Қуръони карим макоми оли ва манзалаи бузурге дорад, ва тиловати (хондани) он бехтарини зикрхо мебошад, барои хамин барои хондани он баъзе одобхо аст, ки мо бояд дар вакти тиловат риоя кунем:
1-Куръонро бо тахорат бихонад ва либосу баданаш тоза ва пок бошад инчунин дахону дандонхояшро бо мисвок ё зубной паста шуяд.
2-Хангоми тиловат бо хушуъ вафурутани ва бо гиряву зори куръон бихонад.
3-Аз руи Қуръон тиловат кардан бехтараст, нисбат аз тиловати аз хифзаш. Зеро ба Қуръон назар кардан ибодат мебошад.
4-Бо овози баланд тиловат кардан афзал аст. Зеро ин сабаби бедор шудани дил ва андеша кардан ба маъонии оёт ва дур шудани хобу хастаги мебошад.
5-Хангоми кироъати Куръон овозашро хушрукарда хушовози кунад лекин бо риояи коидахои тачвид. Аммо бериояи коидахои тачвид хушовози кардан харом мебошад.
6-Хар руз бардавом тиловат намудан агар чи ба микдори кам бошад, бехтар аст аз оне ки гохгох микдори зиёд тиловат мекунад. Дар ин бобат расулуллох (с-а) фармуданд:
من قام بعشر آيات لم يكتب من الغافلين ( حديث صحيح كمافي صحيح الجامع:6439 )
Касе ки хар руз дах оят тиловат намояд номашро ба гурухи гофил шудагон навишта намешавад.
7-Ба тарафи кибла нигох карда тиловат кунад. Ва дар охир дар хакки падару модар ва онхое ки барояш таълим доданд ва инчунин банда дуои нек кунад, зеро баъди амали кори савоб кабули дуо осонтар мегардад.
🌿 https://t.me/madrasai_hifz
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев