Як гуруҳ қочоқбарони афғон дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон 4 шаҳрванди Тоҷикистонро гаравгон гирифтаанд, то ки аз наздикони онҳо пули калон талаб кунанд.
1. Абдураҳмонов Хусрав, с.т., 16.06.2000,
2. Бозоров Асламджон, с.т. 24.04.1996,
3. Назаров Ҳусайн, с.т. 07.10.1989,
4. Ғайратзода Абубакр, с.т 28.05.2006 аз ҷониби қочоқбарони афғон бо баҳонаи сафар ба ИМА ҷалб шуданашон ба Теҳрон парвоз намуданд. Баъди расидан ба шаҳри Теҳрон қочоқбарон онҳоро қабул ва мавриди латтукуб қарор дода, аз ҳар кадом онҳо 15 000 доллари ИМА талаб намуданд.
Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар номбаршудагон озод карда шуда, бозгардонии онҳо дар рӯзҳои наздик дар назар дошта шудааст.
Мақомоти назоратӣ аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки ба эълонҳои шубҳанок дар шабакаи интернетӣ бовар накунанд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 3