Тӯли 8 (ҳашт) сол аст, ки як гурӯҳи хиёнатпеша ва ватанфурӯшу кафангадо, дар ба дару овора ва гӯрезаву хони бегонагон аз дуриҳои дур сангари маломат бунёд карда, ҳама дастоварду муваффақиятҳои 33-соли Истиқлолияти Тоҷикистонро нодида мегиранд, зери суол мебаранд ва ё умуман инкор менамоянд. Ин ҳамоқатро ба ном мухолифини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоле анҷом медиҳанд, ки худ зиёда аз 20 соли замони Истиқлол ҷузъи он буданд ва дар вайрону валангор кардани зербинои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон “саҳми бузург” доранду боз гӯё дар раванди барқарорсозии он харибиҳо иштирок намуда буданд. Яъне, танқиду айбҷӯии ин тоифаи пасту ҳақир ва нотавонбин комилан ғайримантиқӣ ва ғайриоқилона аст.
Бо гузашти 8 (ҳашт) соли роҳандозӣ кардани маъракаи зиддидавлатӣ ва бадномкунии миллати тоҷику сиёҳнамоии Тоҷикистони азиз ин гурӯҳи хоину бадхоҳ ба ҷое нарасид. Касе ба фарёдашон ҷавоби “лаббайк” нагардонд. Ба ҳарфи вайронкунандаашон касе ҳарфе илова накард. Ба садои шайтонияшон касе ҳамсадо нашуд ва бо оҳанги манҳусашон, ки ҷуз садои маргу хуну халафро надорад, касе нарақсид. Воқеан, ҷо дорад, ки ба миллати бузургу маданӣ ва фаҳмидаву зираки тоҷик барои нишон додани маданияти сиёсии воло ва эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ҷиҳати пос доштани анъанаҳои давлатдорӣ ва ҳифзи амнияти миллӣ сипосу ташаккури беандоза иброз намоем.
Хоинони миллат аз оне, ки то имрӯз касе аз Тоҷикистон ба иғвою дасисаҳои онҳо дода нашуд ва аҳаде бо онҳо ҳамовоз нагардид, ниҳоят дар ғазабанд ва инро дар раванди барномаҳои “онлайнӣ” – ашон ҳатто пинҳон дошта наметавонанд. Ровиёну муҷриёни барномаҳои каналҳои ютубии марбут ба хоинони миллат бо қаҳру ғазаб мардуми Тоҷикистонро бо лаҳни ғайриахлоқию хоси маданияти варварии худашон “петух” ном мебаранд. Чаро ки ин миллат ба гапи онҳо гӯш намедиҳад, аз гуфтаҳои онҳо пайравӣ намекунад, бинобар ин миллатро “петух” ном мебаранд. Рӯйи рост эълон медоранд, ки мо барои шумо 24 соат дар эфир ҳастем, барои шумо шабро шаб нагуфтаю рӯзро рӯз нагуфта фаъолият дорем, вале шумо як хоҳишу дархости моро дастгирӣ намекунед. Хосатан, баъди оне, пешниҳоди Иқболгулаки Садриддинро ҷиҳати тавассути бонкҳо пул равон накардан ҳеҷ шаҳрванди Тоҷикистон дастгирӣ накард, ба ғазаб омаду миллатро “петух” номид. Ин аст фарҳанги наҳзатӣ ва тарбияти ба ном мухолифин, ки баҳри ҳадафҳои палидии сиёсии худ миллаташро “мурғ” ном мебарад. Ҷоҳилони дар ҷаҳли худ устувор як бор сабабҳои нагаравидани миллат ба сӯйи худро фикр намекунанд, таҳлил наменамоянд ва фақат дашному таҳқирҳои фаровонро ба номи миллати худ ирсол менамоянду халос. Як бор намеандешанд, ки ин миллат чаро ба садои онҳо “лаббайк” намегуяд. Аслан, ҷавоб барояшон маълум: миллат ба онҳо умуман бовар надорад. Бовар ку ҳеҷ, миллат дигар онҳоро ҷузъи худ дидан намехоҳад! Ин миллати бузург як бор фиреби наҳзатиёни майдоннишинро хурд. Бо шиори “аз хоби гарон хез” наздик буд миллатро ба хоби абад раҳсипор намоянду Ватанро қисмат кунанд. Дигар миллат ба чӣ далел ба онҳо бовар кунад? Дирӯз бо супориши “исломӣ” – ҳо миллатро қир мекарданд, имрӯз хоҷа – фармоишгарашон дигар шудааст. Акнун бо супориши аврупоиҳои “ҷентелмен” – и галстюкдор мехоҳанд дубора миллатро ба хиёбонҳо кашанду дубора ҷӯйҳоро пур аз хун гардонанд. Ин тоифаи хунхор ах хуни рангини ҷавонони ин миллат серобӣ надорад. Хуни 150 000 шаҳрванди Тоҷикистонро ба дӯш доранд ва дубора бешармонаву пуррӯёна мехоҳанд хунрезӣ ба по кунанд. Миллат ҳамаи инро медонад, дарк кардааст ва ин миллат миллати солҳои 90 – ум нест!
Хулоса, хоинони миллат бояд хоби дубора ошӯб барпо карданро ба об гӯянду худро танҳо дар хоб дар Тоҷикистон бинанд, чаро ки ин ҳолатҳо дигар танҳо дар хоб барояшон дастрас мегардаду халос.
Зикирзода Њ,
коршиноси масоили сиёсӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев