Муҳаммадиқболи Садриддин ва ё Иқболбӣ бачаи манфури терроризм аст. Дар ин шубҳае нест. Вай дар хонае ба дунё омад, ки лонаи терроризм буд, яъне ТТЭ ҲНИ дар он ҷо пайдо гардид. Падараш яке аз террористони манфур ва саркардаҳои ТТЭ ҲНи буд, ки ахиран дар оворагӣ дар Аврупо мурд.
Иқболбӣ ё Муҳаммадиқболи Садриддин бо навиштани хабару мақолаҳои зиддимилӣ мунтазам намояндагони мақомоти кишвар, олимону дигар зиёиёнро мавриди туҳмату таҳқир қарор медиҳад.
Албатта бисёр нафратовар аст, ки як нафар аъзои ташкилоти террористӣ, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар хориҷа панаҳ бурдааст, дар бораи фарзандони беҳтарини миллат носазо мегуяд ва туҳмату таҳқир менамояд. Касе ба ин касиф ҳуқуқ надодааст, ки ин гуна густохона ба давлату миллати мо ҳамла кунад.
Шояд дар Тоҷикистон Иқболбиро на ҳама дуруст медонанд. Аз ин сабаб мехостем дар бораи ин палидак маълумоти бештареро пешкаши хонандагон кунем, то чеҳраи аслиаш шинохта шавад.
Яқинан, Иқболбӣ ё Муҳаммадиқболи Садриддин бачаи терроризм аст, зеро падараш – мулло Қаландар яке аз ташкилдиҳандагони ташкилоти террористии наҳзатӣ буд. Мувофиқи навиштаи худи ӯ, ТТЭ ҲНИ-ро дар замонаш маҳз дар хонаи истиқоматии онҳо пинҳонӣ таъсис додаанд. Яъне хонаашон лонаи терроризм будааст.
Ногуфта намонад, ки М. Садриддин бо номи “кабутари сафед” ҳам шинохта шудааст. Албатта ин номи зебо ба як нафари сиёҳдилу палид дуруст намеояд. Аммо ин номи мустаорро ба Муҳаммадиқболи Садриддин ҳангоми навҷавониаш дар Афғонистон нафарони Ҳаракати Толибон гузоштаанд. Муҳаммадиқболи Садриддин дар замони навҷавониаш ҳамроҳи хонаводааш дар Афғонистон гуреза буд. Падараш, ки яке аз раҳбарони ТТЭ ҲНИ буд, дар Афғонистон бо Ҳаракати Тлибон робита ва рафту омад дошт ва ҳамин писарашро ҳам мунтазам бо худ ба назди онҳо мебурд. М.Садриддин, ки барои онҳо хеле ҷолиб буд, “кабутари сафед” номаш гузошта буданд. Дар ҳамин давраи ҳаёти навҷавониаш дар Афғонистон вай аз ҷиҳати равонӣ зарбаи сахт дидааст ва омили мазкур дар минбаъд ташаккул ёфтани шахсияташ муассир будааст.
Хислатҳои бади Иқболбӣ аз ҳамон давра сарчашма мегиранд. Ҳамин сабаб аст, ки вай имрӯз мутаасибу ифротист, ба Ватан хиёнат мекунад ва пешрафту комёбиҳои дигаронро дида наметавонад.
Ҳамаи матлабҳои навиштааш низ ифодагари ҳолати руҳии уст. Вай пешрафту тараққии Тоҷикистонро намехоҳад, ақидаҳояш комилан мухолифи манфиати миллати тоҷик мебошанд. Чунин ба назар мерасад, ки ҳамеша бадбахтии инсонҳоро мехоҳад. Вай дигар хел рафтор карда наметавонад, зеро мисли як бемори руҳӣ аст.
Бо навиштаҳои бемантиқу таҳқиромезаш танҳо талаботи сарпарастонашро қонеъ мекунаду мехоҳад таваҷҷуҳи онҳоро ба худаш бештар ҷалб кунад. Аз дасти ин заиф дигар ягон коре намеояд. Дар навиштаҳояш фақат туҳмату таҳқир асту бас.
Иқболбӣ дар матлабҳояш давлату миллати тоҷикро таҳқир мекунаду одамонро аз рӯзи ҷаноза тарсонданӣ мешавад. Айнан ҳамон тарзи рафтор, ки дар солҳои аввали навадум муллоҳои мутаасиб дар кишварамон нисбат ба зиёиҳо ва одамони тараққиписанд анҷом медоданд. Иқболбӣ ҳам боқимондаи ҳамонҳост, балки ҷаҳолату разилиаш аз онҳо бештар аст. На аз илм хабар дораду на аз инсоният, тарсуёна ва буздилона дуруғ мебофад ва аз дур истода одамонро таҳқир мекунад.
Шубҳае нест, ки навиштаҳои пур аз дуруғу таҳқири Иқболбиро касе бовар намекунад. Ҳама аз мақсади ифлоси вай ва ҳаммаслакони наҳзатиаш огоҳанд. Вай бо ин гуна амалҳои разилонаш шумораи ҷиноятҳои худро меафзояд, ки оқибати бад дорад. Албатта рӯзи ҷазои ӯ ҳам мерасад!
Шаҳбози Одил,
муҳаққиқ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1