амал мепӯшад. Лозим ба ёдоварист, ки ҳар кас бояд номӯси ватандорӣ дошта бошад ва ба ватану миллати худ содиқонаву софдилона хизмат намояд, дар ҳифзи амнияту оромӣ, пешравию шукуфоии он саҳми худро гузорад.
Мехостам дар охир қайд намоям, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба хусус ҷавонон якдилу якзабон бошанд ва сулҳу осоистагии ин сарзаминро мисли гавҳараки чашм нигоҳ доранд. Фирефтаи дасисаву фитнаҳои афроди манфиатҷуву ифротгаро ба мисли ТЭТ ҲНИ нагарданд.
Яқуб Шодиён
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев