Аз Оиша (р) ривоят аст, ки гуфт:
«Агар паёмбар (с) миёни ду коре ихтиёр мекард, аз ҳама осонашро ихтиёр менамуд, агар он кори осон гуноҳ намешуд ва агар гуноҳ мешуд, пас ӯ дуртарин шахс аз он гуноҳ буд.
Дар тӯли ҳаёташ паёмбар (с) аз касе интиқом нагирифта буд, магар ин ки агар ҳар ки дар ҳаромҳои Худованд таҷовуз мекард, дар ин сурат ба хотири Худованд интиқом мегирифт».
(Ривояти Бухорӣ ва Муслим)
Аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки гуфт:
«Паёмбар (с) дар тӯли ҳаёташ на занеро зада буд, ва на хидматгореро, ҳатто чизеро бо дасташ назада буд, магар дар роҳи Худо ҷиҳод карда буд ва на аз касе, ки ба ӯ зараре расонда буд, интиқом нагирифта буд, магар ҳар кӣ ҳаромҳои Худовандро таҷовуз мекард, аз ӯ ба хотири Худованд интиқом мегирифт».
(Ривояти Муслим)
Аз Анас (р) ривоят аст, ки гуфт:
«Бодиянишине ридои паёмбар (с)-ро аз гарданаш чунон бо шиддате кашида гирифт, ки чун ба гардани паёмбар (с) назар кардам, дидам, ки асари он дар гарданаш боқӣ монда буд, сипас он бодиянишин гуфт: эй Муҳаммад, бидеҳ бароям аз он моли Худованде, ки дар назди тӯст, Паёмбар (с) ба сӯяш назар карду хандид ва амр кард, ки ба ӯ чизе бидиҳанд».
(Ривояти Бухорӣ ва Муслим)
Аз Абусаъиди Худрӣ (р) ривоят аст, ки гуфт:
«Рӯзе мо назди паёмбар (с) нишаста будем ва ӯ чизеро тақсим мекард, марде аз қабилаи Тамим ба наздаш омад ва гуфт: эй паёмбари Худо (с) адолат кун. Паёмбар (с) гуфт: вой бар ту, агар ман адолат накунам, пас кӣ адолат мекунад? Агар ман адолат накунам, пас гумному зиёнкорам. Дар ин ҳангом Умар (р) гуфт: эй паёмбари Худо (с) бароям иҷозат деҳ гардани ӯро бизанам, Паёмбар (с) гуфт: ӯро бигузор». (Ривояти Бухорӣ)
Аз ибни Масъуд (р) ривоят шудааст, ки гуфт:
«Ҳангоме ки паёмбар (с) чизеро тақсим мекард, марде гуфт: ин гуна тақсимот ба хотири Худо нест. Баъд аз он ки ман ин суханро шунидам, омада ба гӯши паёмбар (с) он чиро, ки шунидам, хабар додам, Паёмбар (с) баъди шунидани ин сухан бениҳоят ғазабнок шуд, то дараҷае ки аз шидати ғазаб рӯяш сурх гашт ва ман таманно кардам, ки кошкӣ ин суханро ба ӯ намегуфтам. Сипас паёмбар (с) гуфт: Агар Худо ва паёмбараш адолат накунанд, пас кӣ адолат хоҳад кард. Худованд Мӯсоро раҳмат кунад, ки ӯро (умматонаш) аз ин зиёдтар озор дода буданд, вале сабр мекард».
(Ривояти Бухорӣ ва Муслим)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев