ҳокимияти давлатӣ
Конститутсия ҳамчун санади ягонаи меъёрӣ - ҳуқуқӣ дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад, ки бо воситаи он халқ усулҳои асосии сохтори конситутсионии ҷомеа ва давлатро таъсис намуда, субъектони ҳокимияти давлатӣ, механизми амалӣ намудани онро муайян карда, ҳуқуқу озодиҳо ва ӯҳдадориҳои аз тарафи давлат ҳимояшавандаи инсон ва шаҳрвандро мустаҳкам менамояд. Тарзи ташкил ва амалӣ гардидани Ҳокимияти давлати дар муқаррароти моддаи 9 – и Конститутсияи амалкунадаи кишвар чунин пешбинӣ гардидааст; «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад» . Яке аз хусусиятҳои умумии Конститутсия ин муқаррар намудани принсипи ташкили низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва танзими тартиби фаъолияти онҳо ба шумор меравад. Ба ин дохил мешаванд: вазъи ҳуқуқии Сарвари давлат, Ҳукумат ва Маҷлиси олӣ, ки онҳо дар бобҳои 3,4 ва 5-и Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум гардида, зимнан принсипи асосии ташкилёбӣ ва салоҳияти онҳо нишон низ дода шудааст.
Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, низоми ҳуқуқ ва қонунгузории миллӣ, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд тағйироту дигаргуниҳои зиёдро ворид намуд. Тағйироту дигаргуниҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваста ба моҳият ва шакли идоракунӣ, мақсад ва вазифаҳо, самтҳои асосии фаъолияти сиёсати дохиливу хориҷии давлат бетаъсир монда натавонист. Усулҳои ташкили ҳокимияти давлатӣ, низоми тартиботи таъсисёбӣ, шакли фаъолият ва ваколати мақомоти давлатӣ аз нав барқарор шуданд. Усули волоияти Конститутсия, мувофиқатии санадҳои дигари ҳуқуқӣ ба Конститусия шакли навро ба худ касб намуда, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида мавқеи худро дар низоми ҳуқуқи миллӣ муайян намуданд. Дар натиҷа асоси иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ёфта, озодии фаъолияти иқтисодӣ низ аз тарафи давлат кафолат дода шуд, ки асоси ҳуқуқии он дар моддаи 12 – уми Конститутсия пешбинӣ гардидааст.
Ба вазъи ҷамиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мустаҳкам намудани давлатдорӣ омилҳои беруна низ таъсири худро расониданд. Ин пеш аз ҳама вазъи ноором ва ҷанги шаҳрвандӣ дар давлати ҳамсояи Афғонистон буд, ки вай барои бо воситаи сарҳади давлатии ду давлат ворид гардидани гурезагон, қочоқчиёни моддаи мухаддир мусоидат намуд. Муносибати ғайридӯстонаи баъзе аз давлатҳои ҳамсоя нисбати Тоҷикистон ва шаҳрвандони он вазъи ноороми Тоҷикистонро боз ҳам мураккаб гардонид . Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист соҳибихтиёрии худро нигоҳ дошта худро дар арсаи байналмилалӣ аз ҷиҳати мусбӣ муаррифӣ намояд.
Давлат, ки бо амалисозии ҳокимияти сиёсӣ машғул аст, вазифаҳояшро бе мақомоти муайян иҷро карда наметавонад. Зеро давлат аз лаҳзаи пайдоишу ташаккулёбиаш ҳамчун ташкилоти таркибӣ баромад мекунад. Функсияи ҳокимияти давалатиро дар аввал ҳоким ва амалдорон амалӣ мекарданд. Бо пешрафти ҷомеъа мақомоти алоҳидаи давлат таъсис дода мешавад, ки аз шумораи муайяни одамон иборат буда, як соҳаи ҷудогонаи ҳаёти давлатиро идора мекард, яъне махсусгардонии фаъолияти давлатӣ ба вуҷуд меояд. Ба монанди девонҳо дар аҳди Сомониён. Дар ҷараёни инкишофи ҷомеъа ва мураккабгардии ҳаёти давлатӣ дастгоҳи давлат торафт мураккаб мешавад. Ин аз як тараф ҷавобгӯи талаботи замон бошад, вале аз тарафи дигар, боиси мутааллиқии ҳокимияти давлатӣ ба як шахс мегардад. Вобаста ба ин бо мақсади таъмини қонуният дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва волоияти ҳуқуқ, назарияи давлати ҳуқуқбунёд ва бо назардошти ривоҷи муносибатҳои хусусии иқтисодӣ, назарияҳои либералӣ амалӣ мешаванд, ки боиси аз ҳам ҷудошавии давлати сиёсӣ (ва дастгоҳи он) аз ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ дар охири асри ХХ мешавад. Аз ин рӯ, бо мақсади пешгирӣ намудани сӯиистеъмоли мансаб ва ҳокимиятдории худсарона назарияи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ пешниҳод мешавад, ки ба ривоҷи тамоилҳои муттамарказ дар дастгоҳи давлат хотима гузошта, барои ҷалби шаҳрвандон дар идоракунии давлат сабаб мегардад.
Таҳлили қисматҳои асосии назарияи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ аз нигоҳи татбиқи он ба ҳаёти имрӯза нишон медиҳад, ки ин назария дар як қатор мавридҳо ҳамчун як таълимоти назариявӣ (шакли) боқӣ мемонад. ҳамчунин амалияи татбиқи он низ дар бисьёр ҳолатҳо ба ихтилофҳо меоварад.
Бояд таъкид кард, ки мақсади асосӣ ва ниҳонии ин назария дар амалия аз он иборат мебошад, ки ғасби тамоми ҳокимияти давлатиро аз тарафи шахсони алоҳида, гурӯҳи шахсон ва ё мақомоти алоҳида пешгирӣ намояд ва ягонагии давлат ва ҷамъиятро нигоҳ дорад.
Вобаста ба ин дар кафолати ҳимояи соҳибихтиёрии давлат нақши Конститутсия бағоят назаррас аст, ки дар зери мафҳуми он дар илми ҳуқуқшиносӣ одатан қонуни асосии давлат фаҳмида мешавад, ки дар он мувофиқи иродаю манфиати қувваҳои сиёсии дар ҷамъият ҳукмрон асосҳои сохтори давлатӣ муқаррар карда шудааст.
Конститутсия аслан аз калимаи лотинӣ «constitғtio» - гирифта шуда маънояш муқаррарот, сохтор мебошад. Аз ин ҷо Конститутсия гуфта қонуни асосии давлатро меноманд, ки дорои қувваи олии ҳуқуқӣ буда, бо тартиби махсус пешбинӣ гардида аз тарафи мақомоти давлатии маҳз барои қабули Конститутсия ваколатдор шуда (парламент, корпуси интихоботӣ, маҷлиси муассисон) ва ё ба тариқи раъйпурсӣ аз тарафи халқ қабул карда шуда, муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Ба монанди:
- ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- асосҳои сохтори конститутсионии давлат;
- асосҳои ташкили ҳокимияти давлатӣ (тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ, таркиби сохтории онҳо, тақсимоти ваколатҳо дар байни мақомоти давлатӣ);
- ва дигар муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ, ки аз тарафи Конститутсия бо тартиби махсус ба танзим дароварда шудани онҳо аз тарафи хусусиятҳои миллӣ ва хоси ин ва ё он давлатҳои мушаххас ба миён гузошта шудааст.
Моҳияти Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат дар он зоҳир мегардад, ки вай сарчашмаи асосии ҳуқуқии дорои эътибори олӣ аст, ки дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои баландтаринро ишғол менамояд. ҳуҷҷати расмии дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, яъне ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ аст, ки дар он масълаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, асосҳои сохтори иқтисодию иҷтимоии ҷамъият, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ муқаррар карда мешавад. Қабули Конститутсияро омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷамъият муйаян менамояд, яъне шаклҳои моликият ва ташкили фаъолияти иқтисодӣ, муносибати шахс бо давлат ва муҳимтарин ҳуқуқу вазифаҳои онҳо, таносуби қувваҳо, гурӯҳҳои иҷтимоии ҷамъиятро дар низоми сиёсӣ аниқ сохта таъинот, вазифаҳо, таркиби дохилӣ ва сохтори мақомоти давлатӣ ва инчунин мақомоти худидора дар маҳаллҳо - ҷамоатро инъикос менамояд. ҳар як Конститутсия новобаста аз низоми иҷтимоии давалат вазифаҳои муассисӣ, ташкилкунандагӣ, сиёсати беруна, идеологӣ (ғоявӣ) ва ҳуқуқиро адо менамояд.
Вазифаи муассисии Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки вай дар натиҷаи табаддулоти куллии ҳаёти ҷамъиятӣ қабул гардида, заминаи ҳуқуқию сиёсии инкишофи зинаи ояндаи ҷамъиятро муайян менамояд. Асосҳои муассисии Конститутсия чӣ дар низоми ҷамъиятию сиёсӣ дар якҷоягӣ ва чӣ дар падидаҳои мушаххаси давлатию ҳуқуқӣ зоҳир мешавад. Вазифаи ташкилии Конститутсия дар он ифода мегардад, ки вай натанҳо натиҷаҳои ба даст омадаро дар ҳаёти ҷамъиятӣ мустаҳкам намуда, дар назди ҷамъият ва давлат вазифаҳои навро пеш мегузорад. Инчунин фаъолияти сиёсии мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар рӯҳияи қонуни нав ҳавасманд мегардонад.
Вазифаи сиёсати берунии Конститутсия аз он иборат аст, ки вай инчунин пояи ҳуқуқии фаъолияти сиёсати хориҷии давлат низ мебошад. Вазифаи идеологии Конститутсия др он ифода меёбад, ки вай мафкураи сиёсиро ба сифати ғояи ҳукмрон ё муайянкунанда муайян мекунад. Бояд тазаккур дод, ки Конститутсияи ҳозираи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин хусусият холист, зеро ҳеҷ як мафкура, аз ҷумла мафкураи динӣ, ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешавад.
Вазифаи ҳуқуқии Конститутсия дар он ифода мегардад, ки вай асоси низоми ҳуқуқӣ ва тартиботи ҳуқуқии нав мегардад. Конститутсия танзимгари бевоситаи муносибатҳои ҷамъиятӣ аст, сарчашмаи асосӣ барои қабули дигар санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ мегардад, ки онҳо асосан ифодагари ғояҳои Конститутсия хоҳанд буд.
Мутобиқи моддаи 15 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 8 декабри соли 2003. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асосҳои сохти конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташкили фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷрояи ва судӣ, шакли идоракунии давлати Тоҷикистонро муайян мекунад. Аз ин рӯ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дошта меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳои бо роҳи раъйпурсӣ қабулгардида, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, набояд хилофи Конститутсия бошанд. Дар мавриди ба меъёрҳои Конститутсия хилоф будани ин санадҳо ё қисми он онҳо эътибори ҳуқуқӣ надоранд ва дар ин ҳолат меъёрҳои Конститутсия амал мекунанд ва татбиқ карда мешаванд.
Ба маънои ҳуқуқӣ Конститутсия санади ҳуқуқие (ё ин ки маҷмӯи санадҳои ҳуқуқӣ) мебошад, ки дорои қувваи олии ҳуқуқӣ буда, бо тартиби махсус қабул карда шуда, тағйироту иловаҳо ворид карда мешавад, ки асосҳои вазъи ҳуқуқӣ ва ташкили ҳокимияти давлатӣ, муносибатҳои байниҳамдигарии давлат ва шахсиятро ба танзим медарорад.
Ба маънои ҳақиқӣ бошад Конститутсия ин муносибатҳои ҳақиқии ҷой доштаи конститутсионӣ дар ин ё он мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, нисбати моҳияти Конститутсия низ фикру андешаҳои гуногун ҷой доранд, ки ҳар яке аз тарафи намояндагони мактабҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба таври равиявӣ баррасӣ карда шудааст. Масалан, намояндагони мактаби ҳуқуқи табии дар симои Конститутсия як намуди шартномаи ҷамъиятиро мебинанд. Нормативистон бошанд дар фарқият аз пайравони мактаби ҳуқуқи табии дар моҳияти Конститутсия қувваи ҳуқуқиеро мебинанд, ки онҳо дар аҳроми (пирамида) ҳуқуқии давлат мавқеи намоёнро ишғол месозанд. Тарафдорони мактаби марксистӣ - ленинӣ низ дар ин ҷода мавқеи бетарафиро ишғол накарда дар баробари пайравони мактабҳои гуногуни ҳуқуқӣ фикру андешаи худро иброз намудаанд, ки натиҷаи он дар маҳсули муборизаи синфӣ будани Конститутсия ва мустаҳкам намудани натиҷаи ин муборизаҳо, зоҳир мегардад.
Дар шароити муосир бошад моҳияти Конститутсияро аксарияти муҳақиқон ва сиёсатшиносон, ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ - ҳуқуқӣ, дар ифодаёбии тавозуни манфиатҳои асосии иҷтимоӣ, ки дар ҷомеа арзӣ ҳастӣ мекунанд, муайян менамоянд. Аз ин рӯ, дар ин мафҳум моҳияти Конститутсия ҳамчун зоҳиршавии гуногунфикрии иҷтимоӣ, гузаштҳои сиёсӣ наздиктар мебошад.
Ҳамин тавр, Конститутсия дар худ санади ягонаи меъёрӣ - ҳуқуқӣ ва дорои қувваи олии ҳуқуқиро ифода месозад, ки бо воситаи он халқ усулҳои асосии сохтори конситутсионии ҷомеа ва давлатро таъсис намуда, субъектони ҳокимияти давлатӣ, механизми амалӣ намудани онро муайян карда, ҳуқуқу озодиҳо ва ӯҳдадориҳои аз тарафи давлат ҳимояшавандаи инсон ва шаҳрвандро мустаҳкам менамояд.
Дилрабои М.,
магистри соли дуюми факултети иқтисодиёт ва
идоракунӣ ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев