Худованди Мутаол дар ояти 6-уми сураи Ҳуҷурот фармудааст:
يَآ أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ إِن جَآءَكُمْ فَاسِقٌ بِنَبِإٍ فَتَبَيَّنُواْ أَن تُصِيبُواْ قَوْماً بِجَهَالَةٍ فَتُصْبِحُواْ عَلَى مَا فَعَلْتُمْ نَادِمِينَ
Эй касоне, ки имон овардаед! Агар фосиқе бароятон хабаре овард, пас, баррасӣ кунед, ки [мабодо] гурӯҳеро ба нодонӣ [зарар] бизанед ва аз он чи анҷом додед пушаймон шавед. (Сураи Ҳуҷурот,ояти 6).
Дар тӯли таърих, паёмбарони илоҳӣ дар байни мардуме буданд, ки ба анвои бемориҳои иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гирифтор буданд ва ҳатто имрӯз ҳам бо он ҳама пешрафтҳои муҳиме, ки дар зиндагии башар ба вуҷуд омадааст, ҳануз он бемориҳо ва албатта дар шаклҳои дигараш вуҷуд дорад. Ояти шашуми сураи Ҳуҷурот паёмҳои зиёде дорад, ки бархе аз онҳо чунин аст:
1. Пайравии кӯркӯрона аз ниёгон ва идома додани одатҳои ғалат ва одобу русуми хурофот ба гумроҳӣ меанҷомад. Агар роҳи ниёгон дар пеш гирифта мешавад, бояд аз рафторҳои зишту нописандашон дурӣ шавад ва рафторҳои хубашон интихоб карда шавад.
2. Пайравӣ аз хаёлот, шоеаҳо, пешгӯиҳо ва рӯёҳои бепоя мамнуъ аст ва сабаби афзоиши фитна ва ихтилоф дар байни мардум хоҳад шуд.
3. Доварӣ, нақд ва ҳатто ситоиши дигарон бидуни илму дониши кофӣ дар бораи он мавзӯъ мамнуъ аст; зеро сабаби шӯълавар шудани оташи фитна ва ихтилоф хоҳад шуд.
Бар асоси ин оят, расво кардани афроде, ки корашон сабаби фитнапароканӣ аст, монеъ надорад ва ҷомеаи исломӣ бояд аз тамоми талошҳояш барои решакан кардани оташи фитна ва ихтилоф истифода намояд.
Аз онҷое, ки “поёни кори насанҷида, пушаймонӣ аст”, агар мардуми мусалмон аҳли диққату баррасӣ бошанд, бисёре аз офатҳо ва балоҳои иҷтимоӣ дармон мешавад ва ҷомеаи исломӣ ҳам дар амнияту саломат хоҳад буд.
Аз Худованди Мутаол талаб мекунем, ки ба мо илму дониши саҳеҳ фармояд ва моро аз офатҳо ва бемориҳои ахлоқӣ дар амон нигаҳ дорад!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев