Ба даст овардани истиқлол дар ҳар самту сӯйе баёнгари қудрат ва тавоноии миллат ва мардум аст. Бавежа, истиқлоли фикрӣ сатҳи баланди расоӣ ва балоғати насли башар маҳсуб ёфта, ба унвони воқеияти истиқлоли миллӣ пазируфта шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба мавзӯъ, чанд нуктаро иҷмолан ироа медорем:
Якум. “Истиќлол” вожаи арабї буда, ба маъниҳои “бардоштан ва баланд кардан”, “баланд баромадан”, “ба љойи баланд омадан”, “озодї доштан”, “ба озодї коре кардан”, “бидуни мудохилаи касе кори худро идора кардан” (ниг.: Амид Њасан. Фарњанги Амид. –Љилди аввал. –Тењрон: Амири Кабир, 1381. –С.176); “дар тасмимот ё рафтори худ тобеи дастур ва хости дигарон набудан”, “доштани њаќ ё тавонойии тасмимгирї дар идораи корњо”, “мустаќил будан” (ниг.: Анварї Њасан. Фарњанги кучаки сухан. Ба сарпарастии Њасан Анварї. –Тењрон: Сухан, 1383. –С.55); “озодї ва худмухтории кишвар” (ниг.: Фарњанги донишгоњии арабї ба форсї. Тарљумаи Ал-мунљид-ул-абљадї. Тарљумаи Ањмад Сайёњ. –Тењрон: Фарњон, 1379. –С.81) далолат мекунад, ки њамагї дар маънию мазмуни “озодї дар андешаву баён, истиқлол дар кору умур ва идораи кишвар” инсиҷом меёбанд. Озодї ва ихтиёр дар идораи умур бидуни мудохилаи дигарон, ќабл аз њама, ба марзи истиќлолияти сиёсию давлатї расиданро нишон медињад.
Дувум. Истиќлолияти фикрї, ќабл аз њама, бо огоҳӣ ва масъулияти фардї, гурўњї ва љамъї тавъамї дорад ва масъулият аст, ки пояњои истиқлолиятро дар њар шаклу мазмуне ва самту сӯйе њифз мекунад. Мазмуни истиқлолияти фардї ва љамъї дар саъю талошҳои рӯзмарраи иҷтимоӣ, фикрӣ, эҷодӣ, сиёсӣ ва маданӣ, њамкории беѓаразонаи табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, бањамойї, њамбастагї ва дар маљмўъ, ҳамшарикӣ дар ҳалли мушкилоти ҷамъиятӣ зоњир мегардад. Шароити масъулиятмандӣ ва њавзаи пурсишгариро дар баробари худ ва љомеа истиќлолияти фикрӣ ба вуљуд меоварад. Гузашта аз ин, ҳунари пурсишгарї ва масъулиятписандї мањз дар шароити корсоз будани дастгоњи истиќлолияти сиёсї, фарњангї, маданї ва мунтањо, давлатї муяссар мегардад. Ин аст, ки дар хамаи давру замон бар мабнои муњити озоду мустаќил ҷомеаҳо рушд мекунанд ва танҳо дар натиљаи дарёфту касби истиқлоли фикрӣ ҳаллу фасли саривақтии мушкилоту печидагињои иљтимої, сиёсї, фарњангї, иќтисодї ва равонї имконпазир мегарданд.
Севум. Истиқлоли фикрӣ истиқлоли андеша ва тафаккур аст ва он ба се мушаххаса – огоҳӣ, озодӣ ва масъулиятмандӣ бастагӣ дорад. Фарде, ки огоҳ нест (донишу маърифат надорад) ва муҳимтар аз ҳама, аз хирад бебаҳра аст (хирад аз “xrat”-и паҳлавӣ буда, ба маънои ақл, ҳуш, қувваи дарёфту идроки ҳусну қубҳи аъмол ва тамйизи неку бади умур далолат мекунад – ниг.: Амид Њасан. Фарњанги Амид. –Љилди дувум. –Тењрон: Амири Кабир, 1381. –С.1004), дар ҳукми мурда мебошад. Ин хирад аст, ки инсонро зинда нигоҳ медорад, ҷуръату ҷасорат мебахшад, тавону неру медиҳад ва озодию озодагӣ ато мекунад. Бинобар ин, ҳар ҷое, ки хирад ҳузуру нуфуз дорад, он ҷо озодию ободӣ ва шукӯҳу шаҳомат ҳукмфармост.
Чаҳорум. Истиқлоли фикрӣ бо андешидан оғоз меёбад ва андешидан бо худии худ ҷараёни саҳлу осоне ҳам нест. Ба ин маъно бузургтарин донишманди асри бистум Алберт Эйнштейн таъкид карда буд: “Фикр кардан мушкилтарини корҳо низ ҳаст” (ниг.: Ризоқулӣ Алӣ. Ҷомеашиносии нухбакушӣ: тањлили љомеашинохтии бархе аз решањои истибдод ва аќибмондагї дар Ирон. Тењрон: Нашри Най, 1377. -С.24). Агар андешидан ва дар ин замина тасмим гирифтан осонтарин амал мебуд, дар дунё оромӣ, субот ва сукути комил ҳукмфармо мегардид. Андешидан ва фикр кардан аз мушаххасоти ҳувиятӣ ва шахсиятии нафарони ангуштшуморест, ки зарфияти баланди зеҳнӣ ва эҷодӣ доранд. Масъалаи андешидан ва фикр кардан то он дараҷа ҳассос ва муҳим буда ва ҳаст, ки донишманд ва ҷомеашиноси маъруфи ғарбӣ Ҷорҷ Бернард Шоу дар ин замина ишораи ҷолиб ва дар айни замон ҷиддие кардааст: “Фақат ду дар сад аз мардуми ҷаҳон меандешанд, се дар сад фикр мекунанд, ки меандешанд ва наваду панҷ дар сад ҳозиранд бимиранд, аммо фикр накунанд” (ниг.: //Бедорӣ. Конуни хирадмадории ирониён. Моҳномаи шумораи 77, соли чаҳордаҳум. Octoder 2014).
Панҷум. Ҳанӯз дар қадимтарин замонҳо истиқлолталабӣ ва истиқлолхоҳӣ дар шакли зеҳнию фикрӣ аслу ҳақиқати зиндагии инсонӣ маҳсуб меёфтааст ва инсони бостонӣ дар маҳдудаҳои танги фикрию маданӣ ва сиёсию иҷтимоӣ ба дарки мафҳум ва моҳияти истиқлол расида будааст. Низомҳои муосири демократӣ ва мардумсолорӣ, ки давлат ва ҷомеаҳои мутамаддини ҷаҳонӣ бидуни ин ҳолу ҳаво дигар нафас намекашанд, бар мабнои истиқлоли фикрию сиёсӣ устуворанд ва ҳанӯз дар қадимтарин намунаю моделҳои давлатдории миллӣ зуҳур кардаанд. Ба ин манзур, муҳаққиқон ба ин нукта таваҷҷуҳ мекунанд, ки тамрини демокросї ва мардумсолорӣ асрњо ќабл дар сарзамини Бохтари Ирон ба вуљуд омада, решањои онро дар достонњои ќадимаи юнонї љустан норавост. Аз ин лиҳоз, тамрини демокросї аз Шарќ ба Юнонзамин мунтаќил гардидааст. Барои намуна, пажўњишгарон менависанд, ки подшоњи Њахоманишї Дориюш дар соли 492-и ќабл аз милод сардори бузурги эронї Мордуниё (шавњари хоњари Дориюш)-ро барои саркўби шўриши юнониён ба фармондењии кулли ќуввањои Эрон мансуб мекунад. Мордуниё њамроњ бо артиши бузург ва неруи дарёии азими худ зимни убур аз соњилњои Мадитрона (бањри Миёназамин) ва шањрњои мухталиф подшоњон ва фармонравоёнро яке пас аз дигаре маѓлуб ва азл мекунад ва ба љойин онњо намояндагони мунтахаби мардумро дар як Шўро (Маљлис) ба рањбарї мегуморад (ниг.: Лодан Амир Њусайн. Худосолорї ва дармондагї. Мубориза барои адолат, озодї ва мардумсолорї. –Лос-Анљелес, 2014. -С.39). Бад-ин минвол Њукумати мардумсолорро Мордуниё ба Юнон интиќол дод. Демокросии Шўрої, ки дар Ирони бостон оѓоз шуд, њудудан 550 сол пеш ба Юнон ва баъд ба Рум интиќол ёфт, вале тайи ќарнњо тадриљан рў ба завол нињод ва њамзамон бо тавсеахоњӣ ва ќудратталабии мазњаб нопадид шуд. Ин аст, ки мардумсолорї, яъне ташхиси андешаманд будани инсон, арљ нињодан ба хиради инсон ва эњтиром ба њуќуќи табиї (озодї, ирода ва интихоб)-и инсон аст. Мунтаҳо, вожаи юнонии демократия аз ду реша -- “демос” мардуми муфаккир, соҳибандеша, соҳибтафаккур, мустақиландеш ва “кратос” ҳокимият таркиб ёфтааст. Ба сухани дигар, дар доираи мафҳуми демокросӣ ҳокимият ва ё ҳукумати мардуми муфаккир ва мустақилфикр фаҳмида мешавад. Аз ин ҷост, ки дар садри низоми демократӣ ва ё мардумсолорӣ мардуми муфаккир ва соҳибандеша қарор доранд. Мардуми соҳибандеша ва мустақилфикр метавонанд, ки давлат ва ҷомеаи шоистаю боистаро созмон бидиҳанд ва боиси таҳаввулоту дигаргуниҳои куллӣ дар самтҳои гуногуни зиндагӣ бигарданд.
Шашум. Дар ҳавзаҳои сиёсию фалсафӣ ва ҳунарию фарҳангии Юнони қадим баҳсҳои тӯлоние сари масоили муҳим матраҳ мегардиданд ва нафароне, ки ба мабоҳис ва маҳофил кашида мешуданд, дорои андеша ва дидгоҳи мустақил буданд. Махсусан, масъалаи баррасӣ ва таъйини ҷойгоҳ ва мақом-статуси “шаҳрванд” (гражданин) дар миёни аҳли илму сиёсат ва фалсафаи Юнони қадим суннат ва анъана будааст. Шаҳрванд ва ё гражданин, ки имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба сифати мушаххасаи калидии иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маданӣ мутадовил аст, ҳанӯз дар Юнони қадим авлавият доштааст. Тибқи муҳтавои баҳсҳои мавҷуда, ҳар нафар наметавонистааст, ки ҳуқуқи шаҳрвандӣ (гражданӣ) дошта бошад ва танҳо нафар ва ё гурӯҳҳое ба ин мақом ва ҷойгоҳ (статус) мушарраф мегардиданд, ки қабл аз ҳама, соҳиби андешаи мустақил буда, дидгоҳ ва назари хос доштаанд. Дар зимн, нафарон ва ё гурӯҳҳое, ки мақом ва статуси шаҳрвандро доштанд, дар мабоҳису маҳофили сиёсию иҷтимоӣ ва фалсафию маданӣ фаъол будаанд ва сари масоили ҳалталаб, мушкилот ва муаммоҳои рӯзгору замон ба давлатмадорон ва сиёсиён ба баҳс мепардохтанд ва аз ин тариқ дар раванди сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ бевосита ширкат меварзидаанд. Ба ёд меоварем Суқроти ҳакимро, ки миёни ҷавонон ин суолро ба сифати пурсиши калидӣ матраҳ мекардааст: “Фазилат чист ва беҳтарин ҳукумат кадом аст?” Суқрот тавассути ин навъ пурсишҳои ҷиддӣ насли ҷавони замонашро ба андешидан, ковиш, мулоҳиза, тааммул ва посух додан водор месохтааст. Як сабаб ва иллати фишор овардан ва баъдан ба қатл маҳкум кардани Суқроти ҳаким бедор кардани фикри насли ҷавон ва посухҳои ҷиддӣ ҷустан ба пурсишҳои ҷиддии замон будааст. Суќрот то ҷое рисолат ва вазифаи шаҳрвандиашро муҳим медонистааст, ки мегўяд: “То љон дар бадан дорам, аз љустуљўйи дониш ва огоњ сохтани шумо ба он чи бояд бидонед, даст нахоњам дошт…” (ниг.: Алейн де Боттон. Тасаллибахшињои фалсафа. Тарљумаи Ирфон Собитї. –Тењрон: Ќаќнус, 1383. –С.10). Пофишорӣ, ҷаҳду талош ва фаъолияти пурсамари донишмандону файласуфони Юнони қадим боиси ба вуҷуд омадани муҳиту фазои муътадили сиёсӣ, фалсафӣ, илмӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва маданӣ ва ба истилоҳи имрӯза, “қишри фаъолони маданӣ”-и давр гардид.
Ҳафтум. Шартан, истилоҳи “Истиқлол”- ро метавон дар формулаи “огоҳӣ, фазилатмандӣ ва масъулиятшиносӣ” ғунҷоиш дод, чаро ки бидуни огоҳӣ (донишу маърифат) инсон ба озодӣ даст намеёбад ва истиқлолу огоҳӣ танҳо дар натиҷаи масъулиятшиносӣ ва масъулиятпазирӣ муяссар мегардад. Аз ҷониби дигар, ҷомеае, ки огоҳу масъулиятписанд нест, ба истиқлоли ҳақиқӣ ва воқеӣ намерасад ва ба бунбастҳои фикрию иҷтимоӣ мувоҷеҳ гардида, дар қайдубанди мушкилоти дохилӣ ва берунӣ дармемонад. Огоҳӣ сатҳи шуурнокии инсон аст, ки қудрат ва тавонмандиҳоро ба вуҷуд меоварад ва инсонро дар баробари ҷаҳону ҳастӣ ва табиат мустақил ва муқовим месозад. Ин аст, ки Мавлоно мегӯяд:
Муқтазои ҷон чу ай дил, огаҳист,
Ҳар кӣ огаҳтар бувад, ҷонаш қавист.
Ҳаштум. Ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсули сатҳи баланди огоҳиҳои инсонӣ буда, дар фазои истиқлоли фикрӣ созмон меёбад. Кайфият ва чигунагии фазои истиқлоли фикрӣ ба хидмат ва кору фаъолияти ҳадафмандонаи шаҳрвандон вобаста аст. Шаҳрванд нафарест, ки пеш аз ҳама, ҷасорати фикрию иҷтимоӣ дошта, ба хотири боло бурдани сатҳи огоҳиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва мадании омма, ҳаллу фасли мушкилоту муаммоҳои зиндагӣ ва билохира манофеи миллию мардумӣ саъю талош меварзад ва ба масоил ва мушкилоти миллӣ ҳаргиз бетарафу бетафовут нест. Фаъол будан дар умури сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ аслу бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки дарёфти мақом ва ҷойгоҳи шаҳрванд ҳам осон нест. Барои расидан ба ин мартаба саъю талоши фаровон мебояд.
Нуҳум. Воқеан, истиқлоли фикрӣ воқеияти истиқлоли миллӣ мебошад. Дар зимн, миллате, ки аз назари фикрӣ қавист, миллати соҳибистиқлолист. Миллатҳое, ки фикру андешаи қавӣ доранд, барои рушду нумуи ватан, кишвар ва давлаташон барномарезиҳои дархӯри сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, мафкуравӣ ва маданӣ роҳандозӣ мекунанд. Аз сӯйи дигар, маҳз истиқлоли фикрӣ шароити мусоиди гуфтугӯ, муколимот ва мубодилотро дар сатҳи миллӣ ва фаромиллӣ фароҳам меоварад. Илова бар ин, давлате, ки шаҳрвандонаш зарфияти лозимаи сиёсӣ, фикрӣ, иҷтимоӣ ва эҷодӣ надоранд, дар шароити бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ ва геополитикӣ осебпазир буда, дар баробари бурузу зуҳури хатарҳои рӯзафзуни биологию иҷтимоӣ тобовор буда наметавонанд. Ба ин маънӣ:
Хушо, он миллате, бо хештан ором мегирад,
Чу пухта пеши роҳи ҷурми аҳли хом мегирад,
Ҷилуи фитнаву найрангу макру дом мегирад,
Ба дунё бо фазилат, бо ҷасорат ном мегирад,
Ба рағми бардагӣ озодагӣ пайғом мегирад,
Зи ҳар як миллати доно хирад инъом мегирад,
Тамаддун вом мегирад,
Пасон иқдом мегирад.
Ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборак, ҳамватанони гиромӣ!
Нозим Нурзода
пажӯҳишгар
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев