Дар зеҳни ин афроди хиёнатпешаи сакалту ғайр аз манманӣ ва худпарастӣ чизе намегунҷад. Боре андеша наменамоянд, ки дар зарфи ин солҳо дар тули зиндагиашон мардона ба мисли инсон лаҳзае умр ба сар набурдаанд. Пайваста нифоқ андохтан дар байни мардум, шуру исён ва даъват ба ҷангу хунрезӣ намудан машғул мебошанд. Ҳамаи ин сияҳкорие, ки анҷом доданд ва то кунун роҳи худро идома дода истодаанд, боре андеша наменамоянд, ки аз куҷо омадаанду ба куҷо равонанд. Кабирии фирорӣ ва чанде дигар ба мисли Иқболаки касиф худпарастиро пеша намуда, соатҳо фақат ба манманиву дурӯғпароканӣ вақт мегузаронад. Дар ҳоле ки ташкилкунанда ва роҳбару роҳнамоии гурӯҳи авомфиребонро бар уҳда дорад. М.Садриддин намояндаи гурӯҳе мебошад, ки Тоҷикистонро оғуштаи хун ва ба хок яксон намудааст. Ин сакалту бо вуҷуди оне ки як маротиба дар чоҳи кандаи худ афтода дар қуи дар ба дарӣ то ҳанӯз қарор доранд боз ҳам ба таблиғу ташвиқи чизҳои набуда идома медиҳад.ТТЭ ҲНИ бо иғвогариву хиёнатпешагӣ зиндагии худро бунёд намудаанд, ҳаргиз ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд. Чун ки фарзандони бо нангу ори кишвар ин марзу буми сарзамини биҳиштосои тоҷиконро аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳо ва хоинони фурӯхташуда, ки танҳо мақсадҳои муғризона доранд, баҳри аз байн бурдану нобуд кардан ва ҳифзи ҳар зарра хоки ин Меҳан камари ҳиммат бастаанд. Аз нигоҳи онҳо дунё бояд дигаргуна бошад. Онҳо ба оламу ҳастӣ бо диди дигар олами тахаюлоти дигар назар доранд. Ҳаёту зиндагӣ аз нигоҳи онҳо танҳо аз минбари сухан ба кару фарри ҳамон муллоҳо, эшону ҳазратҳояшон асту бас. Дар мағзҳои шустаи онҳо ҳеҷ намегунҷад, ки танҳо ба масҷид рафтану аз минбари он амри маъруф намудан сура ва оятҳои қуръонро ба фаҳми худ тафсир намуда ба мардум расонидан мардумро гаштаву баргашта ба ҷиҳод даъват намудан кишвар обод нагаштаасту намегардад. Чуноне, ки маълум аст саракардагони ин гурӯҳ Кабирӣ ва пайравонаш он нафароне мебошанд, ки таълимоти диниро дар давлатҳои хориҷа гирифта, тактика ва усули омӯхтаашро ба мононди иғвоангезӣ, террор, ҷахолат мехоҳанд амалӣ созад. Аз замонҳои қадим диндорони мутаасиб ба корҳои сиёсату давлат дахолат намуда то имрӯз ғайр аз зиён расондан ба давлату миллат кори хайре анҷом надодаанд, ки мо тавонем як нафарро ё як кори хайри анҷом додаи он гурӯҳҳоро ҳамчун намуна қайд намоем. Ба ҷуз даъват намудан ба иғво нооромӣ ва парокандагӣ. Мо ҳар як фарди худогоҳи кишвар бояд пайваста бикӯшем, ки ҷомеаи имрӯзро аз чунин афроди ноогоҳ ва хиёнаткор пок намуда ин мурдоронро аз решааш бояд нобуд намуд, ки дигар харгиз сабз нагарданд.
Гурдофариди Даврон
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев