"Солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд".
"Дастоварду пешравиҳои ноилгардида, пеш аз ҳама, натиҷаи талошу заҳматҳои мардуми шарифу сарбаланди кишвар мебошанд".
"Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад".
"Ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам".
"Мо ниёз ба кадрҳо дорем, диплом зиёд, аммо мутахассиси аслӣ надорем. Майнаҳоямонро кор фармудан даркор, омӯзем, шарм кардан даркор нест. Пурсидану омӯхтан ҷойи айб нест".
"Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори калонсолон мебошанд. Ҳоло 61%-и шумораи умумии кормандон ҷавонон мебошанд. Ҷавонон 49%-и шумораи хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳанд".
"Хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад.Ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад".
"Сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад".
"Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем".
"Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил дорам".
Президенти мамлакат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Самандаров Фаридун сФс
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев