⚠️Забони Форсӣ (порсӣ) - се шоха: форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ!
⚠️Забони Форсӣ яке аз забонҳои ҳинду аврупоӣ буда мардуми ба ин забон гуфтугӯкунанда асосан дар кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Покистон, Туркия ва дигар давлатҳои ҷаҳон зиндагӣ мекунанд ва зиёда аз 225 миллион форсизабонон арзи ҳастӣ доранд ва бо ин забон муошират мекунанд!
⚠️Забони Форсӣ ганҷинае аз мазомини гаронсанг аз андешаҳои ноби инсонӣ ва ахлоқист, ки роҳҳои инсонӣ зистан на ҳамчун як забон, балки як ойини фарбеҳу хушоҳанг бар ҷоми ҷони мардумони бисёре дар паҳнаи Машриқ, чунон бодаи маърифат рехта, ки шодобии андешаҳояш, ба рағми захмҳои таърихӣ, ҳамчунон бар созҳои забонӣ ва маърифатии бисёре захма мезанад!
⚠️Забони Форсӣ ё ба қавли Ҳофизи азиз “ин қанди порсӣ”, наслҳо сина ба сина аз аҳде ба аҳде дигар сафар карда ва хушиҳо ва ғамҳо дида ва шунида ва ривоят карда то имрӯз дар ихтиёри мо қарор гирифтааст!
⚠️Забони Форсӣ - забоне, ки пас аз мусалмон шудани эрониён, дар хидмати ислом қарор гирифт, аммо тавонист ҳувияти мустақилли худро дар баробари забони идорӣ ва девонии ҳокимони таъйиншуда аз сӯи хулафои Банӣ Умайя ва Банӣ Аббос ҳифз кунад!
⚠️Забони Форсӣ як сада (аср) пеш аз лотин ва 12 сада қабл аз ангилисӣ вуҷуд дошт!
⚠️Забони Форсӣ аз назари домана ва танаввӯи вожаҳо яке аз пурмоятарин ва бузургтарин забонҳои дунёст!
⚠️Аз 10 шоири беҳтарини ҷаҳон, 5 нафари онҳо шоири форсзабон ҳастанд!
⚠️Забони Форсӣ аз ҷиҳати фарогирӣ ва вожаҳои гуногун яке аз забонҳои пурқудрат ва бузургтарин дар ҷаҳон аст. Луғати аз ҳама машҳуртарине, ки онро Деҳхудо исбот кардааст дар 18 ҷилд ҷамъ овардааст ва барои маънидод кардани ин луғатҳо боз 6 ҷилди дигар навиштааст!
⚠️Забони Форсӣ қобилияти сохтани 225 миллион калимаро дорад, ки ҳатто бо забонӣ англисӣ ҳам ин қадар калимаро сохтан намешавад!
⚠️Забони Форсӣ 13-ум забони бисёристифодашаванда дар интернет аст!
⚠️Забони Форсӣ, ки тамоми хусусиятҳои забони классикиро дар худ дорад пас аз забони юнонӣ дар ҷои дуввум меистад, ҳатто забонҳои лотинӣ ва санскрит дар хатҳои сеюм ва чорум мебошанд!
⚠️Бо забонӣ Форсӣ дар 29 кишвари дунё ҳарф мезанад, пас аз Испанӣ ва Немисӣ ҷои шашумро мегирад!
⚠️Забони Форсӣ - забони расми фармонравоӣҳои Эронӣ ва забони миллӣ мардумӣ Эрон дар дарозои ҳазорон сол будааст!
⚠️Забони Форсӣ бо далел аз эртибот бо дигар миллатҳо, вожагон ва мафҳуми зиёде ба забонҳои гуногуни ҷаҳон роҳ ёфта аст. Аз забони Юнонӣ Бостон бигиред ё забони Араби ва Турки ва Англиси дар ҳама ин забонҳо вожагони Форсӣ бешуморанд!
⚠️Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо, ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ,
Лафзи шеъру дилбарӣ гӯӣ варо, ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ.
Баҳри ман танҳо забони модарист, ҳамчу шири модар аст,
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест, чунки меҳри модар аст.
З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам дӯст медорам варо,
Чун навозишҳои гарми модарам дӯст медорам варо!
✍️Муъмин Қаноат.
⚠️Забони Форсӣ - шашумин забони ҷаҳон аст!
⚠️Забони Форсӣ - дуввумин забони классикӣ дар ҷаҳон аст!
⚠️Забони Форсӣ -дуввумин дини ислом аст!
⚠️Забони Форсӣ - дувумин забони осмон аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони илму фарҳанг аст!
⚠️Забони Форсӣ - дорои адабиёти ғанӣ аст!
⚠️Забони Форсӣ - решаҳои қадима дорад!
⚠️Забони Форсӣ - забони саҳобагони Салмони Форсӣ!
⚠️Забони Форсӣ - забони Имом Абӯҳанифа!
⚠️Забони Форсӣ - забони Имоми Бухорӣ!
⚠️Забони Форсӣ - забони Имом Тирмизӣ!
⚠️Забони Форсӣ - забони Имом Абу Довуд!
⚠️Забони Форсӣ - забони Имом Нисоӣ!
⚠️Забони Форсӣ - забони Ҳасани Ибни Шуҷаъи Балхӣ!
⚠️Забони Форсӣ - забони Ҷаъфар ибни Муҳаммад ал-Форёбӣ!
⚠️Забони Форсӣ - забони Имом Абу Лайс Самарқандӣ!
⚠️Забони Форсӣ - забони Мавлонои Балхист!
⚠️Забони Форсӣ- забони Амир Хусрави Деҳлавӣ!
⚠️Забони Форсӣ - забони Ханзалаи Бадғисӣ!
⚠️Забони Форсӣ - забони Абдураҳмони Ҷомӣ!
⚠️Забони Форсӣ - забони ҳазрати Бедили Деҳлавӣ аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Носир Хусрави Балхӣ!
⚠️Забони Форсӣ - забони Умари Хайём Нишопурӣ аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Шайх Аттор Нишопурӣ аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Шамси Табрезӣ аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Саъдии Шерозӣ аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони лисон ул ғайб Ҳофизи Шерозӣ аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Ғазнавиён аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони ибтидоии Балхист!
⚠️Забони Форсӣ - забони Дақиқиӣ Балхист!
⚠️Забони Форсӣ - забони Робияи Балхӣ аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Махфии бадахшист!
⚠️Забони Форсӣ - забони Халилуллоҳи Халилӣ аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Абдулқодири Ҷелонӣ аст.
⚠️Забони Форсӣ - забони Асадуллоҳи Гургонӣ аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Рустам ва Сӯҳроб аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Куруши Кабир аст.
⚠️Забони Форсӣ - забони Дориюши Кабир аст!
⚠️Забони Форсӣ -забони Аҳмадшоҳи Файёз аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Фпридун аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони лаҳҷаи суғдӣ аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Афросиёб аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Кайковус аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Каюмарси Атоист!
⚠️Забони Форсӣ - забони Кайхусрав аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Абӯмуслими Хуросонӣ аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Шоҳ Исмоили Сомонӣ аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Султон Маҳмуди Ғазнавӣ аст!
⚠️Забони форсӣ зпбони Ёқуб ибни Лайти Саффорӣ аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Нодиршоҳи Афшор аст!
⚠️Забони Форсӣ Забони Тоҳири Фушинҷӣ аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Иқбол Муҳаммади Лоҳурӣ аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Тахминаи маликаи Самангон аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ Ҳиравӣ аст.
⚠️Забони Форсӣ - Забони Панҷшерӣ аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Абӯалӣ Ибн Сино - падари табибон ва файласуфони ҷаҳон аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Мавлоно Румии Балхист, ки имрӯз бидуни тӯпу танк мамолики Ғарбу Шарқи ҷаҳонро забт кардааст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Абулқосими Фирдавсии бузург, ки таърихи Хуросон ва ориёни қадимро бо номи Шоҳномаи Фирдавсӣ навиштааст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Саъдии Шерозӣ, ки шеъраш дар пешгоҳи Созмони Милали Муттаҳид навишта шудааст:
➡️Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд...!
⚠️Забони Форсӣ забони Империяи Ҳахоманишин аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони империяи Парфиён аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони империяи Киён аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Империяи Кушониён аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Империяи Сосониён аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Империяи Тахориён аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Империяи Саффориён аст!
⚠️Забони Форсӣ забони Империяи Сомониён аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Империяи Ғазнавиён аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони империяи Ғӯриён аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони империяи Бармакиён аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони империяи Крит аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Империяи Салҷуқиён аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони империяи Хоразмшоҳиён аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Империяи Темуриён аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони империяи Бабрия аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Империяи Сафавиён аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони Империяи Ҳоткиён аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони империяи Ашрафиён аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони империяи Дурронист!
⚠️Забони Форсӣ - забони қадимаи ориёист!
⚠️Забони Форсӣ - забони Хуросони қадим аст!
⚠️Забони Форсӣ - забони аҳли ҷаннат аст!
⚠️Форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ як забон аст. Форсӣ дар Эрон, дарӣ дар Афғонистон, тоҷикӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дар Самарқанду Бухорову Тирмиз лаҳҷаҳои мутофовит аз як забон ҳастанд. Илова бар ин, инҳо лаҳҷаҳои умдае мебошанд, ки ҳар кадоме даҳҳо лаҳҷаи фаръӣ доранд. Барои мисол, лаҳҷаи Ғур аз Кобул, Хуҷанд аз Душанбе, Исфаҳон аз Теҳрон бисёр фарқ мекунад, аммо реша як аст!
✍️Саид Махдуми Раҳин
⚠️Мактабам Иқболу Бедил, дарси ман Фирдавсӣ аст,
Такягоҳам ҳазрати Саъдӣ, вуҷудам порсист!
Зодгоҳам Марву Теҳрону Душанбе - хонаам,
Лаҳҷаам дурри дарӣ, гуфту шунудам порсист!
Раҳнамоям Буъалӣ, торихи ман Шаҳнома аст,
Лаҳну савту чомаву назму сурудам порсист!
Ҳафт аврангаш ғурурам, ифтихорам Ганҷавӣ,
Моҳу рӯзу субҳу шому деру зудам порсист!
Бӯйи ҷӯйи Мӯлиёнашро зи нойу най шунав,
Тору танбуру рубобу чангу ъудам порсист!
⚠️Забони дарӣ, яъне забони имрӯзи мо дар ҳамон навоҳии Осиёи Миёна, ки қисмати умдаи он имрӯз ҷузви Тоҷикистон аст, нахуст падидор шуда...сипас ба мағриб ва шимоли Эрон, ки забонаш дар давраи пеш аз ислом забони паҳлавӣ будааст, рафта ва забони саросари Эрон шудааст. Аз ин рӯ, тоҷикон ҳамзабон ва ҳамнажоди мо ҳастанд ва ҳеҷ бегонагӣ ба мо надоранд. Амсол дар ҳар забон ба манзалаи намак дар таом аст. Шоире, ки амсоли забони хешро накӯтар донад, дар дилҳои мардуми диёри хеш бештар роҳ ёбад. Рӯдакиро дар донистани амсоли забони форсӣ мақомест, ки камтар шуаро бад-он расидаанд, дар ин шумораи қалил ашъоре, ки аз ӯ мондааст, иддаи касир ва амсоли забони форсиро метавон ёфт!
✍️Саид Нафисӣ.
⚠️В-гар ҳоҳӣ, ки шеъре хуб хонӣ,
Забони порсӣ бояд бидонӣ!
✍️Александр Пушкин.
⚠️Забони имрӯзаи тоҷикӣ аз забонҳои ғарбӣ -эронӣ мебошад. Ба ақидаи забоншиносон асоси он лаҳҷаи ҷанубу ғарбии форс аст, ки он баъдтар ба тарафи шимол ва шимолу шарқ паҳн шуда, бисёр унсурҳои забонҳои гурӯҳи шимолу ғарбӣ, аз ҷумла унсурҳои забони порсиро ҳазм менамояд. Навиштаҷоти форсӣ асрҳои VII-VIII ки дар қарибии Марв ёфт шуд, равшан далолат мекунад, ки дар ин давра дар ин ҷойҳо бо забони форсӣ - тоҷикӣ, ки онро забони форсӣ-дарӣ ё худ забони форсӣ ҳам номидаанд, ҳарф мезаданд!
✍️Бобоҷон Ғафуров.
⚠️Дарӣ, гӯям дарӣ они ман аст.
Форсӣ асли ниёгони ман аст!
⚠️Ба забони худ ишқ биварзед ва забони дигаронро эҳтиром кунед!
✍️Ю. Ахмедова.
⚠️Забон ин фарҳанг ва таърихи ҳар як миллат ва давлат аст ва мову шумо тоҷикон ва Тоҷикистониён бояд ба қадри забони худ бирасем!
✍ Самандаров Фаридун сФс
⚠️Ин ҳама аз сомонаҳои Интернетӣ...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев