Иқболбӣ ё номи дигараш Муҳаммадиқболи Садриддини қаллобу ифротӣ ва яке аз ашадитарин миллатситезон ва мубаллиғониифротгароии наҳзатист. Вай тайи чанд соли ахир ба парокандани дурӯғу риё дар фазои маҷозӣ машғул буда, пайваста иттилооти муғризонаро ба нашр мерасонад.
Ҳамаи матолибу гузоришҳои ин мубаллиғи наҳзатӣ пур аз туҳмату буҳтон, иғвову дасиса ва ҳарзаҳои беасос аст. Вай аз хурофоту таассуб бештар андешида наметавонад ва мисли ҳаммаслакони дигараш нисбати Тоҷикистон нафрат дорад.
Аммо сабаби асосии ин ҳама нафрату бадбиниҳои онҳо ба мардуми тоҷик маҳз аз ҳамин ҷост. Миллатдӯсту меҳанпараст ҷилва додану ба сиёсат пайвастанҳо танҳо ва танҳо ба хотири пиёда кардани ҳадафҳои нопоку амалҳои ноҷавонмардона ва инчунин, доғдор намудани арзишҳои миллии мардуми тоҷик аст, на чизи дигаре.
Ин худбохтаҳо ба хотири ба даст овардани пулу моли бедардимиён виҷдон, нангу номус ва ҷавонмардиашонро ба хоҷагони хориҷиашон фурӯхтаанд. Бинобар ин, тибқи нақшаи кашидаи хоҷагонашон амал карда, бо пахши иттилооти муғризона мардумро гумроҳ мекунанд ва бо ин амали ноҷавонмардонаи худ ба миллату меҳан хиёнатҳои зиёдеро анҷом медиҳанд.
Ва Иқболбӣ, ки мубаллиғи наҳзатист, бо боварҳои хушку холӣ ва таассубу хурофотии асримиёнагӣ ғояҳои зиддимилиашро дар дигар пойгоҳҳои иттилоотию таҳлилии наҳзатиён таҷассум мекунад.
Ҳадафи аслиаш ин аст, ки бархе аз афроди сода ва зудбоварро боз ба вартаи ҷаҳолат тела дода, зиндагии инсонии онҳоро таҳти тарсу ҳароси мазҳабӣ ва мавҳумот қарор диҳад. Ва баъд бо истифода аз боварҳои мазҳабӣ онҳоро гумроҳ намуда, ҳамчун василаи расидан ба аҳдофи палиди худ ва дӯстонаш мавриди корбурд қарор диҳад.
Агар ба даъвою худнамоӣ ва фазлфурӯшиҳои Садриддину ҳамдастонашон, ки тариқи мусоҳибаҳо, гузоришҳо ва суҳбатҳо матраҳ мегарданд, таваҷҷуҳ намоем, пай мебарем, ки ин ташкилоти ифротӣ аз решаю бунёд дар масири қутратталабӣ ҳаракат дорад ва то имрӯз орзуи барпо намудани давлати исломиро дар дил мепарварад. Қатъи назар аз он ки наҳзатиён миёни мардум ва ҷомеаи маданӣ кайҳо нуфузи худро аз даст додаанд, боз ҳам дар пайи амалӣ кардани нақшаҳои шуми худ ҳастанд.
Чунин стратегияи палиду зиддимиллии наҳзатиён бо роҳи парокандани дурӯғу риё ва ба вуҷуд овардани адоват тавасути якчанд сомонаҳояшон, махсусан “Isloh.net” ба роҳ монда шудааст. Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ҳамеша лофи ватандорӣ ва миллатдӯстӣ мезанад, дар асл як фарди бисёр риёкору дурӯғгӯест, ки манофеи Ватанро ба хотири манофеи шахсӣ ба хоҷагони хориҷиаш кайҳо фурӯхтааст.
Нодида гирифтани тамоми дастовардҳои мардуми Тоҷикистон дар давраи истиқлолият, мудом ба фазои амну ороми кишвар санги маломат партофтан ва инкор намудани арзишҳои милливу аждодӣ аз тарафи Садриддин, ифодагари хоин будани ӯ ва ҳамдастонаш аст. Чунки дар риштаҳои зеҳнии ӯ бадбинӣ ва бадхоҳӣ нисбати Ватану модари худ, ба мисли дигар наҳзатиён, ҷойгоҳи асосиро дорад. Ва ҳамин ҳис намегузорад, то хушиву хушбахтӣ ва шодиву нишоти мардуми кишварро бинад. Аз ин рӯ, рушду нумӯъ ва тараққиёту пешрафти кишвар чунин афроди худбохта ва хоинро рӯҳану ҷисман азият медиҳад. Зеро ҳадафи палиди онҳо ва хоҷагони хориҷиашон ин аст, ки миллати тоҷик дар қаъри ҷаҳолату нодонӣ умрбод боқӣ бимонанд.
Раҳими Ҳошим,
муҳаққиқ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев