Ки бе ёдат наям як дам, намо ту боварам, Пунғаз.
Шараф бар зодагони ту, барои рушду ободӣ,
Сафо мебахшиву илҳом, туӣ болу парам, Пунғаз.
*******************
Зи роҳи ростӣ берун нарафтам,
Ба кӯи бадманиши дун нарафтам.
Ба номарде сарамро хам накардам,
Шудам ошиқ, паи Маҷнун нарафтам.
**********************
Эй, ки меҳмон омадӣ, аз роҳи дур,
Бӯи нони гарм ояд аз танӯр.
Навъи нон бисёр, аммо ин дигар,
Хоҳӣ лаззат, нони тоҷикон бихӯр.
************************
Ба ман ҳар рӯз нома менавиштӣ,
Ба дил аз дони ишқи худ бикиштӣ.
Вале, бе хайрухуш рафтӣ ту ногаҳ,
Маро аз дарди ҳиҷронат бикуштӣ.
*************************
Гулафшону гулафшону гулафшон,
Чу истора ду чашмонат дурахшон.
Бувад маҳтобӣ рухсори латифат,
Бувад мӯйҳои ту ҳамранги қатрон.
**************************
Мактабу беморхона , боғҳо бунёд шуд,
Роҳҳо мумфарш гашту хонаҳо обод шуд.
Сарвари давлат диду гуфт: -" Ин деҳа биҳишт,
Аз Урупо беҳтар" - аш хонду дилҳо шод шуд .
..
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 9