Тасавур кунем, кӣ ғолиби як мусобиқа шудаем ва ҷоизааш ба мо ин аст, кӣ бонк ҳар рӯз бароямон як суратҳисоб боз мекунад ва дар он 86 400 (ҳаштоду шаш ҳазору чаҳорсад) долар пул мегузаронад, вале ду шарт дорад:
- Якум шарт инаст, ки мо бояд ҳаммаи пулҳоро то охири рӯз сарф кунем, вагарна ҳарчи боқи монад аз суратҳисоб гирифта мешавад, наметавонем тақалуб кунем ва ё боқимондаи пулро ба суратҳисоби дигарон гузаронем.
- Дуввум шарт инаст, ки бонк ҳар вақте, ки бихоҳад метавонад суратҳисобамонро бибандад ва бигуяд, ки ҷоиза тамом шудааст.
Ҳаммаи мо инсонҳо ин суратҳисоби бебаҳоро бо худ дорем, ки номаш ВАҚТ аст, ин суратҳисоб бо сонияҳо пур мешавад, ҳар субҳ, ки мо аз хоб бедор мешавем 84 400 сония ба мо ҷоиза медиҳанд ва шаб, ки мехобем миқдореро, ки хуб масраф накардем, наметавонем ба рузи баъди гузаронем, чун дирӯз алакай рафт, бонк ҳарлаҳза метавонад, ки суратҳисобамонро бибандад.
Яъне ҳар лаҳза имкони ба охир расидани сонияҳои умрамон вуҷуд дорад, пас биёед ин ҳисоби бебаҳоро ба хондану навиштан, хуби кардан, Ватан-ро дӯст доштан ва амсоли инҳо гузаронем.
Бо эҳтиром Самандаров Фаридун сФс ✍️
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев