✏️ Роҳҳои кӯчаки зиёде вуҷуд доранд, то дунёи фарзанди шумо бузург шавад. Ишқ ба китоб беҳтарини ин роҳҳост.
(Жоклин Кенедӣ)
✏️ Маҷбур нестед барои аз байн бурдани як фарҳанг китобҳоро бисӯзонед. Фақат коре кунед, ки мардум онҳоро нахонанд.
(Рей Бредберӣ)
✏️ Хушбахт касе аст, ки ба ин ду чиз дастрасӣ дорад: ё китобҳои хуб ва ё дӯстоне, ки аҳли китоб бошанд.
(Виктор Ҳюго)
✏️ Қабл аз сӯҳбат кардан фикр кунед ва қабл аз фикр кардан мутолиа.
(Фран Либовитз)
✏️ Нигоҳе ба як китоб меандозӣ ва садое аз шахси дигаре мешунавӣ. Шахсе, ки шояд 1000 сол аст, ки мурдааст. Китоб хондан сафар аз тариқи замон аст.
(Карл Саган)
✏️ Саҳифаҳои китоб ба монанди болҳое ҳастанд, ки рӯҳи моро ба олами нур ва рӯшноӣ парвоз медиҳанд.
(Вилтр)
✏️ Китоб ҳамнишинест, ки туро хаста ва хавотир намегардонад. Дӯстест, ки туро фиреб намедиҳад. Рафиқест, ки ба ту озор намерасонад.
(Шекспир)
✏️ Хондан тори анкабутҳои зеҳнро пок мекунад. Қудрати тафаккурро тақвият медиҳад. Моҳичаҳои мағзро варзида мегардонад. Қудрати таҳаммулро барои ҳақиқатҳои талх ва роҳҳои ҷадид боло мебарад. Хондан бузург шуданро ҷойгузини пир шудан мекунад.
(Чарлз Суиндл)
✏️ Китобҳо беҳтарин дӯст барои ҳамнишинӣ, беҳтарин мушовир дар замони тардид, беҳтарин оромбахши даврони афсурдагӣ, беҳтарин саргармии даврони бознишастагӣ, мутмаин тарин маводи дорӯӣ барои барои хастагӣ, беҳтарин варзиш барои зеҳн, зеботарин боғи табиат ва замини борвар барои бақои абадӣ ҳастанд.
(Болструд Войт Лок)
✏️ Дар поёни ҳар рӯз дубора итминон меёбам, ки хондан бузургтарин маҳорате аст, ки омӯхтаам. Китобҳо зеҳни маро ҳушёртар ва дарки маро аз ҳақиқат васеътар кардаанд. Аз ҳама муҳимтар он ки ба зиндагии ман аҳдофи бузург бахшидаанд.
(Адам В
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1