"Пайроҳаи завқ"-
Чунин ном дорад китоби навбатии аз ҳаёти
як бонуи наҷиб навиштаю мураттаб намудаи Расул Додхоҳи Раҳимиён.
Китоб аз зиндагиномаи аввалин ҳамшираи шавқати соҳибмаълумот, дар бахши момодоягии деҳаи Ворух Муқима Ҷӯрабоева нақл мекунад.
Ин зан ҳамчун соҳибкасб, дар ин ҷода модархонди садҳо нафар фарзандони барӯманди Ворух маҳсуб шуда, барои бо рисолат ба роҳ мондани хизматрасонии тиббию барқароркунии якумин таваллудхона, дар деҳаи баландкӯҳ саҳми босазо дошт.
Дар ин маҷмӯа шеърҳои ба модар бахшидаи эҷодкорони Ворух ва хотираҳои рангин
ба ҳамин мазмун, аз забони ҳамкорону пайвандон ва ҳамдеҳагони Муқимахон гирд оварда шудааст.
Олимҷон Эрбоев
осоишгоҳи Зумрад
шаҳри Исфара .
26 июни соли 2024 -- ӯм .
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 3