Солҳои панҷоҳуми асри гузашта хадамоти истихборотии қудратҳои ҷаҳонӣ тасмими тавассути расонаҳо дар муҳитҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва идеологӣ ҷойгоҳи вижа пайдо карданро гирифта буд ва он тасмим имрӯз низ вуҷуд дорад.
Ин тасмим вобаста ба вазъу шароити нави таърихӣ ва сиёсӣ ҷиддитар шудааст, на заифтар ва мардуми кишварҳои рӯ ба инкишофро зарур аст, ки ин нуктаро бояд ҳамеша мадди назар дошта бошанд.
Ба василаи ахбори иғвоангез ва пахши иттилооти ғаразнок бедор кардани ғаризаҳои давлатбадбинӣ ва риоя накардани қонуни қоидаҳои ҷамъиятӣ яке аз ҳадафҳои стратегии расонаҳои хориҷӣ, алалухусус радиои «Озодӣ» мебошад, ки ин борҳо собит шудааст.
Шӯравиро маҳз ҳамин расонаҳои хориҷӣ бо дасти фарзандони худаш барҳам заданд. Радиои «Озодӣ» ангезаи динӣ ва мазҳабиро дар муҳитҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии қаламрави Шӯравӣ, бахусус фазои Тоҷикистон, ки зарфиятҳои маҳдуди идеологӣ ва сиёсӣ дошт таҳрик дод.
Баъди ба Истиқлоли сиёсӣ расидани Тоҷикистон нақшаи расонаҳои бурунмарзӣ, аз ҷумла «Озодӣ» тағйир хӯрд ва раванди воқеот ва пахши иттилооти баъдии ин расона нишон дод, ки ба вуҷуд овардан ва таҳрик додани тарафҳои мутақобил (манзур динмадорон ва дунявиён аст) дар шароити нави таърихӣ бар манфиати кори «сарпарастон» ё чуноне ки имрӯз муд шудааст, «хоҷагон» мебошад.
20 соли ахир “Озодӣ” ба пароканиши маводи ташаннуҷбарангез машғул буд. Расонаи хабарии “Озодӣ” ба хотири ба даст овардани иродат ва эътиқоди чанд хонандаи муғриз роҳи иғвогарию таҳрифгариро густариш дод. Ниҳоятан, аз таҳлилу баррасии радиои Озодӣ ба ҷойи он ки озодиро, ки аз баданаи демокаратия берун омадааст, ҳамаҷониба таблиғ намуда, мардумро аз хурофоту таассуб ва вайронкорӣ бираҳонад, ҷомеа ва оммаро дар маҳдудаи хурофотӣ ва тафтеагароӣ гирифтор намуда, аз ҳар ҷиҳат осебпазир месозад.
Бо назардошти манфатҳои миллӣ, мардумӣ ва давлатии тоҷику тоҷикистониён, маҳдуд кардани фаъолиятҳои густардаи Радиои Озодро дар ҳудути кишвар, ки дар чанд даҳаи охир ба машина ва дастгоҳи қудратманди парокандани иғвову дасисаи бебунёд табдил ёфтааст, амри зарурӣ ва саривақтӣ медонем
Фаррух Шоҳмуҳаммад,
муҳаққиқ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев