муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Муҳтарам (баъзе) масъулин!
Ба хотири як ... коре накунед, ки кадрҳо фирор кунанд. Дар курсии мансаб имрӯз як нафар асту пагоҳ як нафар. Оянда ҳамин ҷавононанд. Агар ҳаминҳо ҳам гурезанд пас ки мемонад.
Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир барои ҳимояи истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва ободии Ватани азизамон омода бошем.
Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, сулҳу оромӣ ва дигар арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди баору номуси миллат, аз ҷумла шумо, хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони арҷманд мебошад.
Манзалату обрӯи инсони муъмину мусулмон танҳо бо парҳезгориву порсоӣ ва нафърасон будан ба инсонҳо баланд мегардад.
Бетарафӣ, гоҳо танқиди беасос, норозигии доимӣ, эҷоди иғво дар ҷомеа ва монанди инҳо ба одати баъзеҳо табдил ёфтааст.
Маҳз забон, фарҳангу тамаддун ва расму ойинҳои миллии тоҷикон буданд, ки моро дар давраҳои вазнинтарини таърихӣ ҳифз карданд ва ба ин рӯзҳои нек расониданд.
Назоратчӣ набошем, саҳмгузор бошем. Агар кӯмак карда наметавонем, халал нарасонем.
Бо эҳтиром Самандаров Фаридун сФс ✍
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев