Шабакаи иҷтимоӣ — сохтори иҷтимоӣ аст, ки аз гурӯҳҳо (умуман фарде ё созмоне) ташкил шудааст, ки тавассути як ё чанд навъи хосс аз вобастагии монанди идеяҳо ва табодулоти молӣ, дӯстон, хешовандон ва ғайра ба ҳам васл ҳастанд.
Маврид ба зикр аст, баъзеи шабакаҳои иҷтимоӣ бо пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ва ё пешниҳод намудани маълумотҳо бо додани характерҳои гуногун ба он, метавонад шаҳрвандонро ба гумроҳӣ барад.
Барои мисол, тибқи таҳлилҳои мутахассисон, ки дар заминаи омӯзиши чандин парвандаи ҷиноятӣ ва суҳбат бо намояндагони сершумори мақомоти суд, прокуратура ва умури дохила анҷом пазируфтааст, 90 дарсади шаҳрвандон маҳз тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба минтақаҳои зери тасарруфи террористон бурда шудаанд.
Аммо, мутаассифона, гумоштагони шабакаҳои экстремистию террористӣ низ “даст рӯйи даст наменишинанд”. Яъне ҳарчанд онҳо имкони вуруд ба Тоҷикистон ва таҳмили ақидаю хостаҳояшонро надоранд, лек аз абзорҳои пурқудрати иттилоотӣ, назири интернет ва радио васеъ истифода мебаранд. Ва, албатта, ба “дом”-и гузоштаи онҳо бештар он шахсоне меафтанд, ки миёни сиёҳу сафед мустақил фарқ гузошта наметавонанд.
Гоҳо баъзеи мо аз надонистани забону хати арабӣ, муҳтавои навиштаҷот ё видеонаворҳоеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардиш мехӯранд, дуруст дарк накарда, зери онҳо “Класс” ё “Like” мегузорем, аммо бехабар аз он, ки бо ин рафторамон аллакай ҷиноят содир кардааем.
Барои мисол аз ҷониби саҳифаи иҷтимоии “Бомдод” маводе нашр гардидааст, ки доир ба муноқишаи кормандони милитсия дар шаҳри Хоруғ ва тарафдорони Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон мебошад, нақл мекунад. Дар мавод, як ҳодисаи кӯчак, чунон ба таври воҳима нишон дода, шудааст, ки гӯё дар шаҳри Хоруғ як ҳолати ҷангӣ бошад. Яъне мақсади ин гуна нашрҳо пеш аз ҳама ба миён овардани воҳима байни мардум ва балад бурдани нобоварии мардум ба мақомотҳои давлатӣ мебошад.
Дар чунин вазъ, моро мебояд, ки ба чунин суханҳои беасоси шабакаҳои иғвогар бовар накунем. Зеро мақсади асосии онҳо ноором кардани вазъ дар дохили кишварамон мебошаду халос.
Саломов Д. –мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони ДДҲБСТ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев